Аҳмад Таййиб ҳамалоти Исроилро башиддат маҳкум кард
Ахбори байналмилал
Шайхи Азҳар ҳамалоти Исроил ба Эронро маҳкум кард
Аҳмад Таййиб дар баёнияе ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Эронро маҳкум кард ва арбадакашии ин режимро боиси густариши ҷанг дар тамоми минтақа донист.
Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср бо судури байнияе эълом кард, ки истимрори таҷовузи Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва таҷовузҳои равишманд ва арбадакашии ин режим барои ба инфиҷор кашондани минтақаро ба шиддат маҳкум мекунад.
Дар баёнияи Аҳмад Таййиб шайхи Азҳар омадааст:
Исроил ба дунболи эҷоди ҷанги фарогир дар минтақа аст, ки ғайр аз тоҷирони хуну силоҳ, касе барандаи ин ҷанг нахоҳад буд.
Донишгоҳи Ал-Азҳар дар баёния сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ин ҷиноят ва адами таваққуфи ин ҷиноятҳоро мушорикат бо ин ҷиноят донист ва таъкид кард, ки ин раванд ҳеҷ натиҷае ғайр аз таҳдиди амнияти тамоми ҷаҳон нахоҳад дошт, чаро ки ҳаргиз ҷанг наметавонад сулҳро дар кишварҳо эҷод кунад.
Тоҷнек