• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор Машоҳир

Ато Муҳаммадҷонов

September 2, 2025
in Машоҳир
0
Ато Муҳаммадҷонов

Ато Муҳаммадҷонов

0
SHARES
81
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ато Муҳаммадҷонов

Машоҳир ва номоварон

Нигоҳе ба зиндагӣ ва корномаи ҳунарманди халқӣ  Ато Муҳаммадҷонов

Бедиплом Нуҳи Сомонӣ ва Имом Бухорӣ шуд

Нигоҳе ба зиндагӣ ва корномаи Ато Муҳаммадҷонов, ки имрӯз 85-сола шуд

Имрӯз Ато Муҳаммадҷонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои саршиноси театру синамои тоҷик, агар умр вафо мекард, 85-сола мешуд. Ӯ соли 2002 вақте ба ҷашни Истиқлол, дар шаҳри Истаравшан омодагӣ медид, зимни тамрин аз асп афтода, дертар даргузашт.

Дар ин матлаб, талош кардем портрети ин ҳунарманди номдорро, ки бо истеъдоди худ нигини саҳнаи тоҷик шуд ва бо нақшҳои хотирмонааш дар қалбҳои садҳо ҳазор тамошобин ҷо гирифт, бозкушоӣ кунем.

 

Бе диплом ҳунарманд шуд

Ато Муҳаммадҷонов 2-юми сентябри соли 1940 дар шаҳри Душанбе ба дунё омад. Зиндагии ӯ аз кӯдакӣ бо мушкилот омехта буд. Ҳангоми мактабхониаш аз падар ятим монда, маҷбур шуд таҳсилро канор гузорад ва сарпарастии хонаводаро бар дӯш гирад.

Аммо ҳанӯз дар солҳои мактабӣ ӯ ба театр дил баста буд. Дар машғулияти ҳаваскорони санъати бачагона ширкат мекард ва иштирокчии фаъоли маҳфили драмавии “Хонаи пионерон”-и шаҳри Душанбе буд.

Ҷолиб он аст, ки ӯ дар донишгоҳи санъат таҳсил накардааст. Кӯшиши ӯ барои дохил шудан ба Донишгоҳи театрии Тошканд ба далели надоштани номаи камол ноком шуд. Ҳамин тавр, ӯ то охири умр дипломи актёрӣ надошт. Аммо ҳунари ӯ аз назари масъулини санъати театри тоҷик дур намонд.

Соли 1958, баъди хатми мактаби миёна, бедиплом ӯро ба Театри Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша ба кор қабул намуданд. Ин қадами сарнавиштсоз буд – Ато Муҳаммадҷонов театрро мактаби худ қарор дод ва то охири умр аз он дур нашуд. Мунаққидонаш баъдан агар мехостанд интиқод кунанд, мегуфтанд, ки маълумоти олӣ надорад, вале аз ҳунараш нақде надоштанд.

Истеъдоди модарзоди ӯ ва таълими ба даст омада аз устодони бузурги театр – Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Маҳмудҷон Воҳидов, Бурҳон Раҷабов – барояш кофӣ буд, то беҳтарин нақшҳоро офарад. Ӯ монанди гули худрӯе буд, ки дар боғчаи театр рӯйид ва аз ҳар устодаш рангу бӯй гирифт.

Дар театр Ато Муҳаммадҷонов нақшҳои гуногунро – аз ҷавонону наврасон то қаҳрамонони муваққар – бо комёбии комил иҷро мекард. Беҳтарин нақшҳои ӯ дар театр инҳо буданд: Адҳам дар “Алломаи Адҳам ва дигарон”-и С. Улуғзода, Қаландар дар “Дохунда”-и Ҷ. Икромӣ, Бобоҷон Ғафуров дар “Драмаи миллат” ва пирамард дар “Афсонаҳои пирамард”.

Дар синамои тоҷик ва шӯравӣ ӯ зиёда аз 30 нақш офарид, ба вижа симоҳои шоҳи Сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур, Имом Бухорӣ ва амир Музаффар беҳтарин офаридаҳои Ато Муҳаммадҷонов дониста мешавад.

“Бозии ман бояд маъниҳои чуқур дошта бошад ва фикру мулоҳизаеро ба дигарон расонад. Ба тарзе расонад, ки дар ёди онҳо монад”, – мегуфт ӯ.

 

Дар саҳнаи театр – Бобоҷон Ғафуров ва Пирамарди бохирад

Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, театршиноси тоҷик ба “Азия-Плюс” гуфт, “Ато Муҳаммадҷонов дар ду нақши муҳим дар театри мо – “Драмаи миллат” ва “Афсонаҳои пирамард” – истеъдоди беназири худро нишон дод”.

Намоиши “Драмаи миллат” дар бораи аллома Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон ва яке аз сарварони Тоҷикистони шӯравӣ буд, ки нақши марказиро Ато Муҳаммадҷонов бозид. Табарӣ мегӯяд, “Муҳаммадҷонов диққати зиёдро ба таҷассуми нерӯи созандаи қаҳрамон дар ин образ додааст. Ғафурови ӯ сиёсатмадори баркамол, инсони дилгарм ва некӯ, олими равшанбин аст”.

Ба қавли театршиносон, Ато Муҳаммадҷонов дар нақши Бобоҷон Ғафуров тавонист, ки умдатарин хислатҳои ин шахсияти таърихиро бозгӯӣ кунад. Ӯ хирад, оромӣ ва худдории Ғафуровро ба хубӣ ифода карда, ба ин васила фаррохии тафаккури ӯро ба тамошобин нишон дод.

Дар намоишномаи “Афсонаҳои пирамард”, ба гуфтаи Табарӣ, Ато Муҳаммадҷонов як шоҳасари ҳунарӣ офарид. Ба қавли театршинос, ҳунарманди номдор ба умқи андешаҳои қаҳрамон ворид шуда, симои падареро офарид, ки зиндагии хушаш якбора бо фоҷиа рӯ ба рӯ мешавад.

“Ато Муҳаммадҷонов аз нишон додани азоби қаҳрамон намеҳаросид, баръакс, ӯ тамоми бори гарони фоҷиаро ба дӯши қаҳрамон меафканд. Маҳз ҳамин ҷанбаи мураккаб, ки пирамарди хушбахт якбора бо бадбахтӣ мувоҷеҳ мешавад, вале тамоми бори зиндагиро бо масъулият ба дӯш мегирад, намоишро ҷолибтар мекунад. Дар ин намоиш Муҳаммадҷонов маънои зиндагиро, тарзи сарварии оиларо ва намунаи беҳтарин падарро нишон медиҳад”, – мегӯяд Табарӣ.

Муҳаммадуллоҳ Табарӣ таъкид дорад, ки ҳамин ду нақш кофӣ аст, то номи Ато Муҳаммадҷонов дар таърихи театри тоҷик бо ҳуруфи заррин навишта шавад.

 

Дар синамо – Шоҳи Сомонӣ ва Имом Бухорӣ

Тиллои Некқадам, киношиноси маъруф ба “Азия-Плюс” гуфт, Ато Муҳаммадҷонов дар синамои шӯравӣ асосан бо “Ӯзбекфилм” ҳамкорӣ дошт ва барои нақши шоҳ Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ аз филми “Наврасии нобиға” сазовори Ҷоизаи давлатии ИҶШС гардид.

Некқадам дар бораи нақши шоҳ тавзеҳ дод: “Нақши Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ дар “Наврасии нобиға” аз беҳтарин офариниши Ато Муҳаммадҷонов буд. Ӯ шоҳро ҳамчун роҳбари донишманд ва олимпарвар нишон дод”.

Киношинос дар бораи нақши Имом Бухорӣ дар филми ҳамномаш гуфт, он ҳам яке аз қуллаҳои офариниши Муҳаммадҷонов мебошад. Ҳунарофарии дигари мавсуф дар нақши Сафар дар филми “Падари моҳтобӣ”-ро низ тавсиф кард: “Дар яке фақеҳи ислом ва дар дигарӣ падари меҳрубон буданд, ин ду симоро бисёр барҷаста ва хотирмон офаридаанд”.

“Ато Муҳаммадҷонов дар нақшҳо танҳо ҳарф намезад, балки ҳар як ҳаракаташ маъно дошт. Ин гуна ҳунармандон ангуштшуморанд”,-мегӯяд Тиллои Некқадам.

Дар синамо Ато Муҳаммадҷонов ҳамчун шоҳ, фақеҳ, додрас, падар, донишманд, муаллим ва мусофир зоҳир мешуд. Ӯ қобилияти махсус дошт, ки ба ҳар нақш маъно диҳад.

 

Атои таъсиргузор

Салим Аюбзод, рӯзноманигори тоҷик, ки бо Ато Муҳаммадҷонов мусоҳиба кардааст, аз нақли ҳунарманд яке аз паҳлӯҳои ҷолиби ҳаёти Ато Муҳаммадҷоновро боз кардааст.

Ба навиштаи Аюбзод, ҳангоме коргардон Илёр Эшмуҳаммадов Ато Муҳаммадҷоновро ба нақши Нӯҳ ибни Мансур, амири Хуросон дар филми “Наврасии нобиға” даъват кард, ӯ чандин рӯз пайиҳам меҳмони нависандаи номӣ Сотим Улуғзода шуд.

“Беҳтар аз устод Улуғзода касе наметавонист, ин нақшро ба ман фаҳмонад. Албатта, дертар бо донишманди маъруф Нӯъмон Неъматов ҳам чанд бор ҳамсӯҳбат шудам, аммо чизе ки устод Улуғзода ба ман гуфтанд, сарнавишти на танҳо ин нақш, балки умуман филмро ҳал кард”, – гуфтааст Муҳаммадҷонов.

Ато Муҳаммадҷонов барои иҷрои ин нақш розӣ шуда, вале талабҳои худро ҳам пеш гузоштааст. Рӯзноманигор менависад, “ҳарчанд филм дар бораи наврасии Абӯалӣ ибни Сино буд ва аз рӯйи филмнома шоҳи Сомониён танҳо чанд бор мебоист зоҳир мегашту ҷойгоҳи ночиз дошт (ҳатман нафрати низоми шӯравӣ ба шоҳони гузашта таъсиргузор буд), нақши Ато васеътар гашт ва сарнавишти давлати Сомониён, ки сабаби фирору ғурбати Сино будааст, аз пасманзари филм ба меҳвари он табдил ёфт. Ҳарчанд зиддияти байни шоҳону раъият, ҳамчун як зиддияти синфии ақидаи марксистӣ ҳифз шуд, ишораҳои “шоҳи одил” ба филмнома ворид гашт”.

“Охир Сомониён барои Сино шароит фароҳам оварданд, ки аз китобхонаи шоҳона истифода кунад, ба табобат ва ҷарроҳиҳо машғул гардад, агар ҳимояти шоҳони сомонӣ намебуд, Сино шояд Сино намешуд, албатта, ин ҳимоят замоне мумкин шуд, ки Синои наврас шоҳро табобат кард, ба вай шифо овард. Ҳамту, худ ба худ нашудааст, вале боз ҳам агар он подшоҳон ҷоҳил мебуданд, баъд аз табобат табибро сар мезаданд ё аз сари манор поён мепартофтанд”, – гуфтааст дар он мусоҳиба Ато Муҳаммадҷонов.

Салим Аюбзод мегӯяд, “ин ақида, ки ҳатман ба воситаи Ато Муҳаммадҷонов аз Улуғзода ба филмнома кӯчид, ҳатто сӯҳбатҳои шоҳро тағйир дод. Дар ҷое Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ намегузорад, ки Сино ба ӯ таъзим кунад ва мегӯяд: “То замоне ки ман ба ин сарзамин подшоҳӣ мекунам, ягон шоир ё олим набояд дар назди давлатдор сар хам кунад.” Бешак, бӯе аз Улуғзода меояд”.

Ӯ таъкид мекунад, “коре, ки Ато бо филмнома кард, сабаб гашт, ки филми “Наврасии нобиға” тавлиди муштараки Ӯзбекистону Тоҷикистон шумурда шавад, ҳарчанд “Тоҷикфилм” барои он маблағе харҷ накардааст, ба ҷуз аз додани ганҷинаи худ – Ато Муҳаммадҷонов”.

Ато Муҳаммадҷонов бо ин нақши амири давлати Сомониён, бо пешниҳоди ҳукумати Ӯзбекистон, сазовори Ҷоизаи давлатии ИҶШС шуд.

 

Қимати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист

Исфандиёр Ғуломов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” аз хотираҳояш бо Ато Муҳаммадҷонов нақл карда, гуфт, “бо Ато-ако зиёд вомехӯрдем ва сӯҳбатҳо мекардем”.

“Эшон ҳам дар театр ва ҳам дар синамо нақшҳои хотирмоне аз худ боқӣ гузоштанд ва ман хушбахтам, ки дар се филм бо он кас нақш офаридам”, – мегӯяд Ғуломов.

Исфандиёр Ғуломов нақл кард, “дар филми “Дарвеши ланг” дар меҳмонхонае дар Бухоро бо Ато-ако нард бозӣ мекардем. Аз поён меҳмонхона чанд зане “Атоҷон поён фароед, мо шуморо интизор” гуфтанд. Ҳамон вақт аз зани дуюмашон писарчадор шуда буданд. Ато-ако бо танз гуфтанд: “Ҳалол омадам, ҳалол хонаам меравам!”. Марди шӯх буданд, марди ҳалол ҳам буданд”.

Ӯ таъкид кард, “Ато-ако ҳамчун инсон, инсони хеле хубе буданд. Гарчанде ҳунарпешаи беҳтарине буданд, такаббур надоштанд. Ҳунарашон аз дилашон меомад ва ба дили тамошобинон мерасид”.

Абдулмуъмин Шарифӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, вақте соли 1997 ба Театри Лоҳутӣ ба кор омадам, ягона нафаре, ки бо оғӯши гарм пешвозам гирифт, устод буданд. Ин нахустин вохӯрии ман бо Ато-ако буд ва онро то охири умр фаромӯш намекунам.

“Ато Муҳаммадҷонов воқеан ҳунарманди беҳамто буданд. Чандин бор мани ҳунарманд шоҳиди ин ҳол будам, ки вақте устод дар тамрин ва иҷрои намоиш дар саҳна пушт ба тамошогар меистоданд, чашм аз эшон наметавонисти биканӣ. Ин шаҳодати ҳунар ва истеъдоди волои ҳунарманд аст. Ҳама сифатҳои ҳунармади бузургу олиро Худованд ба эшон дода буд”, – иброз дошт Шарифӣ.

 

То дами вопасин дар майдони ҳунар

Ато Муҳаммадҷонов рӯзи 7-уми сентябри соли 2002 барои иҷрои нақши Куруши Кабир дар намоиши мутантани ҳукуматӣ ба муносибати ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшан аз асп афтод ва 9-уми сентябри соли 2002 дар рӯзи ҷашни истиқлол дар 62-солагӣ даргузашт. Марги нобаҳангоми ӯ ғами бузургеро дар дилҳои ҳамватанон нишонд ва талофоти сангине дар санъати тоҷик унвон шуд.

Дӯстонаш мегӯянд, ки қадрношиносӣ тамоми умраш Ато Муҳаммадҷоновро дунбол кард. Ин ҳунарманд дар хориҷи кишвар бештар қадр шуд, барои кӯчидан ба хориҷа борҳо хона ва маоши баланд пешниҳод шуд, вале ҳамвора барои иҷрои нақш рафт, вале қароргоҳаш – Душанберо бо ҳеҷ чиз иваз накард.

Бо вуҷуди ҳама, Ато Муҳаммадҷонов нишони театру синамои тоҷик буд ва қидваи дарахшон барои наслҳои оянда боқӣ мемонад.

(Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus)

Тоҷнек

Source: Ато Муҳаммадҷонов
Via: Ато Муҳаммадҷонов
Tags: Ато Муҳаммадҷонов
Previous Post

Ҳадиси рӯз

Related Posts

Че Гевара
Машоҳир

Сукути дӯстонро ба ҳангоми ниёз фаромӯш намекунем

July 29, 2025
Мартин Хайдеггер
Машоҳир

Муруре бар андешаҳои Мартин Хайдеггер

June 8, 2025
Сайид Қутб
Машоҳир

Мактаб ва андешаи Сайид Қутб

May 25, 2025
Пайванди ҳунар ва маънавият
Адабиёт ва ашъор

Пайванди ҳунар ва маънавият

May 24, 2025
Аҳрор Мухторов
Машоҳир

Аҳрор Мухторов

March 24, 2025
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Машоҳир

Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Бобоҷон Ғафуров

March 24, 2025

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Ато Муҳаммадҷонов

Ато Муҳаммадҷонов

September 2, 2025
Ҳадиси рӯз

Ҳадиси рӯз

August 29, 2025
Ваҳдат - омили иззату шавкат ва қудрати умматҳо

Омодагӣ барои рафтан…

August 29, 2025
Худоро ба хотири ишқ бояд парастиш намуд

Худоро ба хотири ишқ бояд парастиш намуд

August 29, 2025

Recent News

Ато Муҳаммадҷонов

Ато Муҳаммадҷонов

September 2, 2025
Ҳадиси рӯз

Ҳадиси рӯз

August 29, 2025
Ваҳдат - омили иззату шавкат ва қудрати умматҳо

Омодагӣ барои рафтан…

August 29, 2025
Худоро ба хотири ишқ бояд парастиш намуд

Худоро ба хотири ишқ бояд парастиш намуд

August 29, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ато Муҳаммадҷонов

Ато Муҳаммадҷонов

September 2, 2025
Ҳадиси рӯз

Ҳадиси рӯз

August 29, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved