• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Маънои ҷабр дар баёни Мавлоно

November 7, 2025
in Адабиёт ва ашъор
0
Достони пайвастани Шамс ба Мавлоно

Достони пайвастани Шамс ба Мавлоно

0
SHARES
22
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Маънои ҷабр дар баёни Мавлоно

Лафзи ҷабрам ишқро бесабр кард

В-он ки ошиқ нест, ҳабси ҷабр кард.

Ин байт аз мубҳамтарини абёти Маснавӣ аст. Аз абёти пешин ошкор гашт, ки ҳаракоту саканот ва куллан ҳувиятҳои мавҷудот ба навъи таҷаллии илоҳӣ, (ё ба қавли Мавлоно, ба афсуни Ҳақ дар гӯши мавҷудот) бастагӣ дорад. Ва ҳеч махлуқеро аз он гурез ва гузире нест. Ва низ фармуд, ки таҳаввули андеша аз мартибаи шак то марзи яқин низ баста аст ба феълу машияти илоҳӣ. Ва боз матолибе фармуд, ки мазмуни он ин аст, ки мабодии ихтиёри одамӣ аз умури ихтиёрӣ нест. Ин матолиб ошкоро ҷабру адами ихтиёри инсонро собит мекунад. Аммо чун Мавлоно медонад, ки баёноти пешинаш дар зеҳни мухотаб ақидаи чабрро тадоӣ мекунад, пас барои дафъи таваҳҳум мегӯяд: Он чӣ ман пештар гуфтам, “ҷабр” ба маънои мусталаҳ нест, балки мақоми маияти (ҳамроҳии) Ҳақ Таолост.

Маънои байт: Сухан гуфтани ман аз ҷабр сабрро аз ошиқи Ҳақ даррабуд, зеро ошиқи Ҳақ ба чунон муҷоҳада ва талоше афтод, то худро ба мақоми “маият” бирасонад ва ҳастии худро дар ҳастии Ҳақ фонӣ созад. Ва ҳол он ки касе, ки дарди ишқи Ҳақро надорад ва аз он фориғ аст, ҷабрро зиндоне пиндор кардааст. Яъне ҷабрро дар ҷойи номуносибаш ба кор бурдааст. Ин маъно бар ин фарз анҷом шуд, ки “ҷабр” дар мисраи аввалро “ҷабри маҳмуд” ва “ҷабр” дар мисраи дуввумро “ҷабри мазмум” бидонем. (Чунон ки Никелсун дар “Шарҳи Маснавии Маънавии Мавлавӣ”, Дафтари аввал, с.235 чунин боваре дорад). “Ишқ”-ро ҷоиз аст ба “ошиқ” таъвил кунем ба қаринаи мисраи дуввум, ки мегӯяд: “В-он ки ошиқ нест…”

Аммо ваҷҳи дигари байти фавқ ин аст, ки “ҷабр”-ро дар ҳар ду мисра ба ҳамон маънои машҳур ва мусталаҳ бигирем. Дар ин сурат маъно ва манзури байт ин аст: Вақте дар нисбат бо ҳазрати маъшуқ сухан аз ҷабр ба миён овардам, сухан аз ҷабр ошиқро беқарор ва нигарон кард. Чаро? Ба хотири ин ки ҷабр корест таҳмилӣ ва бар хилофи майли шахс ва он мутазаммини кароҳат ва нохушнудӣ аст. Ва ҳол он ки табъи ошиқ чунон аст, ки дар баробари хости маъшуқ ҳеч кароҳате надошта бошад ва хоста ва муроди худро дар хост ва муроди ӯ бибинад. Аммо касе, ки ошиқ нест, тарҷеҳи хости муқобилро бар хостаи худ ҷабриёна анҷом медиҳад ва забон ба таън мекушояд ва дар дили худ кароҳат изҳор мекунад ва ё он ки аз тоат ва муҷоҳадат рух барметобад ва ба бероҳа меравад. (Муқатабас аз “Шарҳи Маснавии Шариф”, ҷ.1, с.551)

Пас дар байти фавқ ва чанд байти баъдӣ Мавлоно миёни ҷабри хавос (ё ҷабри маҳмуд) ва ҷабри авом (ё ҷабри мазмум) фарқ қоил шудааст. Чаро ки мурод аз ҷабри хавос ҳамоно мақоми маият бо Ҳақ аст, ки дар байти баъдӣ тавзеҳи он меояд. Вале ҷабри авом ношӣ аз пайравӣ аз ҳавои нафс аст. Солик то вақте ки ба мақоми фанои филлоҳ ва маият бо Ҳақ — ки охирин мақоми сулук аст — нарасида бошад, дар худ эҳсоси ҳолати ихтиёр мекунад. Аммо вақте ба он мақом расид ва дар ҳастии мутлақ фонӣ шуд, дигар аз худ ҳеч ихтиёре надорад, балки вуҷуди ӯ айни вуҷуди Ҳақ аст. (Мавлавинома, ҷ.1, с.98)

Ин маийят бо Ҳақ асту ҷабр нест,

Ин таҷаллии маҳ аст, ин абр нест.

Ин баёноте, ки мо гуфтем ва зоҳиран таъйидкунандаи ҷабр буд, манзури мо баёни мақоми маийят (ҳамроҳӣ) бо ҳазрати Ҳақ аст, на ҷабр ба маънои машҳур ва мусталаҳи он. Яъне мо хостем бигӯем, вақте солик ба мартибаи ҷазаба ва беҳушӣ бирасад, ишқи Ҳақ ӯро монанди пари коҳе бо худ мебарад. Ин маъно дар воқеъ ҳамчун тобидани моҳ аст, на он ки абри шакку гумонҳо барояд ва хуршеди ҳақиқатро бипӯшонад.

Нукта: Маийят (ҳамроҳӣ) баргирифташуда аст аз қисмате аз ояти 4 сураи Ҳадид:

وَهُوَ مَعَكُمْ أَيْنَ مَا كُنتُمْ

“Ӯ (Худо) бо шумост ҳар ҷо, ки бошед…” Маийят дар истилоҳи урафо ва ҳукамои илоҳӣ, бад-ин маъност, ки ҳама чиз қоим ба Ҳақ аст ва Ҳақ Таоло дар ҳама ҷо ва ҳама ҳол бо мавҷудот аст, чунон ки Имом Алӣ (а) дар каломе амиқ ва сухане аниқ фармояд:

مَعَ كُلِّ شَيْءٍ لا بِمُقارَنَةٍ وَغَيْرُ كُلِّ شَيْءٍ لا بِمُفارَقَةٍ

“Ҳазрати Ҳақ Таоло бо мавҷудот аст, аммо на он гуна ки ҳамсинхи онон бошад ва ба ҷуз мавҷудот аст, аммо на он тавр ки аз онҳо ҷудо бошад”. (Наҳҷулбалоға, хутбаи аввал).

Бинобар ин, Мавлоно, ки қоил ба тавҳиди афъолист, ҳаргиз мункири ихтиёри одамӣ бар тоату исён нест, балки ӯ вақте аз дидгоҳи сӯфиёна ба Ҳақ ва халқ менигарад, иллатулилал ва муҷид (эҷодкунанда)-и азалу абадро мебинад ва лоғайр. Ва дар ин мартиба, масъалаи сабабият ва иллият ба ташаъун бозмегардад ва ҳамаи мумкинот сурати ойинаро пайдо мекунанд ва феълу машияти ӯро мунъакис мекунанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.471)

В-ар бувад ин ҷабр, ҷабри омма нест,

Ҷабри он аммораи худкома нест.

Агар ин матолибе, ки гуфтам, далолат бар ҷабр дошта бошад, лоақал ба маънои ҷабри авом (ҷабри мусталаҳ ва машҳур нест), балки мурод аз он ҷабр, ҷабри хавос аст, на ҷабре, ки ношӣ аз ғалабаи нафси аммора аст.

Нукта: Мавлоно бар хилофи бархе мутакаллимон, ки афъоли бандагонро ҷабрӣ донистаанд, ҷониби ихтиёрро гирифтааст, вале на он ихтиёри мутлақ ва инонгусехтаи мӯътазила, балки ихтиёр бар асоси қоидаи:

لا جبر ولا تفويض بل أمر بين أمرين

(На ҷабр аст ва на тафвиз (вогузорӣ), балки амрест байни ин ду амр).

