Коршиноси исроилӣ: Ҷанг фарсоишӣ хоҳад буд
Байналмилал
Юси Милман, коршиноси умури амниятии Исроил мегӯяд: Ҳадди ақал 15 мушак ахиран аз Эрон ба самти Исроил партоб шудааст. Ин нишон медиҳад, қудрати мушакии Эрон заиф нашудааст.
Вай изофа кард: Эрониҳо ҳамчунон теъдоди зиёде лончерҳои собит ва ғайрисобит доранд. Ин дар ҳолест, ки артиши Исроил эълом кард, теъдоди зиёде аз онҳоро нобуд кардааст.
Милман гуфт: Мушакҳои партобшуда аз самти Эрон мушакҳои болистики сангин ҳастанд. Бархе аз ин мушакҳо сарҳои ҷангии сангине доранд. Ин як ҷанг дар ҳақиқат як ҷанги фарсоишӣ хоҳад буд.
Тоҷнек