Озодии канизе ба ивази як даста гул
Сабки зиндагӣ
Канизе назди Имом Ҳусейн(а) омад ва як даста гул ба ӯ тақдим кард. Имом(а) фармуд:
Туро ба хотири Худо озод кардам.
Аз Имом пурсиданд: Як даста гул баҳое надорад. Чӣ гуна ӯро озод мекунед?
Имом фармуд: Худованд моро ин гуна тарбият кардааст: Ҳар гоҳ мавриди таҳияте қарор гирифтед, беҳтар аз он таҳият кунед, ё ҳамон гуна посух диҳед. (Сураи Нисо, ояти 86). Ва беҳтар аз он таҳияте, ки ӯ ба ман дошт, озодии ӯст.
Тоҷнек