Пулиси Исроил аз боздошти як шаҳрванди исроилӣ хабар дод
Байналмилал
Иттиҳоми филмбардорӣ аз манзили нахуствазири собиқи Исроил, барои сервисҳои эронӣ
Пулиси Исроил эълон кард, ки як шаҳрванди исроилӣ ба иттиҳоми филмбардорӣ аз манзили нахуствазири собиқи Исроил таҳти назорат ва роҳнамоии Эрон боздошт шудааст.
Ба иттилои пулис, гумонбар ба анҷоми фаъолиятҳои ҷосусӣ ва ҷамъоварии иттилооти ҳассос машғул буда, гуфта мешавад, ки ин корҳоро бо дастури мустақим ё ғайримустақими унсурҳои вобаста ба Эрон анҷом додааст.
Тибқи гузоришҳо, филмбардорӣ аз макони зисти мақоми баландпояи пешини Исроил, бахше аз ин фаъолиятҳо будааст.
Мақомоти амниятии Исроил таъкид карданд, ки таҳқиқот дар ин замина ҳамчунон идома дорад ва ҷузъиёти бештар пас аз анҷоми бозпурсиҳо расман эълон хоҳад шуд. Пулис ҳамчунин афзуд, ки бо ҳар гуна амалиёт, ки амнияти миллӣ ва шахсиятҳои сиёсиро таҳдид кунад, бархӯрди қатъӣ сурат мегирад.
Ин ҳодиса дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки танишҳои сиёсӣ ва амниятӣ миёни Исроил ва Эрон дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст ва мақомоти исроилӣ борҳо аз он чи «талошҳои иттилоотӣ ва амниятии Эрон» меноманд, изҳори нигаронӣ кардаанд.
То лаҳзаи интишори ин хабар, ҷониби Эрон ба ин иддаоҳо вокуниши расмӣ нишон надодааст.
Тоҷнек
tajnek.com



