Мавлоно мегӯяд, ду ҳолати ҷабру ихтиёр марбут ба дараҷоти сайру сулук ва мақомоти истикмолии соликон аст; бад-ин маъно, ки солик дар оғоз ва аснои сайру сулук то ба мақоми фанои филлоҳ ва маийят бо Ҳақ — ки охирин мақоми вусули солик аст — нарасида бошад, ҳамчунон эҳсоси ихтиёр мекунад. Аммо чун бад-он мақом расад, ки таайюноти ӯ дар машҳуди мутлақ фонӣ гардад, дигар аз худ ҳеч ихтиёр надорад, балки вуҷуди ӯ айни вуҷуди Ҳақ ва фонӣ дар ҷабри мутлақ аст; қатраест, ки ба дарё пайваста; вуҷуди ӯ ва ҷунбиш ва оромиши ӯ ва ҳар амале, ки аз ӯ содир мешавад, тобеи дарёст. Ва аз ин ҷиҳат аст, ки Мавлоно ҷабри оммаро аз ҷабри хосса фарқ мениҳад ва мегӯяд: Ҷабри хоссагон мақоми маийят бо Ҳақ аст, на ҷабри оммагон, ки ношӣ аз нафси аммораи башарӣ аст. (Мавлавинома, ҷ.1, с.76-99)

Ҷабрро эшон шиносанд, эй писар!

Ки Худо бигшодашон дар дил басар.

Эй писари маънавӣ! Ҷабри хоссагонро касе мешиносад, ки Худованд бо рӯшании басират дилашонро кушода бошад.

Нукта: Мавлоно аз ин ҷо ба баъд барои он ки ҷабри сӯфиёнаро аз ҷабри оммиёна фарқ ниҳад, абёте оварда ва нишон медиҳад, ки мафҳуми ин ду ҷабр аз ҳам дур аст ва ба куллӣ ду ҳақиқати ҷудогона аст ва танҳо навъе иштироки лафзӣ аст ва лоғайр.

Ғайби оянда бар эшон гашт фош,

Зикри мозӣ пеши эшон гашт лош.

Ин рӯшанбинон чун дилу дидаашон ба нури Ҳақ рӯшан шуда, ояндаи номаълум дар назарашон ошкор аст. Ва зикри гузашта ва оянда дар назди онон ҳеч аст.

Лош: Мухаффафи “ло шайъ” ба маънои маъдум ва нест омадааст, аммо устод Фурӯзонфар ин назарро заиф медонад.

Нукта: Мавлоно барои исботи ин ки ҷабри сӯфиёна бо ҷабри оммиёна тафовут дорад, нахуст тафовути сӯфиро бо дигарон баён мекунад; бад-ин гуна ки дили сӯфии софӣ ба нури Ҳақ рӯшан шуда ва илми ӯ ба дарёи илми Ҳақ пайвастааст ва бад-ин сон замони гузашта ва оянда нисбат ба илми ӯ ҳеч тафовут надорад. Бинобар ин, ихтиёр ва ҷабр бад-он сурат, ки сӯфии софӣ дармеёбад, ҷуз он аст, ки ҷабрии аҳвал ва дубин идрок мекунад; зеро ки он, самараи маърифати комил аст. Ва агар сӯфӣ худро мухтор мебинад, нозир ба қудрати Худост, на қудрати башарӣ. Ва агар худро маҷбур мешиносад, ба эътибори суқути руъят ва диди худ ва худӣ аст ва нестии феъли ӯ дар феъли Ҳақ, ҳол он ки ҷабрии оммӣ худбин ва санавӣ аст, ки исботи худ ба унвони маҷбур ва исботи Ҳақ ба унвони ҷобир ва зӯргӯй мекунад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.555)

Ихтиёру ҷабри эшон дигар аст,

Қатраҳо андар садафҳо гавҳар аст.

Ҷабру ихтиёр дар назди сӯфиён бо ҷабру ихтиёр дар назари дигарон фарқ дорад. Ба унвони мисол, қатраҳои борон фақат дар даруни садафҳо ба марворид мубаддал мешавад, на дар ҷойи дигар.

Ҳаст берун қатраи хурду бузург,

Дар садаф он дурри хурд асту сутург.

Қатраҳои резу дурушти борон дар беруни садаф арзиши чандоне надорад, вале ҳамон қатраҳо вақте ки дар дили садаф ҷой мегирад, ба марвориди резу дурушт мубаддал мегардад ва арзиш пайдо мекунад.

Нукта: Ду байти ахир тамсиле аст дар баёни тафовути ҷабру ихтиёри орифон ва оммиён. Табдили борон ба марворид аз боварҳои қудамост.

Табъи нофи оҳу аст он қавмро,

Аз бурун хуну даруншон мушкҳо.

Он қавм, яъне сӯфиёни софӣ, сириште оҳувор доранд. Яъне ҳамчун оҳувони мушксоз хунро ба мушки дилнавоз мубаддал месозанд.

Нукта: Ин мисол баён мекунад, ки як падидаи дар ду фазои мухталиф, ду ҳақиқати мухталиф пайдо мекунанд. Никелсун дар тавзеҳи “ноф” гӯяд: “Ноф ҳуфрае пӯстӣ ё ғуддае дар бадани оҳуи мушкин аст, ки мойеъе аз он тарашшуҳ мешавад, ки онро хушк мекунанд ва ҳамчун атр ба кор баранд. Ин мойеъи тарашшуҳшуда замоне ки тоза онро аз оҳу мегиранд, дорои хун аст ва худи он тарашшуҳ аз хуни ҳайвон ҳосил меояд”. (Шарҳи Маснавии Маънавии Мавлавӣ, Дафтари аввал, с.236)

Манзури байт: Ҷабру ихтиёри оммагон, ки бар мабнои ғафлат ва пайравӣ аз ҳавои нафс аст, ҳамчун хуни олуда аст, вале ҷабру ихтиёри комилон ҳамчун мушки диловез матлуб ва маҳмуд аст.

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Маънои ҷабр дар баёни Мавлоно
Via: Маънои ҷабр дар баёни Мавлоно
Tags: Маънои ҷабр дар баёни Мавлоно
Previous Post

Ҳузури доимии Худованд

Related Posts

Ранҷи беҳуда
Адабиёт ва ашъор

Ранҷи беҳуда

October 12, 2025
ҳофиз
Адабиёт ва ашъор

Ҳофиз ва маю шароб

October 12, 2025
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме
Адабиёт ва ашъор

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме

September 21, 2025
Аҳмадшоҳи Масъуд
Машоҳир

Шери Панҷшер – Аҳмадшоҳи Масъуд

September 10, 2025
Хурмо бо донааш
Адабиёт ва ашъор

Хурмо бо донааш

September 10, 2025
Ато Муҳаммадҷонов
Машоҳир

Ато Муҳаммадҷонов

September 2, 2025

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Достони пайвастани Шамс ба Мавлоно

Маънои ҷабр дар баёни Мавлоно

November 7, 2025
неъматҳои Худованд

Ҳузури доимии Худованд

November 7, 2025
Рӯйкарди ҷадиди Ҳинд ба Афғонистон

Рӯйкарди ҷадиди Ҳинд ба Афғонистон

October 30, 2025
Вақте популистҳо дар ҷумҳурии Чек пирӯз мешаванд

Вақте популистҳо дар ҷумҳурии Чек пирӯз мешаванд

October 30, 2025

Recent News

Достони пайвастани Шамс ба Мавлоно

Маънои ҷабр дар баёни Мавлоно

November 7, 2025
неъматҳои Худованд

Ҳузури доимии Худованд

November 7, 2025
Рӯйкарди ҷадиди Ҳинд ба Афғонистон

Рӯйкарди ҷадиди Ҳинд ба Афғонистон

October 30, 2025
Вақте популистҳо дар ҷумҳурии Чек пирӯз мешаванд

Вақте популистҳо дар ҷумҳурии Чек пирӯз мешаванд

October 30, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Достони пайвастани Шамс ба Мавлоно

Маънои ҷабр дар баёни Мавлоно

November 7, 2025
неъматҳои Худованд

Ҳузури доимии Худованд

November 7, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved