• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Ренусонси исломӣ

June 10, 2025
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Ренусонси исломӣ

Ренусонси исломӣ

0
SHARES
5
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ренусонси исломӣ

Иқбол ва ренусонси исломӣ – 2

Парасту Кулоҳдуз, Ҳамиди Обидӣ

Бахши дуввум

Ренусонс ба маънои таҷдиди ҳаёт аст, ки мақсуд аз он, таҳаввули азими фарҳангӣ ва шукуфоии илм аст, ки дар охирҳои қарни 14-уми мелодӣ оғоз шуд. Маншаи аввалияи он Итолиёи шимолӣ буд ва дар қарни 15-ум ва 16-уми мелодӣ ба суръат густариш ёфт. Бо асри ренусонс ва шукӯфоии илм, ҷаҳони Ғарб аз хоби ҳазорсола бедор шуд ва ҷаҳонбинии хоссе пайдо кард, ки дар бисёре аз ҷиҳот бо ҷаҳонбинии қуруни вусто мутафовит буд.

Вожаи «ренусонс» аз забони фаронса ба даврони ҷадид итлоқ шудааст, ки маънои он таваллуде дубора аст; зеро касоне ки даврони ренусонсро падид оварданд, ба ин гумон буданд, ки асри онҳо бо қуруни вусто ҳеч иртиботе надорад ва ба даврони Юнон ва Руми бостон муртабит аст; чаро ки ба гумони онон, инсон фақат дар дунёи бостон иқдомот ва муваффақиятҳои бузургро офарида ва таҷриба кардааст. Дар воқеъ ренусонс низ бар сари он буд, то бо навзоии фарҳанги Юнон ва Рум имкони пешрафт ва пирӯзиҳои бузургро дигарбора барои башар фароҳам кунад.

 

Иқбол осори фаровоне ба назму наср дорад, ки бештарин паёми вай дар нигоштаҳояш, дамидани руҳи озодагӣ дар миллатҳои мусалмони ҷаҳон аст. Китоби «Эҳёи фикри динӣ дар ислом«-и ӯ дар воқеъ дарбардорандаи назариёти ислоҳандешонаи вай шумурда мешавад, ки дар он ренусонси исломӣ ташреҳ мешавад.

Иқбол дар осори худ, ба нақду баррасии суннати мудернитаи Ғарб мепардозад ва кашфи муҳимми худро «фалсафаи худӣ» медонад, ки дар он мусалмононро ба шинохтани хештан, пешрафт ва рокид намондан даъват мекунад ва ҳадафаш, водоштани онон ба қудрат ва тавоноӣ ва ҳифзи ҳувият ва шахсияти мусалмонӣ аст.

Ренусонси ғарбӣ

Ренусонс ба маънои таҷдиди ҳаёт аст, ки мақсуд аз он, таҳаввули азими фарҳангӣ ва шукуфоии илм аст, ки дар охирҳои қарни 14-уми мелодӣ оғоз шуд. Маншаи аввалияи он Итолиёи шимолӣ буд ва дар қарни 15-ум ва 16-уми мелодӣ ба суръат густариш ёфт. Бо асри ренусонс ва шукӯфоии илм, ҷаҳони Ғарб аз хоби ҳазорсола бедор шуд ва ҷаҳонбинии хоссе пайдо кард, ки дар бисёре аз ҷиҳот бо ҷаҳонбинии қуруни вусто мутафовит буд.

Вожаи «ренусонс» аз забони фаронса ба даврони ҷадид итлоқ шудааст, ки маънои он таваллуде дубора аст; зеро касоне ки даврони ренусонсро падид оварданд, ба ин гумон буданд, ки асри онҳо бо қуруни вусто ҳеч иртиботе надорад ва ба даврони Юнон ва Руми бостон муртабит аст; чаро ки ба гумони онон, инсон фақат дар дунёи бостон иқдомот ва муваффақиятҳои бузургро офарида ва таҷриба кардааст. Дар воқеъ ренусонс низ бар сари он буд, то бо навзоии фарҳанги Юнон ва Рум имкони пешрафт ва пирӯзиҳои бузургро дигарбора барои башар фароҳам кунад.

Бертронд Росел, файласуфи машҳур, ду тафовути умдаи асри ҷадид бо қуруни вусторо чунин баён мекунад: «… аз тафовутҳои дуто: коҳиши ҳокимияти калисо ва афзоиши қудрати илм аст.»

Таъйини замони дақиқи оғози ренусонс, таъйини авомил ва касоне, ки боиси ба вуҷуд омадани ренусонс шуданд, коре аст мушкил ва мӯҳтоҷи баҳсе муфассал. Авомиле аз қабили шикасти султаи калисо, навъи нигоҳи инсон ба Худо, табиат ва худаш, нерӯҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорат, афзунии сарват, кашфи қутбнамо, кашфи силоҳи гарм ва аз ҳама муҳимтар, санъати чоп ва интишори рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо, ҳамагӣ раванди ҷадидро тасреъ карданд. Кашфи Омрико ва роҳ ёфтан ба Осиё ва Ҳиндустон низ, илова бар ин ки маълумоти ҷуғрофиёиро густариш дод, майдони васеъе барои ҷавалони урупоиён фароҳам кард ва ҷунбу ҷӯши хоссе дар онҳо ба роҳ андохт.

Бархе донишмандон яке аз авомили муассири бедории урупоиёнро ҷангҳои салибӣ медонанд. Агарчи ин ҷангҳо байни мусалмонон ва масеҳиён ҳудуди 200 сол тӯл кашид ва саранҷом бо шикасти масеҳиён ҳамроҳ буд, натоиҷ ва паёмадҳои бузурге барои масеҳиён ба ҳамроҳ дошт, ки муҳимтарини онҳо, ошноӣ бо улум ва маорифи машриқзамин ва фарҳангу тамаддуни исломӣ ва баргирифтани он буд.

Ренусонси исломӣ

Яке аз мабоҳиси асосӣ, ки метавонад дар баҳси эҳёгарӣ раҳгушо бошад, тафкики ренусонси исломӣ аз ренусонси ғарбӣ аст. Ренусонси исломӣ (ё эҳёгарии динӣ) яъне зудудани ғубори хурофа ва бидъат ва таҳриф аз чеҳраи дин ва пиростани он аз ҳар гуна зоидаҳо ва пардохтан ба сарчашмаҳои мағфули дин. Бо ин таъриф, ислоҳгари динӣ касе аст, ки дар арсаи эҳёгарии динӣ бо ду ташхиси муҳим рӯ ба рӯст: дарду дармон. Бад-ин тартиб, асоси кори ӯро метавон дар дардшиносӣ ва дармонгарӣ хулоса кард.

Бисёре аз рӯшанфикрони динӣ ва муслиҳони иҷтимоии мусалмон аз дардҳои динӣ сухан гуфтаанд ва эҳёгарии онҳо низ дар пайи ҳадафи дармон будааст. Аз ҷумлаи онҳо, Иқболи Лоҳурӣ аст, ки мӯътақид буд тафаккури исломӣ 500 сол аст, ки дучори рукуд шуда ва барои эҳёи он иҷтиҳодро таҷвиз мекард.

Андешмандони бузурге аз адён ва мазоҳиби мухталифи ҷаҳонро метавон ном бурд, ки барномаи ислоҳ ва эҳёи диниро сарлавҳаи аҳдофи хеш қарор додаанд, аммо дар байни онҳо касоне низ будаанд, ки ба ин баҳона дар ҷиҳати тахриби дин ва гумроҳ кардани диндорон қадам бардоштаанд. Ба гуфтаи устод Мутаҳҳарӣ, «бадеҳӣ аст, ки ҷунбишҳое, ки доияи ислоҳ доштаанд, яксон набудаанд. Бархе доияи ислоҳ дошта ва воқеан ҳам муслиҳ буданд. Бархе баръакс, ислоҳро баҳона қарор дода ва ифсод кардаанд. Бархе дигар ҳам дар оғоз ҷанбаи ислоҳӣ дошта ва саранҷом аз масири ислоҳӣ мунҳариф шудаанд.»

Баҳси ренусонси исломӣ падидае навзуҳур нест ва дар торихи ҳаёти мусалмонон пешинае тӯлонӣ дорад; ба гунае ки ҷараёни эҳёгарӣ бахше аз фарҳанги динӣ ва дағдағаи мазҳабии мусалмонон шудааст ва на танҳо ҷаҳони ислом, балки ҳамаи адёни бузург ин ҷараёни ислоҳиро то ҳудуде дар торихи хеш таҷриба кардаанд. Дар ҳавзаи фарҳанги исломӣ, масодиқи чунин ҳаракатеро дар давраҳои наздик ба ҳаёти Паёмбар (с) метавон ёфт. Дар гузоришҳои муҳаддисон ва муаррихони садаҳои нахустини ислом, перомуни амалкарди баъзе аз халифаҳо дар боби мирондани суннати Паёмбар аз сӯи эшон ва зарурати эҳёи он сухан ба миён омадааст, ба унвони намуна, Имом Ҳусайн (а) ҳадаф аз қиёми хешро «эҳёи суннати набавӣ» эълом медорад.

Қуруни аввал ва дуввуми ҳиҷрӣ, даврони боландагии улуми динӣ ва шаклгирии донишҳои асили исломӣ монанди тафсир ва ҳадис буд, вале дар қарни севвум — пас аз он, ки донишҳои ғайридинӣ низ дар миёни мусалмонон ривоҷ ёфт ва аз сӯи дигар олимони мусалмон дар маърази рӯёрӯӣ бо андешаҳои роиҷ дар сарзаминҳои тозафатҳшуда қарор гирифтанд — навъе ҳаракати суннатгароӣ ва нигориш ва парокандани китобҳо ва рисолаҳое бо унвони суннат шакл гирифт, ки бештари онҳо дар бораи зинда нигоҳ доштани суннати Паёмбар (с) ва дур доштани омӯзаҳои холиси динӣ аз офати омехтан бо андешаҳо ва бардоштҳои ғайри динӣ буд.

Дар қарни панҷум Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р) китоби «Эҳёи улуми дин«-ро нигошт ва ошкоро аз зинда кардани донишҳои динӣ сухан гуфт. Дар ҳамин даврон, ҷунбиши «Муробитун» ва «Муваҳҳидун» дар ғарби ҷаҳони исломи он рӯз, дар вокуниш ба суибардоштҳои динӣ дар он минтақа ва бо ҳадафи эҳёгарии динӣ, сурат пазируфт.

Дар қарни ҳафтум Ибни Таймия низ, ки ҳамалоти худро мутаваҷҷеҳи андешаҳои шиъӣ карда буд, зоҳиран чунин ҳадаферо дунбол мекард. Бо таъсирпазирӣ аз андешаҳои Ибни Таймия, зуҳури ҷунбиши Салафия, ки аз муассиртарин ҳаракатҳои фикрии муосири ҷаҳони араб ба шумор меравад қобили мулоҳиза аст, ки зинда нигоҳ доштани суннати Паёмбар (с) ва бозгашт ва суннати салаф-ро шиори худ қарор дод ва ҳаракати қишрии ваҳҳобият низ дар ҳамин росто аст.

Ин тафаккур аз нимаи дуввуми қарни 19-ум ва аввалҳои қарни 20-уми мелодӣ то даврони ҷанги ҷаҳонии аввал, андешаи ғолиб бар ҷараёнҳои фикрӣ-сиёсии мусалмонон шуд ва таъсири зиёде дар ҳаёти фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷаҳони ислом барҷо гузошт ва аз ибтидои зуҳури даъват ва ҷунбиши Ваҳҳобият дар Арабистон дар қарни 18-уми мелодӣ, умқ ва ғинои хоссе гирифт ва андеша ва амали бисёре аз мусалмононро таҳти таъсири худ қарор дод.

Дар пайи таҳаввулоте, ки дар Ғарб оғоз шуд ва рушди моддии Ғарб ва сайтараи он бар Шарқро ба дунбол дошт, тағйироти жарфе дар ҳамаи абъоди зиндагии шарқиҳо ба вижа шарқи мусалмон падид омад ва ба тадриҷ шубҳаи нокоромадии дин, ки ибтидо дар Ғарб эҷод шуда буд, ба Шарқ низ роҳ ёфт. Он даста аз андешмандони динбовар ва дардманд, ки ба чунин доварие дар бораи дин розӣ набуданд ва дар айни ҳол тафсири мавҷуд аз динро нокоромад медонистанд, гунае асолатгароиро матраҳ сохтанд ва сухан аз зиндасозии андешаи динӣ ба миён оварданд. Пешфарзи ҳамаи онҳо ин буд, ки дин ҷавҳарае зинда ва пӯё дорад ва акнун, ки зангорҳое шаффофияти ин ойинаро ниҳон кардааст, бояд бо зудудани онҳо, бори дигар дини коромадро ҳаёт бахшид.

Торихи эҳёгарии динӣ дар асри мудерн ба ду бахш тақсим мешавад: бахши аввали эҳёгарӣ дар ин даврон шомили кӯшиши эҳёгарон ва муслиҳон барои созгор кардани дин бо дунёи ҷадид мешавад. Талоши умдаи олимони ин замон он буда, ки ба навъе динро бо арзишҳои ҷадид мунтабиқ кунанд; аз ин рӯ, дар таъомули дин ва мудернита он чи асл фарз мешуд мудернита буд. Мабоҳисе чун «мутаҷаддид кардани ислом» намунае аз ин талошҳост. Ин навъ эҳёгариро метавон дар даҳаи 6-уми қарни 20-ум шоҳид буд. Пас аз он андак андак ин ҷараён маъкус мешавад ва дар бахши дуввум, талоши эҳёгарони дигар барои мунтабиқ кардани дин бо арзишҳои дунявӣ нест, балки ҳадафи онҳо ироаи муҷаддади дин ба созмони иҷтимоии инсонҳост; аз ин рӯ, мабоҳисе чун «исломӣ кардани таҷаддуд» ҷойи мабоҳиси пешин менишинад.

Бар асоси ин рӯйкарди ҷадид, дар воқеъ ҷаҳони мудерн аст, ки бояд ҷанбаи динӣ ба худ бигирад. Дар ин даврон барои олими динии эҳёгар мудернита дигар меҳварият надорад, балки талоши ин ҷараён он аст, ки ислом ба беҳтарин кайфият дар шаклгирии ҷаҳони мудерн ҳузур ёбад ва ҷаҳоне мутаносиб бо ангораҳои динӣ шакл диҳад. Ин дин нест, ки бояд аз нав тафсир шавад, балки ҷаҳони мудерн аст, ки бояд аз нав сохта шавад. Эҳёгари динии ин даврон талош мекунад то он бахше аз динро барҷаста созад, ки тавоноии дахолат ва тасарруф дар ҷаҳони мудернро дорад ва фиқҳ танҳо қисмате аз дин аст, ки доияи дахолат дар зиндагии иҷтимоии инсонҳоро дорад. Дар ин миён низ «иҷтиҳод» василае аст, ки фуқаҳои мусалмонро дар ин амр тавоно месозад. «Дар интибоқи аҳком бо масодиқи ҷадид, ин иҷтиҳод аст, ки нақши аслиро бозӣ мекунад. Вазифаи фақеҳ ин аст, ки бидуни инҳироф аз усули куллӣ, масоили ҷузъӣ ва мутағаййир ва тобеи гузашти замонро бараасӣ кунад ва бар асоси ҳамон аҳком ва чаҳорчӯби аслӣ, ки тавассути ваҳй арза шудааст, аҳкоми муносибро содир кунад.» (Муртазо Мутаҳҳарӣ).

Идома дорад…

Тоҷнек

Source: Ренусонси исломӣ
Via: Ренусонси исломӣ
Tags: Ренусонси исломӣ
Previous Post

Достони ҳузнангези як хонаводаи тоҷик

Next Post

Чаро ғамгин бошам?

Related Posts

Муҳаммад
Мавзӯоти доғ

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025
Қиматӣ дар шаҳри Мадина
Ниёгони гузаштаи мо

Қиматӣ дар шаҳри Мадина

June 10, 2025
Интиқоди Аҳмади Дониш аз шеваи аблаҳонаи амири Бухоро
Ниёгони гузаштаи мо

Интиқоди Аҳмади Дониш аз шеваи аблаҳонаи амири Бухоро

June 10, 2025
Аҳмади-Дониш
Ниёгони гузаштаи мо

Аҳмади Дониш – Ҳакими Бухоро

June 10, 2025
Муҳаммад
Ниёгони гузаштаи мо

Аз ахлоқи Расули Худо(с) пайравӣ кунем

June 10, 2025
Фотима Заҳро дар ашъори Иқболи Лоҳурӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Иқболи Лоҳурӣ ва сайри рӯшанфикрии динӣ

June 10, 2025
Next Post
Чаро ғамнок бошам?

Чаро ғамгин бошам?

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҷамъоварии ҳезум

Ҷамъоварии ҳезум

June 10, 2025
Муҳаммад

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025

Recent News

Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҷамъоварии ҳезум

Ҷамъоварии ҳезум

June 10, 2025
Муҳаммад

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved