Дидори фармондеҳи CENTCOM бо Ҷулонӣ
Ахбори байналмилал
Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Омрико (CENTCOM) ва саркардаи ҳайати Таҳрируш-Шом дар Димишқ дидор ва гуфтугӯ карданд.
Ба гузориши пойгоҳи расмии CENTCOM, Чарлз Брэд Купер, фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Омрико (CENTCOM) – ки дар Ҷ.И.Эрон ба унвони созмони теруристӣ дониста шудааст, рӯзи ҷумъа дар Димишқ бо Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ, саркардаи ҳайати Таҳрируш-Шом, ки худро раиси давраи интиқолии Сурия медонад дидор кард.
Бар асоси ин гузориш, дар ин дидор, Томас Барак, фиристодаи вежаи Омрико ба Сурия ва шуморе аз вазирон ва мақомоти баландпояи Сурия низ ҳузур доштанд.
Пойгоҳи CENTCOM навишт, Купер ва Ҷулонӣ, чашмандозҳои ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ ва низомиро баррасӣ карданд.
Тарафайн бар эҳтимоми муштарак ба тақвияти широкати стратегӣ ва густариши конолҳои иртиботӣ миёни Димишқ ва Вошингтун дар сутуҳи мухталиф таъкид карданд.
Ин дар ҳолест, ки бархе таҳлилгарони минтақа ва корбарони фазои маҷозӣ, ин рухдодро, “дидори расмии ду террорист” унвон кардаанд.
tajnek.com
Тоҷнек