Ҳамаи мусалмонон дар фоҷеаи Ғазза масъуланд
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ҳамаи мусалмонон бидуни истисно дар баробари фоҷеаи Ғазза масъуланд. Фардои қиёмат фаластиниҳо аз яқаи так-таки мусалмонон хоҳанд гирифт, аммо беш аз ҳама аз яқаи ҳамсоягони онҳо аз Миср, Сурия, Лубнон ва Ӯрдун.
Ва на танҳо аз яқаи ҳукуматҳои ин кишварҳо, балки ҳатто аз гиребони мардумаш, ки сокитанд, ҳеч кор ва ҳаракате намекунанд.
Аммо аз ҳама бештар, аз гиребони Ҷулонӣ ва ансораш хоҳанд гирифт, ки фақат баладанд мусалмон кушанд. Ин ҷамоати суммун букм ба ҷойи куштани мусалмонҳо ва ба ҷойи куштани мардуми худаш, метавонад ба Исроил ҳамла кунад, ба кӯмаки мардуми Ғазза шитобад, аммо намекунад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Тоҷнек