Ба эътироз ба гуруснагӣ дар Ғазза; бастани сафорати Миср дар Финлонд
Ахбори байналмилал
Гурӯҳе аз фаъолони финландии ҳомии Фаластин, дар шаҳри Ҳелсинки, пойтахти Финляндия, ба нишони эътироз ба идомаи наслкушии Исроил ва хомӯшии Миср дар баробари муҳосира ва гурусна нигоҳ доштани мардуми Ғазза, сафорати Мисрро ба таври намодин бастанд.
Эътирозгарон бо барафроштани парчами Фаластин ва пошидани моее ба шакли хун дар назди бинои сафорат, талаб карданд, ки Қоҳира ба ҳамдастӣ бо сиёсати муҳосираи Исроил хотима диҳад ва ба ранҷи мардуми Ғазза поён диҳад.
Тоҷнек