Низомии амрикоӣ: Дар Ғазза ҷиноёти ҷангӣ анҷом мешавад
Ахбори байналмилал
Ифшогарии низомии бознишастаи амрикоӣ: Шоҳиди ҷиноятҳои ҷангии Исроил дар Ғазза будам.
Як афсари бознишастаи артиши Амрико, дар сӯҳбат бо шабакаи BBC фош кард, ки шахсан шоҳиди тирпарронии неруҳои исроилӣ ба сӯи фаластиниҳо дар макони тақсими кӯмакҳои башардӯстона будааст.
Ӯ бо сароҳат таъкид кард, ки неруҳои исроилӣ дар чанд маврид ба сӯи аҳолии осоишта тирпарронӣ карда, ҷиноятҳои ҷангӣ анҷом додаанд.
Ин ифшогарӣ дар ҳолест, ки гузоришҳои зиёде аз сӯи ниҳодҳои байналмилалӣ дар бораи ҳадаф қарор додани афрроди бедифоъ дар навбатҳои кӯмакрасонӣ, дар бемористонҳо ва зерсохторҳои ғайринизомӣ дар Ғазза нашр шудаанд.
То кунун беш аз ҳазор нафар дар навбати гирифтани кӯмакҳо шаҳид шудаанд.
Тоҷнек