• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Замон – аслитарин сармояи зиндагӣ

August 2, 2025
in Инсон ва инсоният, Мавзӯоти доғ
0
Замон – аслитарин сармояи зиндагӣ

Замон – аслитарин сармояи зиндагӣ

0
SHARES
4
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Замон – аслитарин сармояи зиндагӣ

Шоиста аст, ки мӯъмин аз гузашти айём барои нафси хеш ибрат андӯзад ва панд бигирад; зеро рӯзҳову шабҳо ҳар тозаеро кӯҳна ва ҳар дуреро наздик месозад ва умрҳоро дарменавардад ва кӯдаконро пир ва пиронро ба фано ва нестӣ мекашонад.

“Фурсатҳо чун абр мегузаранд, пас фурсатҳоро ғанимат шуморед”. (Амиралмӯъминин Алӣ(а)).

Барои мӯъмине, ки арзиш ва аҳамияти вақтро медонад, шоиста аст, ки вақти хешро бо кирдорҳои некӯ ва афъоли хайр пур созад; (сураи Тавба, Нисо, Бақара, Моида, Ҳадид, Мутаффифин).

Арзиши вақт аз он ҷо дониста мешавад, ки Худованд дар Қуръони Карим сураеро ба номи “Аср” вақт ё замон фурӯ фиристода ва дар ҷойҳои дигаре аз Қуръон, ба бурҳаҳое аз замон ишороте доштааст ва дар Қуръон барои баёни аҳамияти он, ба он қасам ёд кардааст.

Дар аҳодис низ дорем, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Дар рӯзи қиёмат аз умри инсон ва махсусан аз ҷавониаш пурсида мешавад, ки дар чӣ роҳе сипарӣ шудааст” – ва фармуданд: “Фароғатро қабл аз ин ки гирифтор ва машғул шавӣ, ғанимат шумор”.

Инҳо ҳама баёнгари арзиш ва аҳамияти вақт аст, ки ба таври мухтасар ва фишурда баён шуд; пас бар мо лозим аст, ки аз вақти хеш ба таври дуруст ва дар қолаби як барномарезии дақиқ истифода намоем.

Вижагиҳои вақт

1-Суръати сипарӣ шудани вақт

Вақт чун абр ба суръат мегузарад ва чун боди тунде равон аст, хоҳ ҳамроҳ бо шодӣ бошад ё андӯҳ. (Сураи Нозиот, Юнус).

2-Вақте ки гузашт барнамегардад ва ивазе надорад

Ҳасани Басрӣ чӣ зебо гуфта: Ҳеҷ рӯзе нест, ки сапеда бидамад ва нидое сар надиҳад ва инсонро мухотаби худ насозад, ки: Эй фарзанди Одам, ман махлуқи тозае ҳастам ва бар амали ту гувоҳам, пас аз ман тӯшае биандӯз, зеро чун гузаштам, ҳаргиз то растохез барнамегардам.

3-Вақт гаронбаҳотарин неъматест, ки ба инсон дода шуда

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки вақт зудгузар аст ва гузаштаи он ҳаргиз барнамегардад ва ҳеҷ чиз ҷои онро намегирад, пас вақт нафистарин ва гаронбаҳотарин чизест, ки ба инсон дода шудааст, зеро вақт зарфи ҳар амале ва ҳар талошест, ки инсон ба даст меоварад, бинобар ин, вақт дар воқеъ чӣ барои ҷомеа ва чӣ барои фард сармояи ҳақиқӣ мебошад.

Ҳасани Басрӣ гуфта: “Эй фарзанди Одам, ту ҷуз маҷмӯае аз айём нестӣ, пас ҳар гоҳ рӯзе гузашт, баъзе ва бархе аз ту низ гузаштааст!”

Инсон замоне қадри вақтро медонад, ки дигар ба он дастарасӣ надорад, монанди соот ва лаҳзае, ки аҷалаш фаро мерасад, ё он замон ки дар охират, ҷазои аъмолро медиҳанд, орзуи як лаҳза умр мекунад, барои ҷуброни гузашта, вале ҳайҳот, ҳайҳот! (Сураи Мунофиқун, Фотир).

Касоне, ки бо машғул кардани худ ба корҳои беҳуда мегӯянд, мо мехоҳем вақткушӣ кунем ва намедонанд, ки ҳар кас вақти худро бикушад, дар воқеъ хештанро кушта ва нафс ва зиндагии хешро аз байн бурдааст ва ин худкушии тадриҷист.

Вазоифи мусулмон дар робита бо вақт

Авалин ва муҳимтарин вазифаи инсони мусулмон дар баробари вақти хеш он аст, ки онро ҳифз карда ва муроқибу мувозиби он бошад. Бояд бештар аз мол аз вақт муроқибат кард; зеро мол дубора ба даст меояд, вале вақт бозгашт надорад. Бояд аз он дар мавориде, ки ба суди саодати худ ва рушду тараққии руҳӣ ва моддии худ бошад, сарф кунад ва аз он баҳра гирад.

Ҳар гоҳ рӯзе аз умрам гузарад ва аз он ҳидояте барои худ касб накарда ва дар он амале ба даст наоварда бошам, он рӯз аз умри ман ба шумор намеравад. Касе, ки умр ва авқоти зиндагии худро беҳуда талаф кунад ва ба пучӣ гузаронад, ба таҳқиқ ӯ ҳаққи замони хешро ба ҷо наоварда ва ба хештан ситам кардааст.

Замонро ғанимат шуморем

Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: “Ду неъмат аз неъматҳои Худо, ки бисёре аз мардум дар онҳо фиреб хӯрда ва қадрашро намедонанд, тандурустӣ ва авқоти фароғат аст” – чаро ки авқот ҳамеша фориғ ва холӣ боқӣ намемонад, пас бояд онро бо корҳои хайр пур намуд ва ҳар кас нафсу дили хешро ба ҳақ машғул накунад, нафс ва дилаш ӯро ба ботил машғул медорад.

Вақте ҷавонӣ ва бекорӣ ва сарват ҳар се бо ҳам бошанд, хатароти замони фароғат бештар аст. Дилбастагии зани Азизи Миср ба Юсуф (а) натиҷаи авқоте буд, ки намедонист онро бо чӣ пур созад.

Сабқат дар аъмоли хайр

Барои мӯъмине, ки арзиш ва аҳамияти вақтро медонад, шоиста аст, ки вақти хешро бо кирдорҳои некӯ ва афъоли хайр пур созад; (сураи Тавба, Нисо, Бақара, Моида, Ҳадид, Мутаффифин).

Сипарӣ кардани вақт дар анҷоми корҳои нек ончунон муҳим ва арзишманд аст, ки Худованд ба инсон дастур дода, дар анҷоми корҳои нек бар дигарон пешӣ ва сабқат бигирад. (Сураи Анбиё).

Аз гузашти замон ибрат бигирем

Шоиста аст, ки мӯъмин аз гузашти айём барои нафси хеш ибрат андӯзад ва панд бигирад; зеро рӯзҳову шабҳо ҳар тозаеро кӯҳна ва ҳар дуреро наздик месозад ва умрҳоро дарменавардад ва кӯдаконро пир ва пиронро ба фано ва нестӣ мекашонад. Ҳамоно мӯъмин набояд аз ин шабу рӯз ғофил бошад, балки бояд ба тафаккур пардозад ва ибрат гирад, ки дар он барои соҳибдилон оёте ҳаст. (Сураи Нур, Оли Имрон).

Тоҷнек

Source: Замон – аслитарин сармояи зиндагӣ
Via: Замон – аслитарин сармояи зиндагӣ
Tags: Замон – аслитарин сармояи зиндагӣ
Previous Post

Сохтани шахсияти кӯдак

Next Post

Ганҷинаи ҳикмат

Related Posts

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!
Мавзӯоти доғ

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз
Мавзӯоти доғ

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон
Мавзӯоти доғ

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ
Мавзӯоти доғ

Оромгоҳи 160 духтарбачаи бегуноҳ

March 2, 2026
Лориҷонӣ ба мақомоти амрикоӣ: Нисбат ба нақши вайронгарии саҳюнистҳо ҳушёр бошед!
Мавзӯоти доғ

Лориҷонӣ: Қотеона дифоъ хоҳем кард!

March 2, 2026
Ҳамсари Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шуҳадо пайваст
Мавзӯоти доғ

Ҳамсари Оятуллоҳ Хоманаӣ ба шуҳадо пайваст

March 2, 2026
Next Post
Ганҷинаи ҳикмат

Ганҷинаи ҳикмат

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

750 шаҳид дар ҳамалоти Амрико ва Исроил ба Эрон

March 3, 2026
Сураи Фотиҳа

Сураи муборакаи Фотиҳа

March 3, 2026

Recent News

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved