• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно

January 1, 2026
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно

Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно

0
SHARES
10
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно

Андешагоҳ

Иллати гароиши ғарбиҳо ба Мавлоно аз забони Вилём Читик

Вилём Читик (William Chittick, зодаи 1943), файласуф, исломшинос ва мутахассиси ирфони Мавлавӣ ва Ибни Арабӣ дар Омрико, иллати гароиши ғарбиҳо ба Мавлоноро дар чанд соли ахир бозгӯ карда ва яке аз далоили онро «ташнагии ғарбиҳо ба маънавият» донистааст.

Вай, дар мусоҳибае  гуфтааст: «Алоқа ва таваҷҷӯҳи ғарбиён имрӯз ба Мавлоно, ҷиҳатҳои мутаъаддид дорад. Яке, ташнагии онон ба маънавият аст. Ин омили бисёр муҳимме аст. Агар аз лиҳози таърихӣ ба қазия таваҷҷӯҳ кунем, бояд бигӯем Никелсун аз ин ҷиҳат хидмати бузурге ба ғарбиён кардааст.

Ӯ ҳудуди панҷоҳ сол пеш Маснавиро бо диққати шигарфе ба ангилисӣ тарҷума кард ва дар шаш ҷилд ба чоп расонид ва ду ҷилд шарҳ низ бар он афзуд, ки тамоми онҳо ба форсӣ тарҷума ва чоп шудааст.»

Вай афзуд: «Пас аз ӯ, шогирдаш Орберӣ (Arthur John Arberry), бахше аз ғазалиёти Шамсро ба ангилисӣ баргардонд. Ҳамчунин хонум Онеморӣ Шимел (Annemarie Schimmel), ки аҳли фарҳанг бо осори ӯ ошно ҳастанд, китоби мабсуте дар бораи ҷанбаҳои адабӣ, каломӣ, фалсафӣ ва ирфонӣ ва хулоса, ҷавониби мухталифи каломи Мавлоно нигоштааст ва ин осор дар афкори мардуми Мағрибзамин таъсири бузурге баҷо ниҳод.»

Читик тасреҳ кард: «Китобе, ки ман дар шарҳи ақоиди хосс ва сайру сулуки Мавлоно навиштаам ва ба чоп расида, бо ҷаҳонбинии Мавлоно оғоз мешавад ва баён мекунад, ки ӯ чӣ гуна ба оёти Худованд, яъне падидаҳои олам, менигарад. Дар бахши дуввуми ин китоб, наҳваи муомилот ва ибодот ва муҷоҳида дар роҳи Ҳақро тавзеҳ додаам. Бахши дигари китоб дар бораи ишқ гуфтугӯ мекунад, ки ҳамон иртиботи дарунӣ байни инсон ва Худованд аст. Дар ин китоб саъй кардаам, то ҳадде, ки мумкин аст, аз худ чизе нагӯям. Ашъоре аз Мавлоноро аз нав тарҷума кардаам ва тавзеҳ додаам, ки шарҳи абёти Мавлоно дар худи онҳост ва бархеи он бархеи дигарро шарҳу тафсир мекунад.»

Ин Мавлавипажӯҳ дар идома гуфт: «Бо таъаммул дар осори ин ориф ва шоир равшан мешавад, ки ӯ камтар ба ақоиди дигарон пардохта ва сухан ва ақидаи худро баён доштааст. Китоби ман дар соли 1983 мунташир шуд, ва он вақт ҳанӯз ин мавҷи гароиш ба Мавлоно шурӯъ нашуда буд. Пас аз чанд сол, ки чандин китоб роҷеъ ба Мавлоно ба чоп расид ва тарҷумаи абёти ӯ ба ангилисӣ анҷом шуд, рафта-рафта чанд тан аз шоирони ғарбӣ, ё ба ҳар ҳол касоне, ки иддаои шоирӣ доштанд, бо таваҷҷӯҳ ба тарҷумаи ашъори Мавлавӣ, диданд агар онҳоро ба шеър тарҷума кунанд, зеботар ва дилписандтар хоҳад шуд. Мегуфтанд, мусташриқон завқи шоирӣ надоштанд, то зебоии ашъорро дарк кунанд, иттифоқан Никелсун табъи шоирона дошт. Албатта сухани онон ҳам беваҷҳ набуд. Онҳо аз ҷиҳате дуруст мегуфтанд. Мо ва мусташриқон муқайяд будем, ки айни алфози ашъорро тарҷума кунем. Аммо он адибон ва шоирон озодона тарҷума мекарданд ва мекунанд. Яъне ҳар ҷоро, ки дилашон мехост тағйир медиҳанд, ки дасти охир ҳам, чизи ҷолибе ба ангилисӣ мешавад.»

Читик афзуд: «Масалан, ҳар ҷо, ки Мавлоно сухан аз таклиф мегӯяд ва муваззаф будани инсон дар баробари Худовандро, онро ҳазф мекунанд. Чаро? Барои ин ки ба завқи омрикоӣ намехӯрад. Омрикоӣ мехоҳад Худоро озодона ибодат кунад, яъне ҳар тавр, ки худаш дӯст дорад. Албатта мехоҳад Худо ҳам хушаш биёяд ва таъйидаш кунад. Ашъори ошиқонаи Мавлоноро хеле меписанданд, аммо ҳар гоҳ, ки аз вазоифи мусалмонӣ ёд мекунад, сонсураш мекунанд. Аз ашъори Мавлоно фақат ишқро гирифтаанд ва мегӯянд, мардум бо ин ишқ хушанд. Аз назари онон, амал лозим нест.»

Читик изофа кард: «Ба ҳар ҳол, чунонки гуфтам, пас аз интишори он осор, кам-кам кори шӯру алоқа ба Мавлоно боло гирифт. Акнун ҳам ин китобҳо хеле тарафдор дорад. Дар маҷаллот мехондам, ки пурфурӯштарин китоби шоири ангилисизабони Омрико дар соли 1998, китоби Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ будааст, ки барои ман масъалаи бисёр аҷибе аст.»

Вай дар айни ҳол таъкид кард: «Бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ дошт, ки мумкин аст касоне аз онҳо аз рӯи алоиқи мазҳабӣ дӯстдори Мавлоно шуда бошанд, чун мазҳаби ашхос ҳар чӣ бошад мухолифате бо Мавлоно надорад, ориф мегӯяд бо Худо бояд дӯстӣ варзид. Ба ҳар тақдир, ҳар чӣ бошад, аз ҷиҳате хайр аст.»

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно
Via: Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно
Tags: Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно
Previous Post

Соҳиби ҳақ

Next Post

Маънои озодихоҳӣ

Related Posts

Саидуддини Фарғонӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
Ниёиш
Ниёгони гузаштаи мо

Мутафаккири бедор

February 9, 2026
Мирзо Улуғбек
Ниёгони гузаштаи мо

Мирзо Улуғбек

February 7, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Ниёгони гузаштаи мо

Охирин васияти Амиралмӯъминин

February 7, 2026
Дониши Ғаззолӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Дониши Ғаззолӣ

February 3, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Мавзӯоти доғ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Next Post
Озодӣ ва озодагӣ

Маънои озодихоҳӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

March 6, 2026
23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

March 6, 2026
Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026

Recent News

Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

March 6, 2026
23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

March 6, 2026
Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

Ожонси байналмилалии ҳастаӣ: Ҳеч мадраке мабнӣ бар сохти таслиҳоти ҳастаӣ дар Эрон вуҷуд надорад!

March 4, 2026
Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

Ҳадаф қарор гирифтани беш аз 10 нафткаш дар тангаи Ҳурмуз

March 4, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

Идомаи амалиёти низомии Ваъдаи Содиқ-4

March 6, 2026
23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

23 ҳазор парвоз дар минтақа лағв шуд

March 6, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved