• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Манобеи Шоҳнома

July 5, 2025
in Адабиёт ва ашъор
0
Манобеи Шоҳнома

Манобеи Шоҳнома

0
SHARES
13
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Манобеи Шоҳнома

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, аз пуровозатарин шоирони Эронзамин ва аз бузургтарин ҳамосасароёни ҷаҳон дар қарни 4-ум ва 5-ум пас аз Ислом аст. Вай дар соли 329 ҳ.қ (мусодиф бо 935 милодӣ) дар рустои Бож, ки яке аз рустоҳои Тӯс аст, дида ба ҷаҳон гушуд.

Фирдавсӣ даврони кӯдакӣ ва ҷавониро дар хонаводае эронӣ, ки ҳама деҳқон буданд гузаронида ва аз авони кӯдакӣ ба таҳсили илм ва адаб пардохт. Вай дар ин русто шавкате тамом дошт ва гаҳ-гоҳ табъи худро дар сурудани таърихи Эрони қадим озмоиш мекард. Дар он замон ҳеч кас бовар намекард, ки ин сурудаҳои пароканда идома ёбад ва ба як асари азими ҳамосӣ ба номи “Шоҳнома” табдил шавад.

Шоҳномасаройӣ

Дар аҳди Сомониён дар қарни 4-уми ҳиҷрӣ, ҷамъоварӣ ва таълифи саргузашти подшоҳони қадими Эрон равнақи басазое ёфт. Ин китобҳо, ки ба “Шоҳнома” маъруф буданд, ба наср навишта шуда буд ва пеш аз он ки аз миён бираванд, манбаъ ва маъхази бархе аз китобҳои мансур ва манзуми таърихӣ дар забони порсӣ ва арабӣ қарор гирифт. Ҷомеътарини онҳо “Шоҳномаи Абӯмансурӣ” ном дошт, ки ба фармони Абӯмансур Муҳаммад ибни Абдурраззоқ, ҳокими Тӯс, дар ҳудуди соли 346 ҳ.қ ба дасти ҷамъе аз муаррихон ва нависандагон ҷамъоварӣ ва тадвин гардид. Ин китоб маъхази муҳимми Фирдавсӣ дар назми “Шоҳнома” аст.

Дақиқӣ, нахустин шоҳномасарой

Пеш аз он ки Фирдавсӣ ба шоҳномасаройӣ бипардозад, Дақиқӣ, ки аз шоирони бузург ва ҳамсоли Фирдавсӣ аст, ба назми Шоҳнома рӯй оварда буд. Вай танҳо ҳазор байт аз достони Гуштосп ва Арҷоспи Тӯрониро суруда буд. Дақиқӣ дар синни камтар аз 40-солагӣ ба дасти ғуломаш кушта шуд. Фирдавсӣ иллати қатли ӯро “хӯйи бад” ёд мекунад ва чунин мегӯяд:

Ҷавонешро хӯйи бад ёр буд,
Або бад ҳамеша ба пайкор буд.
Бар-ӯ тохтан кард ногоҳ марг,
Ниҳодаш ба сар бар яке тира тарг.
Бад-он хӯйи бад ҷони ширин бидод,
Набуд аз ҷавониш як рӯз шод.
Яко-як аз ӯ бахт баргашта шуд,
Ба дасти яке банда баркушта шуд.
Бирафт ӯву ин нома ногуфта монд,
Чунон бахти бедори ӯ хуфта монд.
Илоҳӣ, афв кун гуноҳи варо!
Бияфзой дар ҳашр ҷоҳи варо!

Манобеи “Шоҳнома”

Пас аз кушта шудани Дақиқӣ, дӯстони Фирдавсӣ, ки қуввати табъи шоирии ӯро пеш аз ин озмуда буданд, назди вай омада ва ӯро ба идомаи кор ташвиқ карданд. Аммо вай манбаъ ва маъхазе дар ихтиёр надошт, ки битавонад аз рӯйи он ба назми “Шоҳнома” бипардозад. Аз ин рӯ, ин шоири хастагинопазир ва сахткӯш барои таҳияи ин манобеъ ба шаҳрҳои Бухоро, Марв, Балх ва Ҳирот сафар карда ва бо як таҳқиқи майдонӣ ва густарда, достонҳои бостонро аз синаи пирони ҷаҳондида берун кашид.

Бипурсидам аз ҳар касе бешумор,
Битарсидам аз гардиши рӯзгор.

