Сухангӯи Кохи Сафед: Трамп барои поён додани ҷанги Ғазза талош мекунад
Байналмилал
Сухангӯи Кохи Сафед изҳор дошт, ки президент Доналд Трамп бар ин бовар аст, ки ҷанги Ғазза тӯлонӣ шуда ва даргириҳо дар рӯзҳои ахир шадидан бераҳмона будаанд.
Вай иддао кард, ки Трамп талош дорад ҷангро поён диҳад ва музокироти оташбас ва табодули асирон оғоз гардад.
Сухангӯи Кохи Сафед дар идомаи суханони худ таъкид кард, ки гарчанд Трамп бо Бемнёмин Нетанёҳу равобити хубе дорад, аммо аз бомбаборони як калисо дар Ғазза дар ҳайрат шудааст ва ҳоло қасд дорад кумакҳои башардӯстона ба таври амн вориди Навори Ғазза шаванд.
Тоҷнек