Чаро ба кофир кофир мегӯянд?
Ёддошти Сайидюнус Истаравшанӣ
Вақт, ки пайдо кардам, ёддоштҳои Абдулқодир Талбаков ва ё Сафват Бурҳонов ва ҳамчунин ёддошти азизонеро, ки дар вокуниш ба ин ду нафар чизе менависанд мехонам.
Яке ду нукта ҳаст, ки лозим дидам, дар ин хусус ба сурати кӯтоҳ ёдовар бишавам:
1) Бардоштам аз вокуниши азизон ин аст, ки гумон мекунанд, ин ду нафар (ва амсоли эшон), дар он чи мегӯянд ҷиддӣ ҳастанд, яъне фикр мекунанд, Абдулқодир Талбаков ва ё Сафват Бурҳонов вақте чизе алайҳи маорифи исломӣ ва боварҳои мусалмонон менависанд, воқеан ба он чи мегӯянд, эътиқоди қалбӣ доранд ва боварашон ҳамин аст. Бинобар ин, мебинед, азизон тамоми талоши худро ба харҷ медиҳанд, то истидлол кунанд, ки ҳарфи онҳо ба ин далел ё он далел дуруст нест.
Дар ҳоле, ки ин ду нафар ва амсоли онҳо, дар он чи иброз медоранд ҷиддӣ нестанд ва ба он чи мегӯянд бовар надоранд. Ин воқеият, бо андак нигоҳ ба матолибе, ки менависанд, равшан мешавад.
Ҳоло ба унвони мисол арз мекунам. Масалан, Талбаков иддао мекунад, зардуштӣ аст. Хуб, зардуштӣ будан бад-ин маъност, ки тараф диндор аст; ба Худо ва моваро имон дорад, ба ҳамон маорифе, ки як зардуштӣ мӯътақид аст, боварманд аст.
Хуб, нӯши ҷонаш! Аммо оё дар ин иддао рост мегӯяд?! Вақте ба мавзеъгириҳо ва ёддоштҳои эшон диққат мекунед, мебинед, он навиштаҳо бо зардуштӣ будан аслан намехонад. Балки эшон, фақат барои кӯбидани ойини ислом ва маорифи он, ба кеши зардуштӣ паноҳ овардааст.
Чанд рӯз пеш, аз эшон ёддоште дидам бо унвони “Худо ва Хитой”, ки дар он Худоро зери суол бурда, на ойини исломро.
Дар ҳоле, ки Худо Худост, фарқе намекунад, чӣ ту мусалмон бошӣ ва чӣ зардуштӣ ва ё чӣ масеҳӣ. Бале, эроди мусалмон ба як зардуштӣ ё масеҳӣ ин аст, ки тасаввури ту дар бораи Худо нодуруст аст, ширколуд аст. Вагарна Худо Худост. Ба сухани дигар, офаридгор ҳамон офаридгор аст, мунтаҳо тасаввури одамҳо метавонад аз ӯ гуногун ва аҳёнан зидду нақиз бошад. Аммо бо ин ҳама, асли вуҷуди Худо ва офаридгор, бо вуҷуди ихтилофи назар дар зот ва сифоти ӯ, назди ҳамаи онҳо мусаллам аст.
Бо ин ҳисоб, як зардуштии воқеӣ ва мӯътақид ба Худо, оё метавонад асли вуҷуди Худоро зери суол бибарад?! Абадан!
Асосан, ҳар касе, ки бо ойини ислом ва маорифи он мушкиле дорад – ҳоло ба ҳар далел – мебинед, ки ба як ойин ва кеше ғайр аз ислом паноҳ оварда ва барҷастааш месозад. Ӯ, ба маорифи ин ойин кучактарин эътиқоде надорад, балки ба унвони як василаи кӯбидани ислом, ба он чанг зада. Ва ё ойин ва кеш на, балки ба як суннат ва фарҳанги куҳан чанг зада ва бузургаш мекунад. Дар ҳоле, ки кучактарин эҳтироме ба онҳо қоил нест, балки фақат барои зарба задан ба ислом, ба он паноҳ оварда. Ва ин, пасттарин ва фурӯмоятарин рафтор аст.
2) Вақте ба рафтори мухолифони паёмбарон дар тӯли таърих нигоҳ мекунед, мебинед, айни ҳамин рафторро доштанд. Онҳо низ кучактарин эътиқоде ба ойине, ки дар муқобили паёмбарон ба он паноҳ мебурданд ва мегуфтанд, ки мо мудофеъи дини аҷдоди худем, надоштанд.
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ اتَّبِعُوا مَا أَنْزَلَ اللَّهُ قَالُوا بَلْ نَتَّبِعُ مَا أَلْفَيْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا أَوَلَوْ كَانَ آبَاؤُهُمْ لَا يَعْقِلُونَ شَيْئًا وَلَا يَهْتَدُونَ
“Ва чун куффорро гӯянд: пайравӣ аз шариат ва китобе, ки Худо фиристода кунед, посух диҳанд, ки мо пайрави дини падарони худ хоҳем буд. Оё боист онҳо тобеъи падарон бошанд, гарчӣ он падарон беақл ва нодон буда ва ҳаргиз ба ҳақ ва ростӣ роҳ наёфта бошанд?” (Бақара/170)
وَقَالُوا لَوْ شَاءَ الرَّحْمَنُ مَا عَبَدْنَاهُمْ مَا لَهُمْ بِذَلِكَ مِنْ عِلْمٍ إِنْ هُمْ إِلَّا يَخْرُصُونَ. أَمْ آتَيْنَاهُمْ كِتَابًا مِنْ قَبْلِهِ فَهُمْ بِهِ مُسْتَمْسِكُونَ. بَلْ قَالُوا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِمْ مُهْتَدُونَ. وَكَذَلِكَ مَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ فِي قَرْيَةٍ مِنْ نَذِيرٍ إِلَّا قَالَ مُتْرَفُوهَا إِنَّا وَجَدْنَا آبَاءَنَا عَلَى أُمَّةٍ وَإِنَّا عَلَى آثَارِهِمْ مُقْتَدُونَ. قَالَ أَوَلَوْ جِئْتُكُمْ بِأَهْدَى مِمَّا وَجَدْتُمْ عَلَيْهِ آبَاءَكُمْ قَالُوا إِنَّا بِمَا أُرْسِلْتُمْ بِهِ كَافِرُونَ
“Онон гуфтанд: агар Худо мехост, мо онҳоро парастиш намекардем. Вале ба ин амр яқин надоранд ва ҷуз дурӯғ чизе намегӯянд. Ё ин ки мо китобе пеш аз ин ба онҳо додаем ва онҳо ба он тамассук меҷӯянд? Балки онҳо мегӯянд: мо ниёгони худро бар дине ёфтем ва мо низ ба осори онҳо ҳидоят шудаем. Ҳамин гуна дар ҳеч шаҳру диёре пеш аз ту паёмбаре инзоркунанда нафиристодем магар ин ки сарватмандони масту мағрур гуфтанд: мо падарони худро бар кеше ёфтем ва ба осори онҳо иқтидо мекунем. (Паёмбарашон) гуфт: оё агар ман ойини ҳидоятбахштар аз он чи падаронатонро бар он ёфтед оварда бошам, (боз ҳам инкор мекунед?!) Гуфтанд: (оре) мо ба он чи шумо ба он мабъус шудаед кофирем.” (Зухруф/20-24)
Ҳатто Фиръавн вақте хост, мардумро аз даври Мӯсо дур кунад, хитоб ба мардум гуфт: Мӯсо мехоҳад дини шуморо хароб кунад ва ман нигарони он динам:
وَقَالَ فِرْعَوْنُ ذَرُونِي أَقْتُلْ مُوسَى وَلْيَدْعُ رَبَّهُ إِنِّي أَخَافُ أَنْ يُبَدِّلَ دِينَكُمْ أَوْ أَنْ يُظْهِرَ فِي الْأَرْضِ الْفَسَادَ
“Ва Фиръавн гуфт: бигузоред, ман Мӯсоро бикушам ва ӯ парвардигорашро бихонад (то наҷоташ диҳад). Ман аз ин метарсам, ки ойини шуморо дигаргун созад ва ё дар ин замин фасод барпо кунад.” (Ғофир/26)
3) Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Қуръон ба мухолифони паёмбарон вожаи “кофир”-ро ба кор бурдааст. Ва ин, бешак аз эъҷози Қуръон аст. Кофир дар луғат яъне пӯшонанда. Араб мегӯяд:
کفر درعه بثوبه
“Сипари худро ба пироҳанаш пӯшонд.” Яъне ӯ сипаре дошт, аммо болои онро бо либосаш пӯшонд ва пинҳон кард, то дида нашавад. Ва ё ба деҳқон ва кишоварз араб кофир мегуфт, зеро кишоварз базру донаро зери замин пинҳон мекунад ва болои онро ба хок мепӯшонад.
Ин ки Қуръон ба кофир кофир мегӯяд, ба ин ҷиҳат аст, ки ӯ фитрати худро пӯшонда ва пинҳон карда. Аз назари Қуръони Карим, ҳар инсоне фитратан Худобовар аст яъне мусалмон аст:
فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَتَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ
“Рӯйи худро мутаваҷҷеҳи ойини холиси парвардигор кун; ин фитрате аст, ки Худованд инсонҳоро бар он офарида. Дигаргунӣ дар офариниши Худо нест. Ин аст дин ва ойини муҳкам ва устувор, вале аксари мардум намедонанд.” (Рум/30)
Бале, аз назари ислом, ҳар инсоне, ки мутаваллид мешавад, ӯ мусалмон мутаваллид мешавад яъне бо фитрати поки Худогароӣ ва тавҳид зода мешавад, мунтаҳо волидайн ва муҳиташ ӯро аз ин фитрат берун месозанд. Ҳазрати паёмбари ислом (с) фармоянд:
كلُّ مولودٍ يولَدُ على الفطرةِ فأبواه يُهوِّدانِه أو يُنصِّرانِه أو يُمجِّسانِه
“Ҳар мавлуде бар фитрат (-и тавҳид) зода мешавад ва ин падару модари ӯ ҳастанд, ки вайро ё яҳудӣ месозанд ва ё ва насронӣ ё маҷусӣ” (Ривояти Бухорӣ)
Бинобар ин, ин касоне, ки лаҷҷу лаҷбозӣ мекунанд, инҳо кофиранд, на мункири воқеӣ ва содиқ.
Хуб, ёддошт каме ба тӯл кашид, боз ҳам дар як фурсати дигар менависам.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
tajnek.com
Тоҷнек