• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Исроил баъд аз Қатар ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард?

September 12, 2025
in Мавзӯоти доғ
0
Исроил баъд аз Қатар ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард?

Исроил баъд аз Қатар ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард?

0
SHARES
36
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Исроил баъд аз Қатар ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард?

Таҳлиле дар хабаргузории Форс

Баъд аз Қатар навбати кадом кишвар аст?

То чанд рӯз пеш, касе фикрашро намекард, ки Исроил ба Қатар ҳамла кунад; муттаҳиди Омрико, ки мизбони бузургтарин пойгоҳи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна аст. Ин ҳамла акнун анҷом шуда ва Исроил ҳанӯз мутаваққиф нашудааст. Замзамаҳо аз ҳамлаи қарибулвуқӯъи дигари саҳюнистҳо ҳатто ба Туркия ҳикоят доранд.

“Таҳдиди Ховари Миёна кист?” Ин суол акнун нақли маҳофили сиёсӣ, расонаӣ ва иҷтимоии Ховари Миёна шудааст. Давлатҳои арабӣ, ки то ҳамин чанд вақт пеш ба дунболи оддисозии равобит бо Исроил ва ҷиҳатгирӣ алайҳи Эрон буданд, пас аз ҳамлаи саҳюнистҳо ба Қатар, “дучори тардидҳои асосӣ дар рӯйкардҳои қаблии худ” шудаанд. Ин суханро хабарнигори майдонии ВВС дар Қатар гуфтааст.

Нафиса Кӯҳнавард, хабарнигори аршади ВВС, тайи гузорише аз Дуҳа гуфт: “Ин ҳамла (таҷовузи ҳавоии Исроил ба Қатар) ба навъе ҳушдор буд, ки нишон медод, Исроил хатти қирмизе дар минтақа нахоҳад дошт. Ба навъе ҳам ба нафъи Ҷумҳурии Исломӣ шуд. Ин баҳс дар расонаҳои ин ҷо ҳам матраҳ мешавад. Ҳатто ҷумлаи мақомоти Эронро меоваранд. Ҷумлаи оқои Лориҷониро дидам, ки имрӯз бисёре такрор мекарданд: миллатҳои минтақа бибинед, чӣ касе ба дунболи султа аст!”

Ишораи Кӯҳнавард ба сухани дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ ба твитте аз ӯ ба забони арабӣ буд, ки Лориҷонӣ соате пас аз ҳамлаи Исроил ба Қатар мунташир кард: “Паёми ҷинояти ахири режими саҳюнистӣ дар Қатар як чиз аст; эй кишварҳои минтақа султаи ояндаи маро дарёбед!“

Он тавр, ки хабарнигори ВВС мегӯяд, гӯё акнун кишварҳои минтақа мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки таҳдиди воқеӣ дар Ховари Миёна кадом тараф аст. Кӯҳнавард дар идомаи гузориши худ гуфт: “Акнун кишварҳои минтақа ба мавозеъи Ҷумҳурии Исломӣ, ки “Исроил таҳдиди аслии минтақа аст” расидаанд ва ҳарфҳои Эронро такрор мекунанд! Омрико нишон дод, ки паёмовари сулҳ нест ва балки боиси ҷанги бештар дар минтақа шудааст. Онҳое ҳам, ки тарафдори халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ буданд, ба фикр фурӯ рафтанд!”

Вокуниши корбарони арабзабон ба таҷовузи Исроил

Аммо ҳамлаи Исроил ба Қатар танҳо маҳофили сиёсии Ховари Миёна ва кишварҳои арабиро даргир накардааст. Бисёре аз корбарони арабзабон дар саросари минтақа бар ин боваранд, ки ҳамла ба Дуҳа “паёме равшан” буд мабнӣ бар ин ки Исроил метавонад кишварҳои арабии дигарро ҳам ҳадаф қарор диҳад ва ин пурсишро матраҳ кардаанд, ки “ҳадафи баъдӣ кист? Миср, Арабистони Саудӣ ё Туркия?”

Дар ҳамин робита, чандин ҳештеги арабӣ аз ҷумла “Дуҳа”, “Пойгоҳҳои Омрико”, “Исроил” ва ҳамчунин номи кишварҳои арабӣ дар шабакаи иҷтимоии Х дар саросари минтақа тренд шуд ва ҳудуди 600 ҳазор пост ва бознашрро ба худ ихтисос дод.

Ториқ Ҳабиб, чеҳраи мухолифи мисрӣ, эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба Риёз ё Қоҳираро мунтафӣ надонист ва гуфт: “Ин бисёр осонтар аз чизе аст, ки ба назар мерасад.”

Ӯ ҳамчунин аз ҳомиёни Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисиҷумҳури Миср хост, дарк кунанд, ки ин кишвар “дар маърази хатари воқеӣ қарор дорад”.

Рония Бадавӣ, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари мисрӣ низ навишт: “Исроил ошкоро эълом кардааст, ки ҳеч масунияте барои раҳбарони Ҳамос дар ҳеч маконе вуҷуд надорад” ва ҳушдор дод, ки ин ба маънои он аст, ки “мизбонӣ аз ҳайатҳои онон дигар сирфан як риски сиёсӣ нест, балки таҳдиде мустақим барои амнияти миллӣ аст”.

Ин корбари арабзабон дар идома навишт: “Касоне, ки мегӯянд, Миср Қатар нест ва Исроил ҷуръати чунин кореро надорад, аз назари мантиқӣ дуруст мегӯянд, аммо ин масъаларо нодида мегиранд, ки воқеияти имрӯз мантиқро ба чолиш кашидааст ва он чи дирӯз ғайримумкин буд, имрӯз ҳар рӯз дар баробари чашмони мо рух медиҳад.”

Муҳаммад Ҳоиф ал-Матирӣ, таҳлилгари сиёсии кувейтӣ ҳам навишт: “Исроил на сулҳ мехоҳад, на музокира, балки ба дунболи таҳмили султа бар тамоми ҷаҳони араб аст”. Ӯ аз кишварҳое, ки равобити худро бо Исроил оддӣ кардаанд хост, дар мавозеъи худ таҷдиди назар кунанд.

Гурӯҳи “Уммониҳо алайҳи оддисозии равобит бо Исроил” дар шабакаи иҷтимоии Х, дар паёме ба беш аз 112 ҳазор дунболкунандаи худ навишт: “Дирӯз Тунис, имрӯз Дуҳа ва фардо кишвари ман ва кишвари ту.”

Омрико шарики ҷурми режими саҳюнистӣ

Бархе корбарон низ ба нақши Омрико ва Бритониё ва ҳамчунин “ҳамкории режимҳои арабӣ” дар ин ҳамлаи ҳавоӣ ишора карданд. Алӣ ас-Санад, чеҳраи расонаӣ ва донишгоҳии кувайтӣ гуфт, ки Омрико барои ин ҳамла “чароғи сабз” додааст.

Холид ибни Сайф, фаъоли уммонӣ навишт: “Агар кишварҳои халиҷи Форс дар эъломи ошкори ҷанг алайҳи саҳюнистҳо муттаҳид нашаванд ва равобити худро бо Омрико қатъ накунанд, ҳеч вокуниши дигаре арзише нахоҳад дошт”.

Исҳоқ Алӣ, фаъоли пешини ҳуқуқи башари саудӣ, ки акнун сокини Нюзеланд аст, гуфт, ки ин ҳамалот бозтобе аз “зуҳури Исроили бузург” аст. Бархе низ аз ҳузури пойгоҳҳои низомии Омрико дар минтақа ва дар Қатар интиқод карданд ва гуфтанд, ин пойгоҳҳо марокизи “таҳоҷуми салибӣ” аст, дар ҳоле, ки иддае дигар таъкид карданд: “Онҳо фақат барои ҳифозат аз Исроил он ҷо ҳастанд”.

Туркия ё Миср? Масъала ин аст!

Ҳамалоти бесобиқа ва афсоргусехтаи режими саҳюнистӣ ба Қатар ва убур аз хутути қирмизе, ки пештар касе тасаввурашро намекард, ин шоибаро дар миёни бисёре аз мардум, расонаҳо ва давлатмардони минтақа ба вуҷуд овардааст, ки акнун ҳеч кишваре дар минтақа аз таҷовузи Исроил масун нест.

Дар миёни кишварҳое, ки номи онҳо дар листи ҳамалоти эҳтимолии Исроил бисёр такрор мешавад, Туркия ва Миср рутбаҳои бартарро ба худ ихтисос додаанд. Туркия монанди Қатар мизбони масъулони Ҳамос аст ва Миср низ дар миёнаи майдони набард аст. Бо Ғазза иртиботи заминӣ дорад ва ҳар аз гоҳе аз сӯйи мақомоти саҳюнистӣ муттаҳам ба мумошот бо Ҳамос мешавад.

Дар ҳамин хусус яке аз корбарони арабзабон дар посте дар Фейсбук пешниҳод кардааст, ки Туркия бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти ахири минтақа метавонад ҳадафи эҳтимолӣ бошад. Бо ин ҳол ӯ ёдовар шуд, ки “ҷабҳаи Миср ҳассостарин аст”, ба далоиле аз ҷумла он ки ин кишвар дар миёни манотиқи даргирӣ қарор дорад ва бо бӯҳрони иқтисодии шадиде рӯбарӯст.

Натонёҳу дар аввалин вокуниш пас аз ҳамлаи ҳавоӣ ба Қатар, дар суханоне ба “кишварҳое, ки мизбони раҳбарони ҷунбиши Ҳамос” ҳастанд, ҳушдор дод ва гуфт: “Ба Қатар ва тамоми кишварҳое, ки теруристҳоро паноҳ медиҳанд, мегӯям: ё онҳоро ихроҷ кунед ё ба адолат бисупоред, вагарна мо ин корро анҷом хоҳем дод.”

Аз он ҷо, ки Туркия низ мизбони теъдоде аз сарони Ҳамос аст, ба заъми бисёре аз коршиносон, мумкин аст ҳадафи баъдии саҳюнистҳо ин кишвар бошад. Дар ҳамин хусус Меир Мисрӣ, таҳлилгари саҳюнист дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: “Имрӯз Қатар, фардо Туркия, Исроил дар ҳоли мубориза бо теруризм аст.”

Таҳдиди ошкори рӯзноманигори исроилӣ вокуниши шадиде аз сӯйи Ӯктой Сорол, мушовири раисиҷумҳури Туркия дарёфт кард. Ӯктой хитоб ба Меир Мисрӣ навишт: “Хитоб ба саги исроилӣ! Равшан аст, ки ту на Туркияро мешиносӣ ва на мардуми онро, аммо ин амр зиёд тӯл нахоҳад кашид. Ба зудӣ вақте, ки аз рӯйи нақша маҳв шудед, ҷаҳон ба оромиш хоҳад расид.”

Мушовири Урдуғон афзуд: “Агар бипурсӣ, ки ин корро чӣ касе анҷом хоҳад дод? Посух ин аст, ҳамон кишваре, ки фикр мекунӣ фардо бад-он ҳамла хоҳӣ кард!”

Эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба Туркия, ки узви НАТО ва аз муттаҳидони суннатии Омрико дар минтақа ба шумор меравад, ба ҳадде ҷиддӣ аст, ки шабакаи “Кан”-и Исроил тайи гузориш овардааст: “Исроил дар назар дошт раҳбарони Ҳамосро дар Туркия ҳадаф қарор бидиҳад. Аммо ба ҷойи он Қатарро интихоб кард.”

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Исроил баъд аз Қатар ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард?
Via: Исроил баъд аз Қатар ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард?
Tags: Исроил баъд аз Қатар ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард?
Previous Post

Эй уммати исломӣ аз Фаластин ҳимоят кунед

Next Post

СММ; ташкили кишвари Фаластин

Related Posts

СММ; ташкили кишвари Фаластин
Мавзӯоти доғ

СММ; ташкили кишвари Фаластин

September 12, 2025
Шайх Ҳусайн Муҳаммад Қосим
Мавзӯоти доғ

Эй уммати исломӣ аз Фаластин ҳимоят кунед

September 11, 2025
Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ: Роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом ваҳдат бар меҳвари муштаракот аст
Имон ва ваҳдат

Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ: Роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом ваҳдат бар меҳвари муштаракот аст

September 11, 2025
Муфтии аҳли суннати Ироқ: Бояд мусалмонон яксадо дар муқобили душман биистанд
Имон ва ваҳдат

Муфтии аҳли суннати Ироқ: Бояд мусалмонон яксадо дар муқобили душман биистанд

September 11, 2025
Меҳмоннавозии ҳазрати Муҳаммад(с)
Мавзӯоти доғ

Меҳмоннавозии ҳазрати Муҳаммад(с)

September 11, 2025
Ҷашни Истиқлол муборак
Мавзӯоти доғ

Ҷашни Истиқлол муборак

September 9, 2025
Next Post
СММ; ташкили кишвари Фаластин

СММ; ташкили кишвари Фаластин

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Оё ахлоқ ва сиёсаӣ ба ҳам рабт доранд?

Оё ахлоқ ва сиёсат ба ҳам рабт доранд?

September 13, 2025
СММ; ташкили кишвари Фаластин

СММ; ташкили кишвари Фаластин

September 12, 2025
Исроил баъд аз Қатар ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард?

Исроил баъд аз Қатар ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард?

September 12, 2025
Шайх Ҳусайн Муҳаммад Қосим

Эй уммати исломӣ аз Фаластин ҳимоят кунед

September 11, 2025

Recent News

Оё ахлоқ ва сиёсаӣ ба ҳам рабт доранд?

Оё ахлоқ ва сиёсат ба ҳам рабт доранд?

September 13, 2025
СММ; ташкили кишвари Фаластин

СММ; ташкили кишвари Фаластин

September 12, 2025
Исроил баъд аз Қатар ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард?

Исроил баъд аз Қатар ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард?

September 12, 2025
Шайх Ҳусайн Муҳаммад Қосим

Эй уммати исломӣ аз Фаластин ҳимоят кунед

September 11, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Оё ахлоқ ва сиёсаӣ ба ҳам рабт доранд?

Оё ахлоқ ва сиёсат ба ҳам рабт доранд?

September 13, 2025
СММ; ташкили кишвари Фаластин

СММ; ташкили кишвари Фаластин

September 12, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved