Воқеитар аз воқеият
Ёддошти Меҳмоншо Шарифзода
…Поиз дар Тоҷ фасли чоплусҳо ё раванди худро дар куртаи чакан ғунҷонидан, тоқии #музофоти_маҳали пӯшидан ва сари табақи #қурутоби_олучагӣ нишастани
#олим_шоир_сиёсатшинос_рузноманигор_хокшапҳоcт. Ин воқеъитар аз воқеъият аст. Акнун доранд ба дурӯғҳои бофтаи худ бовар мекунанд, аз воқеъият дуртар мешаванд ва ҳувияту шахсияти oнҳоро фарҳанги пасти дар ин муҳит ҳукумрон шакл медиҳад. Аслан ин мардум, #зиёи_шоир_нависанда бояст воқеъиятро дигар кунанд ва дар шаклгирии ҳаёти нав, зеҳни мардум ва таркибҳои солими ҷомеъа нақше дошта бошанд, вале мутассифона худ ба ҳеҷ кас, мисли Ҳамлет ва Дон Кихот танҳо ба харакатерҳои китоби табдил ёфтаанд…Худро дар ҳудудҳои танги эпистемулужии бо ном ҳукуматдороне, ки аз ҳошияи фарҳанги шӯравӣ бархостаанд, ғунҷониданд. Дар ин раванд ва ин доираи маҳдуд бо худ маъниҳо, назарияҳо ва номҳои ҷаҳониро ҳам зиндонӣ кардаанд. Ин қавм бо номи Фирдавсӣ, Румӣ, Кант, Шекспир, ё Достоевский сари минбар ё табақи қурутоби олучагӣ мешинанд ва вожаҳо, маъниҳоеро бо эҳтиёт интихоб карда китоб менависанд ва ҳарф мезананд то хотири #ягонаи_давр ва хокшапҳои сафи пешро хуш карда бошанд. Дар ин раванд қафои ин воқеъияти козиб худи #ҳаётро фаромуш ва самимият, ҳақиқат, адолат, ростӣ ва зебоиро куштаанд…Воқеъан дар ҷомеъа мардумро ба #субъектҳои_идеологӣ табдил додаанд. Бубинед чӣ зарурат аст, ки як олими табиатшинос, академик Фарҳод Раҳимӣ, бо се забон китобе “Абармарди таърихсоз” навишта #ки_будани_худ ва қаҳрамони китобро зери суол бурда бошад. Ё вақте як #шоир_пирях_сиёсатшинос (Раҳнамо) дар бораи шахси президент ҳарф мезанад ва ӯро ҳамчун #маҳсули_фикру_дасти_худ #му’аррифи_таблиғ мекунад, ки #аҷиб_аст.
Ӯ дар бораи маҳсули истеҳсол кардаи худ мегуяд ‘…ин чиз табиист ва ҳеҷ чизе ғайритабии надорад’-:). Ин мавзу’ест, ки ба як таҳқиқоти мустақил ниёз дорад ва чунин бегиреҳу шоирона танҳо #чоплуса_бераҳмаш метавонад таблиғ кардан. Ин қавм хуб медонанд, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон он технологияи инсонсоз, ки дар улуми иҷтимоӣ Ҳабермас ва Фуко ҳамчун ‘технологияи худӣ’ муаян карда буданд, аслан вуҷуд надорад. Шароит барои будани ин гуна технологияи субъект ё инсонсозро (худӣ, шахс, фардро) ҳам бояст, ки давлат ташкил мекард, ки имрӯз давлат ва давлатдорӣ ҳам бо боварии Раҳнамо ‘дар нӯги ришта аст”. Акнун дар муҳите, ки ‘абармарди таърихсоз” ва ҳукумати хусусишуда #солҳо_боз аз мардум #муҳоҷир, #бегона, #душман, #ғариб, #ҳаросафкан ва #равшану_ҷумшуд #истеҳсол_мекунанд, солҳо боз ба саркуб кардани озодагони ин мардум ва куштани фикри #таҳлили_танқидӣ машғуланд, солҳо боз мантиқи корашон #фитна_андохтан ва #турктозӣ_кардан аст, солҳо боз аз номи мардуми наҷиб ва шарифи ин сарзамин #бечоранолӣ ва #гадоӣ мекунанд, #Раҳимираҳнамоҳо кушиши бофтани воқеъияте дигареро доранд. Маълум аст, ки фазои чоплусӣ мустаҳкам ва бозори тамаъ гарм аст, вале як инсонро то ба ин сатҳ набояд таҳқир кард. Душмани аслии чоплусҳо воқеъиятест, ки мардум дар онанд ва Раҳимиву Раҳнамоҳо ҳам аз ин воқеъият хуб огоҳанд, вале боз ҳам як инсонро аз будаш зиёд баҳо медиҳанд ва аз ӯ ‘куруши замон’ ва ‘мусии қавм’ месозанд…Як пешво, #агар_пешвое_бошад, бо ин қавми худбохта, беқудрат, чоплус ва аз рамзҳои имрӯзаи Тоҷик холитар, дар дунёи имрӯз чӣ метавонад кардан? Як пешво, ки имрӯз воқеан, ба ниҳодҳои пурқудрати илми-таҳқиқотӣ, ниҳодҳои қудратӣ ва истеҳсоли-тақсимотии бо дониш ва таҷрибаи нави ҷаҳонӣ мусаллаҳ ниёз дорад, бо ин ҳама лоф, дурӯғ, ҳақиқатбофӣ ва таҳқирҳои рӯи рост чӣ мекарда бошад?



















