• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор Машоҳир

Кеши меҳр

November 14, 2025
in Машоҳир
0
Кеши меҳр

Кеши меҳр

0
SHARES
38
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Кеши меҳр

Аллома Таботабоӣ кист?

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Аллома Таботабоӣ

24 обон (15 ноябр) рӯзи даргузашти Аллома Таботабоӣ — файласуф, ориф, ҳаким ва муфассири Қуръони Карим аст. Соли ҷорӣ (2025) ба пешниҳоди Кумисиюни миллии ЮНЕСКО исми эшон дар канори Боязиди Бастомӣ, дар феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО ба сабт расид.

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Аллома Таботабоӣ, дар ин навиштор ба муаррифии ин ҳаким мепардозам.

Номи комили ӯ, Сайид Муҳаммадҳусайн Қозии Таботабоии Табрезӣ аст. Ӯ дар соли 1903 дар Табрез зода шуда ва 15 ноябри 1981 дар Қум даргузаштааст. Аҷдоди ӯ аз Самарқанд ҳастанд. Аллома дар 5-солагӣ, модар ва дар 9-солагӣ падари худро аз даст дод. Бародараш ӯро барои таҳсил ба мактаб фиристод. Таҳсилоти ибтидоӣ шомили Қуръон ва китобҳои адабиёти форсиро фаро гирифт ва сипас ба таҳсили улуми динӣ пардохт. Худаш дар бораи даврони таҳсилаш навиштааст:

“Дар авоили таҳсил, ки ба сарфу наҳв иштиғол доштам, алоқаи зиёде ба идомаи таҳсил надоштам ва аз ин рӯ ҳар чи мехондам, намефаҳмидам ва 4 сол ба ҳамин наҳв гузарондам. Пас аз он, якбора инояти худоӣ домангирам шуда ивазам кард ва дар худ як навъ шефтагӣ ва бетобӣ нисбат ба таҳсили камол ҳис намудам, ба тавре, ки аз ҳамон рӯз то поёни айёми таҳсил, ки тақрибан 17 сол тӯл кашид, ҳаргиз нисбат ба таълиму тафаккур эҳсоси хастагӣ ва дилсардӣ накардам… Басоти муоширати ғайри аҳли илмро ба куллӣ барчидам. Дар хӯрду хобу лавозими дигари зиндагӣ, ба ҳадди ақалли зарурӣ қаноат намуда, боқиро ба мутолеа мепардохтам. Бисёр мешуд бавежа дар баҳору тобистон, ки шабро то тулӯъи офтоб бо мутолеа мегузарондам ва ҳамеша дарси фардоро шаби пеш мутолеа мекардам ва агар ишколе пеш меомад, бо ҳар худкӯшӣ буд ҳал менамудам ва вақте, ки ба дарс ҳузур меёфтам, аз он чи устод мегуфт, қаблан равшан будам ва ҳаргиз ишколу иштибоҳи дарсро пеши устод набурдам.” (Хираднома, с.1)

Аллома, баъд аз таҳсил дар мадрасаи Толибияи Табрез, ҳамроҳи бародараш ба Наҷафи Ироқ меравад ва 10 сол дар Наҷаф ба таҳсили улуми динӣ мепардозад. Таботабоӣ улуми риёзиро дар Наҷаф назди Сайидабулқосими Мусавии Хонсорӣ фаро мегирад. Ӯ дуруси фиқҳу усулро назди устодоне чун Муҳаммадҳусайни Ноинӣ ва Муҳаммадҳусайни Ғаравии Исфаҳонӣ мехонад.

Устоди ӯ дар фалсафа, Ҳаким Сайидҳусайни Бодкӯбаӣ буд, ки солиёни дароз дар Наҷаф назди ӯ ба дарсу баҳс машғул буд. Ҳамчунин, тафсири “Қуръон ба Қуръон”, ҳикмату фалсафа, ахлоқ ва фиқҳулҳадисро назди Сайидалии Қозии Таботабоӣ омӯхт ва дар ирфону тасаввуф, таҳти назар ва таълиму тарбияти ӯ рушд ёфт.

Бозгашт ба Эрон

Аллома, ба иллати сахтии зиндагӣ, маҷбур ба баргаштан ба Эрон шуда ва муддати 10 сол дар қаряи Шодободи Табрез ба зироату кишоварзӣ машғул мешавад, сипас ба Қум меояд. Тибқи нақли Иброҳими Динонӣ, яке аз шогирдони Аллома, пас аз муддате, ки ба исрори бархе уламо, маҷлиси дарси рӯзонаи “Асфор”-и Аллома таътил шуд, бо исрори шогирдон, тадриси “Шифо”-ро оғоз намуд. Дар ин миён, Аллома ба ташкили ҷаласаҳои шабонаи “Асфор” пардохт, ки ҳафтае ду шаб (шаби панҷшанбе ва ҷумъа) ва ба сурати сайёр, дар хонаи шогирдон ташкил мешуд ва теъдоди маъдуде шогирди собит дар он ширкат мекарданд. Ҳузур дар ин ҷаласаҳо бидуни иҷозаи худи ӯ мақдур набуд. Динонӣ мӯътақид аст, муҳтавои ин ҷаласаҳо бештар дарси хориҷи фалсафа буд. (Насрӣ, Осор ва дидгоҳҳои устод Иброҳими Динонӣ, с.35-37)

Ҳалқаи фалсафӣ ҳамроҳ бо Ҳонри Курбин (Henry Corbin)

Ҳонри Курбин (1903-1978), файласуфи фаронсавӣ ва аввалин мутарҷими осори Мортин Ҳойдегер ба забони фаронсавӣ аст. Яке аз иттифоқоти ҳаёти фикрии Аллома, омадани Ҳонри Курбин аз Фаронса ба Эрон ва мулоқот бо Аллома дар Қуму Теҳрон аст. Ин мулоқотҳо, ки боиси шаклгирии ҳалқаи фалсафии муҳимме дар он даврон мешавад, ба ҳиммати Ҳонри Курбин ташкил шуд ва бисёре аз фалосифаи муосири Эрон ба ҳамроҳи Курбин дар маҳзари Аллома Таботабоӣ ба мабоҳиси амиқи фалсафӣ пардохтанд.

Курбин, файласуфе ҳойдегерӣ буд, ки дар пайи посухҳои беҷавоби худ, дар ниҳоят сар аз Эрон дароварда буд, то дар ҳузури Аллома Таботабоӣ ба унвони файласуфе соҳибмактаб, посухҳое барои пурсишҳои беҷавоби худ биёбад. Худи Курбин эътироф дошт, ки Аллома посухҳои дақиқ ва қонеъкунандае ба ӯ медода.

Ҳам Курбин ва ҳам Аллома, бар нақши таъвил дар маърифат таъкид доштанд. Аллома Таботабоӣ мӯътақид буд, маънавияти ҳақиқӣ бидуни таъвил ғайримумкин аст ва ин, уфуқи муштараке дар муқобили он ду файласуф қарор медод, ки битавонанд бо якдигар ба гуфтугӯ биншинанд. Ҷаласот бо ҳузури ғолиби устодони фалсафа муддатҳо дар шимоли Теҳрон баргузор мегардид ва баҳсҳои пурдоманае дар боби фалсафаи исломӣ дар он ҷо дирмегирифт. (Фидоӣ, Посухҳои Курбин ба Ҳойдегер аз манзари фалсафаи шиъӣ, с.54-55)

Иртибот бо асотиде чун Аллома Таботабоӣ ва Сайид Ҷалолуддин Оштиёнӣ, яке аз муҳимтарин иттифоқот дар зиндагии Курбин буд; чаро ки ӯ мӯътақид буд, ин ду, идомадиҳандагони ҳамон ҳикмати илоҳие ҳастанд, ки аз Эрони бостон то кунун чароғи он дар Эрон хомӯш нагаштааст. Аз назари Курбин, тафаккури эронӣ нигаҳбон ва ҳофизи меросе аст, ки фаротар аз як нигариши миллии маҳдуд, ҳамчун як олами маънавӣ аст, ки дар он меҳмонон ва зоироне, ки аз нуқоти дигар омадаанд мавриди пазиришу пазироӣ қарор гирифтаанд. (Ҳонри Курбин, Равобити ҳикмати ишроқ ва фалсафаи Эрони бостон, с.35)

Курбин амиқан эътиқод дошт, ки ҳикмати эронӣ-исломӣ ҳикмате заволнопазир аст ва ҳамвора аз “истеъдоди заволнопазири руҳияи эронӣ” сухан мегуфт. (Буну, Дар зиёфати олами маънавӣ, с.89)

Таълифот ва осор

а) Осор ба забони арабӣ:

1) Тафсири Алмизон (тафсири Қуръон ба Қуръон) дар 20 ҷилд);

2) Тавҳид;

3) Инсон;

4) Рисолаи васоит;

5) Рисолаи вилоят;

6) Рисолаи нубувват ва имомат;

7) Бидоятул-ҳикма (омӯзиши фалсафа);

8 ) Ниҳоятул-ҳикма (омӯзиши фалсафа).

б) Осор ба забони форсӣ:

1) Усули фалсафа ва равиши реализм;

2) Шиъа дар ислом;

3) Қуръон дар ислом;

4) Ваҳй ё шуъури мармуз;

5) Ислом ва инсони муосир;

6) Ҳукумат дар ислом;

7) Сунани набӣ;

8 ) Алӣ ва фалсафаи илоҳӣ;

9) Хулосаи таъолими ислом;

10) Рисола дар ҳукумати исломӣ;

11) Насабномаи хонадони Таботабоӣ.

Намунаи ашъори Аллома

Аз Аллома ашъоре ирфони боқӣ мондааст. Машҳуртарин шеъри вай ғазали “Кеши меҳр” аст, ки дар он танҳо як вожаи ғайрифорсӣ (Ҳаллоҷ) дида мешавад:

Ҳамегӯяму гуфтаам борҳо,

Бувад кеши ман меҳри дилдорҳо.

Парастиш ба мастист дар кеши меҳр,

Бурунанд з-ин ҷирга ҳушёрҳо.

Ба шодиву осоишу хобу хӯр

Надоранд коре дилафгорҳо.

Ба ҷуз ашки чашму ба ҷуз доғи дил,

Набошад ба дасти гирифторҳо.

Кашиданд дар кӯйи дилдодагон

Миёни дилу ком деворҳо.

Чӣ Фарҳодҳо мурда дар кӯҳҳо,

Чӣ Ҳаллоҷҳо рафта бар дорҳо.

Чӣ дорад ҷаҳон ҷуз дилу меҳри ёр,

Магар тӯдаҳое зи пиндорҳо.

Вале родмардону ворастагон,

Набозанд ҳаргиз ба мурдорҳо.

Маҳини меҳрварзон, ки озодаанд,

Буриданд аз доми ҷон торҳо.

Ба хуни худ оғиштаву рафтаанд

Чӣ гулҳои рангин ба ҷӯборҳо.

Баҳорон, ки шобош резад сипеҳр,

Ба домони гулшан зи рагборҳо.

Кашад рахт сабза ба ҳомуну дашт,

Занад боргаҳ гул ба гулзорҳо.

Нигориш диҳад гулбуни ҷӯйбор

Дар ойинаи об рухсорҳо.

Равад шохи гул дар бари нилуфар,

Бирақсад ба сад нози гулнорҳо.

Дарад пардаи ғунчаро боди бом

Ҳазор оварад нағз гуфторҳо.

Ба овойи ною ба оҳанги чанг

Хурӯшад зи сарву саман торҳо.

Ба ёди хуми абрӯйи гулрухон

Бикаш ҷом дар базми майхорҳо.

Гиреҳ аз рози ҷаҳон боз кун,

Ки осон кунад бода душворҳо.

Ҷуз афсуну афсона набвад ҷаҳон,

Ки бастааст чашми Хашоёрҳо.

Ба андӯҳи оянда худро мабоз,

Ки оянда хобест чун порҳо.

Фиреби ҷаҳонро махӯр зинҳор,

Ки дар пойи ин гул бувад хорҳо.

Паёпай бикаш ҷому саргарм бош,

Биҳил гар бигиранд бекорҳо.

* * *

Манобеи таҳқиқ:

Зиндагиномаи Аллома Таботабоӣ

Аллома Таботабоӣ, файласуфе ҷаҳонӣ

Зиндагиномаи худнавишти Аллома Таботабоӣ

Бозхонии дӯстии илмии Аллома Таботабоӣ ва Ҳонри Курбин

Таҳииякунанда: Сайидюнуси Истаравшанӣ

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Кеши меҳр
Via: Кеши меҳр
Tags: Кеши меҳр
Previous Post

Ҳаққи ҳамроҳ дар сафар

Next Post

Зиндагӣ дар зеҳн

Related Posts

Аҳмадшоҳи Масъуд
Машоҳир

Шери Панҷшер – Аҳмадшоҳи Масъуд

September 10, 2025
Ато Муҳаммадҷонов
Машоҳир

Ато Муҳаммадҷонов

September 2, 2025
Че Гевара
Машоҳир

Сукути дӯстонро ба ҳангоми ниёз фаромӯш намекунем

July 29, 2025
Мартин Хайдеггер
Машоҳир

Муруре бар андешаҳои Мартин Хайдеггер

June 8, 2025
Сайид Қутб
Машоҳир

Мактаб ва андешаи Сайид Қутб

May 25, 2025
Пайванди ҳунар ва маънавият
Адабиёт ва ашъор

Пайванди ҳунар ва маънавият

May 24, 2025
Next Post
инсон-афкори инсон

Зиндагӣ дар зеҳн

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Аз Бастом то Табрез: сабти ду чеҳраи ирфон ва ҳикмат дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО

Аз Бастом то Табрез: сабти ду чеҳраи ирфон ва ҳикмат дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО

November 14, 2025
Кнессет

Порлумони Исроил қонуни эъдоми асирони фаластиниро тасвиб кард

November 14, 2025
Мулоқоти Бахтиёр Аҳмадзода бо сафири Покистон

Мулоқоти Бахтиёр Аҳмадзода бо сафири Покистон

November 14, 2025
Тоҷикистон ва ширкати амрикоии Nasdaq санади ҳамкорӣ имзо карданд

Тоҷикистон ва ширкати амрикоии Nasdaq санади ҳамкорӣ имзо карданд

November 14, 2025

Recent News

Аз Бастом то Табрез: сабти ду чеҳраи ирфон ва ҳикмат дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО

Аз Бастом то Табрез: сабти ду чеҳраи ирфон ва ҳикмат дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО

November 14, 2025
Кнессет

Порлумони Исроил қонуни эъдоми асирони фаластиниро тасвиб кард

November 14, 2025
Мулоқоти Бахтиёр Аҳмадзода бо сафири Покистон

Мулоқоти Бахтиёр Аҳмадзода бо сафири Покистон

November 14, 2025
Тоҷикистон ва ширкати амрикоии Nasdaq санади ҳамкорӣ имзо карданд

Тоҷикистон ва ширкати амрикоии Nasdaq санади ҳамкорӣ имзо карданд

November 14, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Аз Бастом то Табрез: сабти ду чеҳраи ирфон ва ҳикмат дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО

Аз Бастом то Табрез: сабти ду чеҳраи ирфон ва ҳикмат дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО

November 14, 2025
Кнессет

Порлумони Исроил қонуни эъдоми асирони фаластиниро тасвиб кард

November 14, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved