Қавонини ҷадиди Русия нисбат ба муҳоҷирони корӣ
Ахбори минтақа
Русия бо қабули қонунҳову муқаррар кардани оинномаҳои зиёд ,талош дорад фаъолияти муҳоҷиронро дар қаламрави худ маҳдуд кунад.
Ин талошҳо барои муҳоҷирон мушкилоту монеаҳои зиёдро барои фаъолияти озод пеш овардааст. Аз ҷумла, мақомоти Русия арзиши муҷаввизи корро қариб ҳар сол боло мебаранд, фаъолияти муҳоҷиронро дар баъзе соҳаҳо манъ ва ё бо баҳонаи ҷурмҳои кӯчак онҳоро боздошт ва ихроҷ мекунанд.
Ахиран, муҳоҷирон дар Русия, боз аз як ҳуқуқи дигари худ маҳрум шуданд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро тасвиб кард, ки имкони бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо муҳоҷиронро барои корфармои рус содда ва имкониятҳоро бештар мекунад. Ин қонун дар пойгоҳи расмии иттилоотӣ – ҳуқуқии Русия нашр шудааст.
Тағйирот рӯзи 11-уми ноябр аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ (палатаи поёнии парлумони Русия) қабул гардида ва 12-уми ноябр аз ҷониби Шӯрои Федератсия (палатаи болоии парлумони Русия) тасвиб шуд.
Ин ташаббусро дар Думаи давлатӣ вакилони ҷиноҳи “Одамони нав” (Новые люди) пешниҳод кардаанд, ки ба эътиқоди онҳо, ин кор эҳтимоли ба додгоҳ кашида шудани корфармо аз сӯйи корманди барканоршударо кам мекунад.
Тибқи тартиби нав, корфармо ҳақ дорад шартномаи меҳнатиро бо муҳоҷир бекор кунад, агар теъдоди муҳоҷирон аз меъёри ҷои кори минтақавӣ зиёд бошад. Ин тағйир ба моддаи 327.6-и Кодекси меҳнати Русия ворид шуд ва аз 1-уми марти соли 2026 эътибор пайдо мекунад.
Ба субъектҳои Русия аз соли 2014 ҳуқуқ дода шудааст, ки ҳар сол барои ҷалби коргарони хориҷӣ меъёр муқаррар кунанд. Корхонаҳо муваззафанд, ки теъдоди муҳоҷиронро камтар кунанд, дар акси ҳол онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Барои шахсони ҳуқуқӣ аз 800 ҳазор то 1 миллион рубл ҷарима ва ё ба таври маъмурӣ боздоштани фаъолияташон то ду ҳафта пешбинӣ шудааст.
tajnek.com
Тоҷнек



















