Аз Бастом то Табрез: сабти ду чеҳраи ирфон ва ҳикмат дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО
Созмони илмию фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ба пешниҳоди Кумиссиюни миллии ЮНЕСКО, номи ду шахсияти барҷастаи маънавӣ ва андешаи исломӣ — Боязиди Бастомӣ ва Аллома Сайид Муҳаммад Ҳусайн Таботабоӣ — ро дар феҳристи бузургдоштҳои ҷаҳонии худ ба сабт расонд.
Ин тасмим ба нишони эътирофи ҷойгоҳи маънавӣ, ирфонӣ ва фалсафии ин ду бузургмарди ҷаҳони ислом сурат гирифтааст.
Боязиди Бастомӣ ҳамчун яке аз пешсафони тасаввуф ва сулуки рӯҳӣ, ва Аллома Таботабоӣ ҳамчун муфассир, файласуф ва орифи асри XX, ҳар ду дар таърихи андешаи башар нақше мондагор доштаанд.
Бо сабти номҳои онҳо дар рӯйхати бузургдоштҳои ЮНЕСКО, ҷаҳониён дубора ба паёми ирфон, ҳикмат ва инсондӯстии фарҳанги исломӣ рӯ меоранд.
tajnek.com
Тоҷнек



















