Вақте популистҳо дар ҷумҳурии Чек (Чехия) пирӯз мешаванд
Байналмилал
Популизм ва миллигароӣ дар Урупо
Мақолае ба қалами Тимоти Гартон Эш (Timothy Garton Ash), таърихнигор ва сутуннависи барҷастаи Guardian
Ишора: Бо нависанда ва гароишҳои либеролии ӯ ва низ бо андешаҳояш мувофиқ нестам, бо муҳтавои таҳлили ӯ низ чандон мувофиқ нестам, мақолаи ӯро ба ин ҷиҳат меоварам, ки то хонанда бидонад, Урупои шарқӣ дар ҳоли ҳозир бо чӣ чолише рӯбарӯст.
Агар дар яке аз хиёбонҳои ороми маркази Прага панҷараеро боз кунед, нахустин садое, ки ба гӯш мерасад, тарақ-туруқи чархи чамадонҳо бар сангфаршҳост; чамадонҳои туристҳое, ки дар роҳи ҳутел ё иқоматгоҳҳои туристӣ ҳастанд. Пойтахти Ҷумҳурии Чек (Чехия) дар соли гузашта мизбони 8 миллион боздидкунанда буд.
Туристҳое, ки дар атрофи кохи Прага қадам мезананд ва кафеҳои ин шаҳри қадимиро аз ханда ва ҳаёҳу пур мекунанд, эҳтимолан аз пирӯзии ахири аҳзоби ростгарои популист бехабаранд ва гумон мекунанд, инҷо ҳам кишваре “оддӣ” дар қалби Урупост.
Ва то ҳадде ҳақ доранд; бархе таҳлилгарони рӯзномаҳо, ки ба дунболи титрҳои ҷаззобанд, ривояти мутафовите ироа медиҳанд: ин ҳамон Урупои шарқӣ аст, ки дубора ба хештан бозмегардад. Пас аз Маҷористон (Венгрия), Полша ва Словакия, акнун Чек низ дар масири мушобеҳе гом ниҳодааст. Ҳақиқати моҷаро, хонданӣ аст ва ҳушдордиҳанда.
36 сол пеш, дар тирамоҳи 1989 ва дар ҷараёни инқилоби махмалӣ (1), мардуми Прага борҳо таъкид мекарданд, ки танҳо орзуяшон, “оддӣ шудан”-и кишвар аст. Манзур аз “оддӣ”, кишваре шабеҳи Олмони ғарбӣ (ФРГ), Фаронса, Британия, Испания ё Италия буд. Имрӯза, кишварашон ба воқеъ чунин шуда, бо ин тафовут, ки мафҳуми “оддӣ будан” дигаргун шудааст. Он замон, меъёри “оддии ғарбӣ” бар пояи озодихоҳӣ, байналмилалгароӣ ва ҳамгароӣ бо Урупо таъриф мешуд, акнун аммо ин меъёрҳо ҷойи худро ба зидди либеролизм, миллигароӣ ва тардид нисбат ба Иттиҳодия Урупо додаанд.
Дар корзори интихоботии ахир, нахуствазири вақт, Петр Фиала талош мекард, раъйдиҳандагонро бо пурсише басиҷ кунад: “Ба самти Шарқ биравем ё Ғарб?” Вақте “Ғарб”-и имрӯз, намояндаи сиёсатмадороне чун Доналд Трамп дар Омрико ва Ҷорҷия Мелонӣ дар Италия ва аҳзобе монанди “Реформаи Британияи кабир”-и Найҷел Фараҷ, “Алтернатива барои Олмон” ва “Таҷаммӯъи миллии Фаронса” аст, ин пурсиш маъно ва коркарди худро аз даст додааст. (2)
Андрей Бабиш – раҳбари ҳизби “Бале”, пирӯзи интихобот, ки нахуствазири пешин аз 2017 то 2021 буд, миллиардер ва тоҷири бонуфузе аст, ки сарваташро абзори пешрафти сиёсӣ кардааст. Ӯ даргири парвандаҳои қазоии муртабит бо фасод аст ва боварҳои идеологии амиқе надорад. Бабиш “популисте корофарин” аст, ки масирашро бар асоси ҷараёни раъйи мардум интихоб мекунад ва ёдовари чеҳраҳое монанди Силвио Берлускони дар Италия (3) ё Доналд Трамп аст.
Ҳампаймонони эҳтимолиаш дар давлати оянда, чеҳраҳое бисёр ифротитаранд: ҳизби рости ифротии “Озодӣ ва демократияи мустақим” (4) ба раҳбарии Томио Окамура, миллигарои Чек бо табори ҷопонӣ ва ҳизби аҷибноми “Ронандагон бо такя ба худашон (ронандагони мустақил)”. Ин ҳизб, барои мансаби Вазорати хориҷа, Филип Турек, ронандаи собиқи мусобиқоти автомобилрониро пешниҳод додааст; марде бо гузаштае бисёр зишт. Тасвире ҳам аз ӯ мунташир шуда, ки аз панҷараи мошине саломи нозӣ медиҳад.
Фаронса собиқае дерина дар таҳқири нимаи шарқии Урупо дорад, ки метавон онро зайли “шарқшиносии дарунурупоӣ” гунҷонд.
Бо ин ҳол ва бо вуҷуди шахсиятҳои номатаъорифе монанди Окамура ва Турек, сиёсат дар Ҷумҳурии Чеки имрӯз, мисдоқи суботи демократия аст, бавижа агар онро бо вазъияти феълии Фаронса муқоиса кунем. Дар ин қиёс, Бабиш дар баробари чеҳраҳои хандадоре ҳамчун нахуствазири пешини Британия, Лиз Трасс (5), ҷиддӣ ва муваҷҷаҳ ҷилва мекунад.
Агар каме жарфтар бингарем, шавоҳиде ошкор аз навъе “вежагии панурупоӣ” намоён мешавад. Акнун саронаи тавлиди нохолиси дохилӣ дар Ҷумҳурии Чек, ба сабаби рушди иқтисодии чашмгире пас аз фурӯпошии коммунизм ва бар асоси шохиси баробарии қудрати харид, 14-умин дар Иттиҳодия Урупо аст ва ҳатто аз Испания ва Португалия пешӣ гирифтааст. Ин кишвар камтарин дарсади ҷамъияти дар маърази фақрро дар Иттиҳодия дорад ва нархи бекории он низ ҷузъи поинтаринҳост, ҳарчанд дар шохисҳое монанди омӯзиши олӣ ҳанӯз ақибтар аз миёнгини Урупост.
Мероси ду раисиҷумҳури барҷаста — Томаш Гарриг Масарик (6), бунёнгузори Чехославакия пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал ва Ватслав Гавел (7), нахустин раисиҷумҳури Ҷумҳурии Чеки пас аз ҷанги сард — ниҳодҳои демократӣ ва касратгароӣ ба ҷой гузоштааст, ки аз манзари меъёрҳои Ғарби имрӯз, мустаҳкам ва қобили иттико ҳастанд. Ин ниҳодҳо шомили сено, додгоҳи қонуни асосӣ, девони муҳосиботи миллии мустақил ва расонаҳои умумии телевизион ва радио ҳастанд, ки ҳанӯз аз эҳтироми умумӣ бархӯрдоранд. Давлати популисти оянда мумкин аст ин сохторҳоро таҳдид кунад, аммо ҷомеаи мадании фаъол ва раисҷумҳури кишвар дар баробари ин таҳдид истодагӣ хоҳанд кард. Кош метавонистем ҳаминро дар бораи Иёлоти Муттаҳида низ бигӯем!
Таърих нақши муҳимме дорад. Ҳанӯз шабоҳатҳои минтақаии барҷастае дар кор аст, ки реша дар 40 сол султаи Шуравӣ ва ҳукумати коммунистӣ то соли 1989 дорад, аммо ба тадриҷ мероси даврони пешокоммунистӣ ва императориҳои пеш аз 1914 аҳаммияти бештаре ёфтааст. ( 8 )
Нигоҳе ба рӯйкарди кишварҳо нисбат ба ҷанги Украина ин печидагиро равшан мекунад. Бисёре аз нозирон, “Урупои шарқӣ”-ро ҳомии Украина ва мухолифи Русия медонанд, аммо воқеият дақиқтар аст. Кишварҳои шимолӣ-шарқии Урупо монанди Полша ва ҷумҳуриҳои Балтик чунин мавзеъе доранд ва низ кишварҳои шимоли Урупо монанди Финландия ва Шветсия бо таҷрибаи тӯлонӣ аз империализми рӯсӣ. Дар муқобил, кишварҳои ҷануби шарқии Урупо монанди Булғористон ва Сербия, ба далели мероси масеҳияти ортодокс ва даврони султаи усмонӣ, рӯйкарде нармтар нисбат ба Русия ва ҳимояти камтар аз Украина доранд ва дар ин замина бештар шабеҳи кишварҳои ҷануби Урупо монанди Юнонанд, то Эстония ё Дания. Боз ҳам шоҳиди “пайкараи мозаикии урупоӣ” ҳастем. (9)
Бо ин ҳол, чархиши ростгароёнаи Ҷумҳурии Чек воқеан нигаронкунанда аст, бавежа барои Украина. Ба ибтикори раисиҷумҳури Павел, женероли пешини НАТО, ин кишвар барномае чашмгир барои ҳамоҳангии хариди муҳиммот ба мақсади Украина дар сатҳи Урупо ва ҷаҳон иҷро кардааст. Соли гузашта, Ҷумҳурии Чек 1.5 миллион силоҳи сабук ба Киев фиристод ва қасд дорад, то поёни 2025 ин мизонро ба 1.8 миллион бирасонад, ки бузургтарин саҳм аз таъмини муҳимотти ҳаётии Урупо барои Украина маҳсуб мешавад. Акнун аммо Бабиш мегуяд: “Бигзор дигаре масъулиятро бар ӯҳда гирад.”
* * *
Поварақӣ:
(1) Инқилоби махмалии Прага, рухдоде мусолиматомез дар соли 1989 дар Чехославакия буд, ки ба суқути режими коммунистӣ ва поёни ҳукмронии ҳизби коммунист анҷомид. Ин инқилоб, бо тазоҳуроти густарда, эътисобот ва мухолифатҳои маданӣ шакл гирифт ва ба интиқоли қудрат ба давлати демократӣ ва оғози масири Ҷумҳурии Чек мунҷар шуд. (Тимоти Гартон Эш)
(2) Ҳизби “Бародарони Италия” ба раҳбарии Ҷорҷия Мелонӣ, ростгарои миллигаро, зидди муҳоҷират ва мухолифи Иттиҳодияи Урупо, бо тамаркуз бар муҳофизакории иҷтимоӣ ва ҳувияти италияӣ аст.
“Реформаи Британияи кабир”, ҳизби ростгарои Британия ба раҳбарии Найҷел Фараҷ, мудофеъи хуруҷи Британия аз Иттиҳодияи Урупо ва сиёсатҳои зидди муҳоҷират аст.
“Алтернатива барои Олмон” (AfD), ҳизби ростгарои ифротии Олмон аст, ки зидди муҳоҷират, мунтақиди Иттиҳодияи Урупо ва ҳомии сиёсатҳои миллигароёна аст.
“Таҷаммӯъи миллии Фаронса”, ҳизби ростгарои ифротӣ ба раҳбарии Марин Ле Пен, ки зидди муҳоҷират, миллигаро ва мунтақиди Иттиҳодияи Урупо ва сиёсатҳои ҷаҳонисозӣ аст. (Тимоти Гартон Эш)
(3) Силвио Берлускони, нахуствазири пешини Италия, сиёсатмадори ростгаро ва популист буд, ки ба кӯмаки расонаҳо ва тиҷорат, нуфузи густардаи сиёсӣ дошт. (Тимоти Гартон Эш)
(4) Ҳизб “Озодӣ ва демократияи мустақим” дар Ҷумҳурии Чек, ба раҳбарии Томио Окамура, ҷараёне ростгаро ва популист аст, ки бар миллигароӣ ва мухолифат бо муҳоҷират таъкид дорад. (Тимоти Гартон Эш)
(5) Лиз Трасс, сиёсатмадори британияӣ ва узви ҳизби муҳофизакор, ба муддати кӯтоҳе нахуствазири Британия буд (6 ҳафта дар соли 2022); даврони ҳукуматаш бо бӯҳрони сиёсӣ ва нақди густарда ҳамроҳ шуд. (Тимоти Гартон Эш)
(6) Томаш Гарриг Масарик (1880-1936), бунёнгузор ва нахустин раисиҷумҳури Чехославакия пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал, намоди демократия ва миллигароии мӯътадил дар Урупои марказӣ буд.
(7) Ватслав Гавел (1936-2011), нависанда, намоишноманавис ва фаъоли сиёсии Чек, нахустин раисиҷумҳури Ҷумҳурии Чек пас аз ҷанги сард, намоди муқовимати маданӣ ва демократия дар Урупои марказӣ буд. (Тимоти Гартон Эш)
( 8 ) Императориҳои пеш аз 1914 дар Урупои марказӣ нақши муҳимме дар шаклгирии ҳувияти миллӣ, фарҳанги сиёсӣ ва сохторҳои иҷтимоии имрӯз доранд. Ин давра, шомили салтанатҳои чандмиллиятӣ монанди Императории Австрия – Маҷористон (Венгрия) ва подшоҳиҳои мустақилли Чек ва Полша аст ва боис шуд ҷомеаҳои Урупои марказӣ бо печидагиҳои қавмӣ, забонӣ ва мазҳабии гуногун ошно шаванд. Низомҳои идорӣ, суннатҳои ҳуқуқӣ ва омӯзишӣ, шабакаҳои иқтисодии ин императориҳо пояҳои тавсиаи модернро фароҳам карданд ва ҳатто пас аз фурӯпошии сиёсӣ, таъсирашонро бар ниҳодҳо ва фарҳанги сиёсии кишварҳо ҳифз карданд. Ин мероси таърихӣ боис шудааст, ки имрӯз кишварҳое чун Ҷумҳурии Чек, Полша ва Маҷористон бо пайванде миёни гузашта ва императорӣ ва таҷрибаи коммунистӣ, сиёсат, иқтисод ва ҳувияти фарҳангии худро мудирият кунанд. Дар таҳлили таҳаввулоти сиёсии муосир, тавваҷӯҳ ба ин заминаи таърихӣ барои дарки рафтори сиёсӣ ва иҷтимоии кишварҳои Урупои марказӣ зарурӣ аст. (Тимоти Гартон Эш)
(9) Мозаикаи урупоӣ, тасвире аз танаввӯъи густардаи фарҳангӣ, таърихӣ ва сиёсии қорра аст; улгуе ки на танҳо тафовутҳои шарқу ғарбу шимолу ҷануб, ки печидагиҳои маҳаллӣ, қавмӣ ва мазҳабиро низ бозтоб медиҳад. Ҳар кишвар бо таҷрибаи таърихии мунҳасир ба фарди худ, аз императориҳо ва салтанатҳои пешин то даврони коммунизм ва тағйироти муосир, бахше аз ин мозаика аст. Ин танаввӯъ, фурсат ва чолиш эҷод мекунад: аз як сӯ ғиноси фарҳангӣ ва таҷрибиёти мутафовит ва аз сӯйи дигар, душворӣ дар эҷоди сиёсатҳо ва арзишҳои муштарак дар сатҳи Иттиҳодияи Урупо. (Тимоти Гартон Эш)
Guardian
tajnek.com
Тоҷнек



