Ва ин дар ҳоле буд, ки оташи ҷанг ҳама ҷо шӯълавар ва роҳҳо пурхатар буд.

Замона саросар пур аз ҷанг буд,
Ба ҷӯяндагон-бар ҷаҳон танг буд.

Нигаронии Фирдавсӣ

Бузургтарин лаззати бузургони илму адаб замоне аст, ки битавонанд натиҷаи талошҳои илмӣ ва адабии худро бибинанд ва осоре гаронсанг ва арзишманд аз худ ба ёдгор гузоранд. Ҳамчунин бузургтарин нигаронии онон ҳангоме аст, ки мавонеъ ва мушкилоте — хоста ё нохоста — дар ин роҳ пеш ояд ва натавонанд кори бузургеро, ки оғоз кардаанд, ба поён баранд. Фирдавсӣ низ чунин буд. Ӯ ҳамеша ин нигаронӣ ва дағдағаи хотирро дошт, ки мабодо ӯ низ ҳамонанди Дақиқӣ, ки дар 40-солагӣ аз дунё рафт, бо марге нобаҳангом рӯ ба рӯ шавад ва натавонад кори бузургеро, ки бо ишқу алоқа оғоз карда ба фарҷом расонад. Аз ин рӯ, аз Худованд мехост, ки он қадр зинда бимонад, ки битавонад “Шоҳнома”-ро, ки худ онро “Номаи шаҳриёрони пеш” номида буд, ба назм даровард.

Ҳамехоҳам аз додгар як Худой,
Ки чандон бимонам ба гетӣ ба ҷой.
Ки ин номай шаҳриёрони пеш,
Бипӯяндам аз хуб гуфтори хеш.

Дуои ӯ мустаҷоб шуд ва дар синни 71-солагӣ “Шоҳнома”-ро ба поён расонд ва дар синни 82-солагӣ низ ҷаҳони фониро видоъ гуфт.

Ҳомии қадршинос

Агарчӣ Фирдавсӣ дар хонаводае ба дунё омад, ки ба қавли Арӯзӣ, соҳиби обу замин буданд ва ӯ бад-ин сабаб аз амсоли худ бениёз буд, аммо ҳар чи дошт, ҳамаро дар роҳи тадвини “Шоҳнома” харҷ кард ва худ гирифтори фақру тангдастӣ гардид. Дар ин замон яке аз амирони қадршиноси Тӯс ӯро аз нигаронии маъош ва андӯҳи фақр раҳоӣ бахшид ва таҳти ҳимояти худ қарор дод, аммо дере напойид, ки ин ҳомии қадршинос ба сабаби номаълуме нопадид шуд. Баъд аз он буд, ки дигар Фирдавсӣ рӯйи осоиш надид ва фақр сояи сиёҳу сангини худро то поёни умр бар сари роҳи ӯ андохт.

Ало, эй бароварда чархи баланд!
Ба пирӣ чӣ дорӣ маро мустаманд?
Чу будам ҷавон бартарам доштӣ,
Ба пирӣ маро хор бигзоштӣ!

Ранҷи 30-сола

“Ҳар чи зудтар барояд, дер напояд”.

Ин сухан аз Саъдии Шерозӣ аст. Яъне чизе, ки бо шитоб анҷом ёбад, мондагор намемонад. Баъзе аз шоирон ва нависандагон, ки бе таъаммул ва бе андеша сухан месароянд ва ба қадре осорашон бепоя ва бемоя аст, ки ба қавли Низомии Арӯзӣ, “пеш аз Худованди худ бимирад”, аммо Фирдавсӣ, ин шоири тавонманди Эронзамин, аз касоне буд, ки ишқу талошро ба ҳам омехт ва бо фақру тангдастӣ даровехт ва 30 сол ранҷ бурд ва дуди чароғ хӯрд, то тавонист асаре пойдор ва мондагор аз худ ба ёдгор гузорад.

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Чу тухми суханро парокандаам.

Фирдавсӣ дар синни куҳулат низ худро бознишаста напиндошт ва ҳастии худро дар ин роҳ гузошт ва то дастонаш тавони навиштан дошт, қаламро канор наниҳод ва ҳосили ранҷи 30-солаи худро дар соли 400 ҳиҷрӣ ва дар синни 71-солагӣ ба ҷомеаи адабӣ ва ҳунарии Эронзамин тақдим кард, то дар синни 82-солагӣ низ ба пиройиш ва оройиши он пардохт.

Марги Фирдавсӣ

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ибтидо Фирдавсиро мавриди бемеҳрӣ қарор дод ва дили ӯро ранҷонд, аммо солҳои баъд дар садад баромад, то аз ин шоири дилшикаста дилҷӯӣ кунад. Аз ин рӯ, ҳадоёе фароҳам кард ва гуфт, бо шутури султонӣ ба Тӯс баранд ва аз ӯ узр хоҳанд. Аммо иқбол бо ин шоир ҳамроҳ набуд. Низомии Арӯзӣ гӯяд: ҳадоёи Султон ба саломат ба шаҳри Табарон расид. Вақте шутур аз дарвозаи Рӯдбор ворид мешуд, ҷанозаи Фирдавсӣ аз дарвозаи Разон берун мерафт. Гӯянд, аз Фирдавсӣ духтаре монд сахт бузургвор. Хостанд ҳадоёи Султонро бад-ӯ супоранд, қабул накард ва гуфт: бад-он мӯҳтоҷ нестам. Фирдавсӣ пас аз 82 сол зиндагии шарофатмандона ва ифтихоромез дар соли 411 ҳ.қ ғарибона вафот ёфт ва духтараш иззат ва баландтабъии ӯро комил кард ва инчунон муқтадирона аз ҳадоёи моддии султонӣ чашм пӯшид ва ифтихоре бар ифтихороти падар афзуд.

Кохи баланди Фирдавсӣ

Вақте хабари марги Фирдавсӣ ва радди ҳадоёи ӯ тавассути духтараш ба гӯши Султон Маҳмуди Ғазнавӣ расид, дастур дод, то бо он ҳадоё корвонсаро ва обанборе дар байни роҳи Нишопур ва Марв бино кунанд. Имрӯз пас аз гузашти ҳазор сол, ки аз марги Фирдавсӣ мегузарад, на аз корвонсаро асаре аст ва на аз “Султонсаро”, на аз кох нишоне аст ва на аз кохнишин. Аммо кохе, ки Фирдавсӣ бино кард, на танҳо бо гузашти рӯзгорон вайрон нагардид, балки бар ободӣ ва истеҳкоми он афзуда гашт.

Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо,
Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо?

Фирдавсӣ худ дар “Шоҳнома” овардааст:

Биноҳои обод гардад хароб
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бар ин нома бар умрҳо бигзарад,
Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.
Тоҷнек 

Source: Манобеи Шоҳнома
Via: Манобеи Шоҳнома
Tags: Манобеи Шоҳнома
Previous Post

Ҳодисаи Карбало

Next Post

Таърихсозон чӣ касоне ҳастанд?

Related Posts

Достони омӯзанда
Адабиёт ва ашъор

Достони омӯзанда

July 5, 2025
Ҳикояти Иброҳим(а) ва занбӯр
Адабиёт ва ашъор

Ҳикояти Иброҳим(а) ва занбӯр

July 5, 2025
Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан
Адабиёт ва ашъор

Ҳарфҳои имтиҳонӣ бо мани мафтун мазан

June 27, 2025
Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ
Адабиёт ва ашъор

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ

June 10, 2025
Муҳаммад Расулуллоҳ
Адабиёт ва ашъор

Дирҳамҳои бобаракат

June 10, 2025
Дарахти хурмо
Адабиёт ва ашъор

Дарахти хурмо

June 10, 2025
Next Post
Таърихсозон чӣ касоне ҳастанд?

Таърихсозон чӣ касоне ҳастанд?

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

July 5, 2025
Достонҳои омӯзанда

Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ва Баҳлул

July 5, 2025
Достони омӯзанда

Достони омӯзанда

July 5, 2025
Ҳикояти Иброҳим(а) ва занбӯр

Ҳикояти Иброҳим(а) ва занбӯр

July 5, 2025

Recent News

Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

July 5, 2025
Достонҳои омӯзанда

Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ва Баҳлул

July 5, 2025
Достони омӯзанда

Достони омӯзанда

July 5, 2025
Ҳикояти Иброҳим(а) ва занбӯр

Ҳикояти Иброҳим(а) ва занбӯр

July 5, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

Зулмситезӣ дар сираи Имом Ҳусейн(а)

July 5, 2025
Достонҳои омӯзанда

Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ва Баҳлул

July 5, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved