• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ва Баҳлул

July 5, 2025
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Достонҳои омӯзанда

Истгоҳи садоқат

0
SHARES
11
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ва Баҳлул

Достонҳои омӯзанда

Овардаанд, ки Шайх Ҷунайди Бағдодӣ (аз урафои машҳури исломӣ) ба азми сайр аз шаҳри Бағдод берун рафт ва муридон аз ақиби ӯ. Шайх аз муридон аҳволи Баҳлулро пурсид.

Гуфтанд: Ӯ марде девона аст.

Гуфт: Ӯро талаб кунед, ки маро бо ӯ кор аст. Пас тафаҳҳус карданд ва ӯро дар саҳрое ёфтанд.

Шайх пеши ӯ рафт ва салом кард.

Баҳлул ҷавоби саломи ӯро дод ва пурсид: Чӣ касе ҳастӣ?

Арз кард: Манам Шайх Ҷунайди Бағдодӣ!

Фармуд: Тӯӣ Шайхи Бағдод, ки мардумро иршод мекунад?!

Арз кард: Оре!

Баҳлул фармуд: Таом чӣ гуна мехӯрӣ?

Арз кард: аввал “Бисмиллоҳ” мегӯям ва аз пеши худ мехӯрам ва луқма кучак бармедорам, ба тарафи рости даҳон мегузорам ва оҳиста меҷавам ва ба дигарон назар намекунам ва дар мавқеи хӯрдан аз ёди Ҳақ ғофил намешавам ва ҳар луқмае, ки мехӯрам, “Бисмиллоҳ” мегӯям ва дар аввал ва охир даст мешӯям.

Баҳлул бархост ва доман бар Шайх фишонд ва фармуд: Ту мехоҳӣ, ки муршиди халқ бошӣ, дар сурате ки ҳанӯз таом хӯрдани худро намедонӣ. Ва ба роҳи худ рафт.

Муридон Шайхро гуфтанд: Ё Шайх! Ин мард девона аст.

Шайх Ҷунайд гуфт: Сухани ростро аз девона бояд шунид. Ва аз ақиби Баҳлул равон шуд, то ба ӯ расид.

Баҳлул пурсид: Чӣ касе ҳастӣ?

Шайх Ҷунайд ҷавоб дод: Шайхи Бағдодӣ, ки таом хӯрдани худро намедонад.

Баҳлул фармуд: Оё сухан гуфтани худро медонӣ?

Арз кард: Оре!

Баҳлул пурсид: Чӣ гуна сухан мегӯӣ?

Арз кард: Сухан ба миқдор мегӯям ва бе ҳисоб намегӯям ва ба қадри фаҳми мустамион мегӯям ва халқро ба Худо ва Расул (с) даъват мекунам ва чандон сухан намегӯям, ки мардум аз ман малул шаванд ва дақоиқи улуми зоҳир ва ботинро риъоят мекунам… Хулоса, ҳар чӣ тааллуқ ба одоби калом дошт, баён кард.

Баҳлул гуфт: Гузашта аз таом хӯрдан, сухан гуфтанро ҳам намедонӣ.

Пас бархост ва доман бар Шайх афшонд ва бирафт.

Муридон гуфтанд: Ё Шайх! Дидӣ ин мард девона аст? Ту аз девона чӣ таваққӯъ дорӣ?

Шайх Ҷунайд гуфт: Маро бо ӯ кор аст. Шумо намедонед.

Боз ба дунболи ӯ рафт, то ба ӯ расид.

Баҳлул гуфт: Аз ман чӣ мехоҳӣ? Ту, ки одоби таом хӯрдан ва сухан гуфтани худро намедонӣ, оё одоби хобидани худро медонӣ?

Арз кард: Оре!

Баҳлул фармуд: Чӣ гуна мехобӣ?

Арз кард: Чун аз намози ишоъ (хуфтан) фориғ шудам, дохили ҷомаи хоб мешавам… Пас он чӣ одоби хобидан, ки аз ҳазрати Расул (с) расида буд, баён кард.

Баҳлул гуфт: Фаҳмидам, ки одоби хобиданро ҳам намедонӣ. Хост бархезад, ки Шайх Ҷунайд доманашро бигирифт ва гуфт: Эй Баҳлул! Ман ҳеч намедонам, ту қурбатан илаллоҳ маро биёмӯз!

Баҳлул гуфт: Чун ба нодонии худ муътариф шудӣ, туро биёмӯзам.

Бидон, ки инҳо, ки ту гуфтӣ, ҳама фаръ (шоха) аст ва асл (реша) дар хӯрдани таом он аст, ки луқмаи ҳалол бояд ва агар ҳаромро бо сад ин гуна одоб баҷо биёварӣ, фоида надорад ва сабаби торикии дил шавад.

Ҷунайд гуфт: Ҷазокаллоҳу хайран!

Баҳлул идома дод: Дар сухан гуфтан бояд дил пок бошад ва ният дуруст ва он гуфтан барои ризои Худой бошад ва агар барои ғаразе ё матлаби дунё бошад, беҳуда ва ҳарза бувад, ҳар иборат, ки бигӯӣ, он ваболи ту бошад. Пас сукут ва хомӯшӣ беҳтар ва некӯтар бошад.

Баҳлул афзуд: Дар хоб кардан, инҳо, ки гуфтӣ, ҳама фаръ аст. Асл ин аст, ки дар вақти хобидан, дар дили ту буғз ва кина ва ҳасад нисбат ба мусалмонон набошад.

(Манбаъ: Достонҳои Баҳлул)

Тоҷнек

Source: Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ва Баҳлул
Via: Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ва Баҳлул
Tags: Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ва Баҳлул
Previous Post

Достони омӯзанда

Next Post

Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

Related Posts

Саидуддини Фарғонӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
Ниёиш
Ниёгони гузаштаи мо

Мутафаккири бедор

February 9, 2026
Мирзо Улуғбек
Ниёгони гузаштаи мо

Мирзо Улуғбек

February 7, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Ниёгони гузаштаи мо

Охирин васияти Амиралмӯъминин

February 7, 2026
Дониши Ғаззолӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Дониши Ғаззолӣ

February 3, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Мавзӯоти доғ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Next Post
Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

March 6, 2026
23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

March 6, 2026
Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026

Recent News

Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

March 6, 2026
23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

March 6, 2026
Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

March 6, 2026
23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

March 6, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved