• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Имон ва ваҳдат

Мунозираи Муфаззал

July 18, 2025
in Имон ва ваҳдат
0
Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ

Авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ

0
SHARES
1
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мунозираи Муфаззал

Достонҳои торихӣ

Муфаззал ибни Умари Ҷуъфӣ баъд аз он ки аз анҷоми намози аср дар масҷиди Пайғамбар (с) фориғ шуд, ҳамон ҷо дар нуқтае миёни минбари Расули Акрам (с) ва қабри он ҳазрат нишаст ва кам-кам як ришта афкор ӯро дар худ ғарқ кард, афкораш дар атрофи азамат ва шахсияти азим ва осмонии Расули Акрам (с) давр мезад.

Ҳар чи бештар меандешид, бештар бар эъҷобаш нисбат ба он ҳазрат меафзуд. Бо худ мегуфт, бо ҳамаи таъзиму таҷлиле, ки аз мақоми волои ин шахсияти беназир мешавад, дараҷа ва манзилаташ хеле беш аз инҳост. Он чи мардум аз шарафу азамату фазилати он ҳазрат ба он пай бурдаанд, нисбат ба он чи пай набурдаанд бисёр ночиз аст.

Муфаззал ғарқ дар ин тафаккурот буд, ки сару каллаи Ибни Абилавҷо, моддимаслаки маъруф, пайдо шуд ва омад ва дар каноре нишаст. Тӯле накашид яке дигар аз ҳамфикрону ҳаммаслакони Ибни Абилавҷо ворид шуд ва паҳлӯи ӯ нишаст ва бо ҳам ба гуфтугӯ пардохтанд.

Дар он таърих, ки оғози давраи хилофати Аббосиён буд, давраи таҳаввули фарҳанги исломӣ буд. Дар он давра худи мусалмонон бархе риштаҳои илмӣ таъсис карда буданд. Низ китобҳое дар риштаҳои илмӣ ва фалсафӣ аз забонҳои юнонӣ ва форсӣ ва ҳиндӣ тарҷума карда ё машғули тарҷума буданд. Ниҳлаҳо ва риштаҳои каломӣ ва фалсафӣ ба вуҷуд омада буд.

Давра, давраи бархӯрди ақоиду оро буд. Аббосиён ба озодии ақида — то он ҷо, ки бо сиёсат бархӯрд надошт — эҳтиром мегузоштанд. Донишмандони ғайримусалмон, ҳатто даҳриҳо ва моддигароён, ки дар он вақт ба номи “занодиқа” хонда мешуданд, озодона ақоиди хешро изҳор медоштанд, то он ҷо, ки аҳёнан ин даста дар Масҷидулҳаром канори Каъба, ё дар Масҷиди Мадина канори қабри Пайғамбар (с) даври ҳам ҷамъ мешуданд ва ҳарфҳои худро мезаданд. Ибни Абилавҷо аз ин даста буд.

Дар он рӯз, ӯ ва рафиқаш ҳар ду бо фосилаи каме вориди масҷиди Пайғамбар шуданд ва пеши ҳам нишастанд ва ба гуфтугӯ пардохтанд, аммо ончунон дур набуданд, ки Муфаззал суханони онҳоро нашунавад.

Иттифоқан аввалин сухане, ки аз Ибни Абилавҷо ба гӯши Муфаззал хӯрд, дар бораи ҳамон мавзӯе буд, ки қаблан Муфаззал дар он бора фикр мекард, дар бораи Расули Акрам буд. Ӯ ба рафиқи худ гуфт:

— Аҷаб кори ин мард (Пайғамбари Акрам) боло гирифт, расид ба ҷое, ки касе аз он болотар нарафта!

Рафиқаш гуфт:

— Нобиға буд, иддао кард, ки бо мабдаи кулли ҷаҳон дар иртибот аст ва корҳои аҷибу хориқулода ҳам аз ӯ ба зуҳур расид, ки ақлҳоро мутаҳайир сохт. Уқало ва удабо ва фусаҳо ва хутабо худро дар баробари ӯ оҷиз диданд ва даъвати ӯро пазируфтанд. Баъд соири табақот фавҷ-фавҷ ба тарафи ӯ омаданд ва ба ӯ имон оварданд. Кор ба он ҷо кашида, ки номи вай ҳамроҳ бо номи номусе, ки худро мабъус аз тарафи ӯ медонист, ҳамроҳ шудааст. Акнун номи ӯ ба унвони “азон” дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳҳо — ки даъвати ӯ ба он ҷо расида — ва ҳатто дар дарёҳо ва саҳроҳо ва кӯҳистонҳо бурда мешавад. Ҳама ҷо шабонарӯзӣ панҷ навбат гӯши ҳар касе фарёди “Ашҳаду анна Муҳаммадан расулаллоҳ”-ро мешунавад. Дар азон номи ин мард бурда мешавад, дар иқома бурда мешавад. Ба ин тартиб, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

Ибни Абилавҷо гуфт:

— Дар атрофи Муҳаммад беш аз ин баҳс накунем, ман ҳанӯз натавонистаам муаммои шахсияти ин мардро ҳал кунам. Беҳтар аст баҳсро дар атрофи мабдаи аввал ва оғози ҳастӣ, ки Муҳаммад пояи дини худро бар он гузошт дунбол кунем.

Он гоҳ Ибни Абилавҷо дар атрофи бархе ақидаи моддии худ — мабнӣ бар ин ки тадбиру тақдире дар кор нест, табиат қоим ба зот аст, азалан ва абадан чунин буда ва хоҳад буд — сӯҳбат кард.

Ҳамин ки суханаш ба ин ҷо расид, Муфаззал дигар тоқат наёвард, якпорча хашму буғз шуда буд, мисли тӯб мунфаҷир шуда фарёд баровард:

— Душмани Худо! Холиқу мудаббири худро, ки туро ба беҳтарин сурат офарида инкор мекунӣ?! Ҷои дур нарав, андаке дар худ ва ҳаёту зиндагӣ ва машоиру таркиби худат фикр кун, то осору шавоҳиди махлуқу маснуъ буданро дарёбӣ…

Ибни Абилавҷо, ки Муфаззалро намешинохт, пурсид:

— Ту кистӣ ва аз чӣ дастаӣ? Агар аз мутакаллиминӣ, биё рӯи усул ва мабонии каломӣ бо ҳам баҳс кунем. Агар воқеан далоили қавӣ дошта бошӣ, мо аз ту пайравӣ мекунем. Ва агар аҳли калом нестӣ, ки сухане бо ту нест. Агар ҳам аз асҳоби Ҷаъфар ибни Муҳаммадӣ, ки ӯ бо мо ин ҷур ҳарф намезанад, ӯ гоҳе болотар аз ин чизҳо, ки ту шунидӣ аз мо мешунавад, аммо ҳаргиз дида нашуда аз кӯра дар биравад ва бо мо тундӣ кунад. Ӯ ҳаргиз асабӣ намешавад ва дашном намедиҳад. Ӯ бо камоли бурдборӣ ва матонат суханони моро истимоъ мекунад. Сабр мекунад мо он чи дар дил дорем берун бирезем ва як калима боқӣ намонад. Дар муддате, ки мо ишколот ва далоили худро зикр мекунем, ӯ чунон сокит ва ором аст ва бо диққат гӯш мекунад, ки мо гумон мекунем таслими фикри мо шудааст. Он гоҳ шурӯъ мекунад ба ҷавоб, бо меҳрубонӣ ҷавоби моро медиҳад, бо ҷумлаҳои кӯтоҳ ва пурмағз чунон роҳро бар мо мебандад, ки қудрати фирор аз мо салб мегардад. Агар ту аз асҳоби ӯ ҳастӣ монанди ӯ ҳарф бизан.

Муфаззал бо як дунё нороҳатӣ дар ҳоле, ки каллааш доғ шуда буд, аз масҷид берун рафт. Бо худ мегуфт, аҷаб ибтилое барои олами ислом пайдо шуда, кор ба ҷое кашида, ки занодиқа ва даҳримаслакҳо дар масҷиди Пайғамбар менишинанд ва бепарво ҳама чизро инкор мекунанд. Яксара ба хонаи Имом Содиқ омад. Имом фармуд:

— Муфаззал! Чаро ин қадр нороҳатӣ? Чӣ пеш омада?

— Эй писари Расули Худо! Алъон дар масҷиди Пайғамбар будам. Яке ду нафар аз даҳриҳо омаданд ва наздики ман нишастанд. Суханоне дар инкори Худо ва Пайғамбар аз онҳо шунидам, ки оташ гирифтам. Чунину чунон мегуфтанд ва ман ҳам ин тавр ҷавобашонро додам.

— Ғусса нахӯр, аз фардо биё назди ман, як силсила дарси тавҳидӣ бароят шурӯъ мекунам. Он қадр дар атрофи ҳикматҳои илоҳӣ дар хилқату офариниш, дар қисматҳои мухталиф, дар атрофи ҷондору беҷон, парандаву чаранда ва хӯрданиву ғайрихӯрданӣ, набототу ғайра бароят баҳс кунам, ки ту ва ҳар донишҷӯи ҳақиқатҷӯро кифоят кунад ва занодиқа ва даҳрийинро дар ҳайрат фурӯ барад. Фардо субҳ мунтазирам.

Муфаззал бо як дунё масаррат аз маҳзари Имом Содиқ мураххас шуд. Бо худ мегуфт, ин нороҳатии имрӯзи ман аҷаб натиҷаи хубе дошт. Он шаб хоб ба чашмаш наёмад. Ҳар лаҳза интизор мекашид кай субҳ бишавад ва ба маҳзари Имом Содиқ бишитобад. Ба назараш меомад, ки имшаб аз ҳар шаби дигар тӯлонитар аст. Субҳи зуд худро ба дари хонаи Имом расонд. Иҷоза хост ва ворид шуд. Бо иҷозаи Имом нишаст. Баъд Имом ба тарафи утоқе, ки афроди хусусиро дар он ҷо мепазируфт ҳаракат кард. Муфаззал ҳам бо ишораи Имом аз пушти сар роҳ афтод. Он гоҳ Имом, ки ба руҳияи Муфаззал ошно буд, фармуд:

— Гумон мекунам дишаб хобат набурда бошад ва ҳамааш интизорӣ кашида бошӣ, ки кай субҳ бишавад, ки биёӣ ин ҷо.

— Бале ҳамин тавр аст, ки мефармоед.

— Эй Муфаззал! Худованд тақаддум дорад бар ҳамаи мавҷудот, аввалу охири мавҷудот ӯст…

— Эй писари Расули Худо! Иҷоза медиҳед ҳар чи мефармоед бинависам, қоғазу қалам ҳозир аст.

— Монее надорад, бинавис.

Чаҳор рӯзи пай дар пай, дар чаҳор ҷаласаи тӯлонӣ, ки ҳаддиақал аз субҳ то зуҳр буд, Имом ба Муфаззал дарси тавҳид илқо кард ва Муфаззал мураттаб навишт. Ин навиштаҳо ба сурати рисолае комил ва ҷомеъ даромад.

Китобе, ки акнун ба номи “Тавҳиди Муфаззал” дар даст аст ва аз ҷомеътарини баёнҳо дар ҳикмати офариниш аст, маҳсули ин ҷараён ва ин чаҳор ҷаласаи тӯлонӣ аст.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз китоби “Биҳор”)

Тоҷнек

 

Source: Мунозираи Муфаззал
Via: Мунозираи Муфаззал
Tags: Мунозираи Муфаззал
Previous Post

Мусобиқаи шутурдавонӣ

Next Post

Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

Related Posts

Ниёиш
Имон ва ваҳдат

Ниёиш

July 18, 2025
Саволи як донишҷӯ
Имон ва ваҳдат

Муҳимтарин хислатҳои инсони мӯъмин

July 18, 2025
Хоманаӣ
Имон ва ваҳдат

Роҳҳои расидан ба ваҳдати исломӣ

July 17, 2025
Хоманаӣ
Имон ва ваҳдат

Роҳкорҳои илмии ваҳдати исломӣ

July 13, 2025
Намози раҳбарӣ
Имон ва ваҳдат

Намоз

July 3, 2025
неъматҳои Худованд
Имон ва ваҳдат

Неъматҳои Худованд

June 27, 2025
Next Post
Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Ниёиш

Ниёиш

July 18, 2025
Саволи як донишҷӯ

Муҳимтарин хислатҳои инсони мӯъмин

July 18, 2025
Яъқуб Лайси Саффорӣ, посдори забони ниёгон

Хусусиёти сиёсатмадори муваффақ

July 18, 2025
Обид кист

Обид кист?

July 18, 2025

Recent News

Ниёиш

Ниёиш

July 18, 2025
Саволи як донишҷӯ

Муҳимтарин хислатҳои инсони мӯъмин

July 18, 2025
Яъқуб Лайси Саффорӣ, посдори забони ниёгон

Хусусиёти сиёсатмадори муваффақ

July 18, 2025
Обид кист

Обид кист?

July 18, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ниёиш

Ниёиш

July 18, 2025
Саволи як донишҷӯ

Муҳимтарин хислатҳои инсони мӯъмин

July 18, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved