• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад…

January 3, 2026
in Мавзӯоти доғ, Чаро посдорӣ?!
0
Аҳмадшоҳи Масъуд

Аҳмадшоҳи Масъуд

0
SHARES
8
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад…

Насиҳатҳо ва раҳнамудҳои Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд

«Аз назари мо, ваҳдати миллӣ, дар таъмини адолати иҷтимоӣ нуҳуфта аст»

«Эълои калиматуллоҳ маънояш ин нест, ки як тиккаи сабзро бар сари чӯбе баланд кунем, балки маънои эълои калиматуллоҳ ин аст, ки мардум зери калимаи ислом эҳсоси оромиш, иззат ва амният намоянд»

Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, ин фарзанди диловари тоҷик, на танҳо қаҳрамони майдони набард ва як озодихоҳ ба шумор меравад, балки ӯ як ҳаким ба тамоми маънои калима буд. Аз ин диловар суханони зиёде нақл шудааст, ки дар ин навиштор танҳо баъзе аз онҳоро барои хонандаҳои азиз пешкаш хоҳем кард:

«Барномаро калон бисозед, аммо корро аз кучак оғоз кунед.»

«Муҳим нест, ки шахс чӣ қадр умр мекунад, (балки) муҳим ин аст, ки умрашро дар чӣ роҳе сарф менамояд.»

«Агар сиёсатмадоре дар таҳлили оянда иштибоҳ кунад, бисёр хатарнок нест, хатари ҷуброннопазир ин аст, ки дар таҳлили вазъияти ҷорӣ иштибоҳ намояд.»

«Ман наҷҷор нестам, вале каҷии дарвозаро медонам.»

«Чаҳор синфи иҷтимоиро дар кори сиёсӣ ба ёд дошта бошед: уламои динӣ, фармондеҳони ҷиҳодӣ, мӯйсафедон ва рӯшанфикрон.»

«Дар масоили молӣ агар душман ҳам гоҳе авқот аз дахлу харҷи мо иттилоъ ёбад, хатараш камтар аз ин аст, ки дар саффи худи мо дар он маврид шакку шубҳае вуҷуд дошта бошад.»

«Умдатарин заъфи муҷоҳидин дар даврони ҷиҳод, таъаддуди аҳзоби ҷиҳодӣ ва адами якпорчагии онон буд.»

«Дар шароите, ки қарор дорем, ҳасту буди кишвар дар маърази суол қарор гирифтааст. Дар чунин шароите, нахуст ба касби истиқлоли Афғонистон тамоми кӯшиши хешро маътуф дорем. Ҳар ҳаракате, ки мардуми Афғонистонро ба гурӯҳҳо ва аҳзоб ва ақвоми мухталиф тақсим намояд, хиёнат ба Афғонистон аст. Баъд аз касби истиқлоли кишвар, қазияи навъи низом матраҳ аст.»

«Истисморгар шунида будем, истеъморгар дида будем, вале монанди Покистон на!»

«Аз назари ман, қиём дар баробари режими Довудхон як иштибоҳ буд.»

«Умдатарин айби муҷоҳидин ин буд, ки мустақиллона вориди Кобул шуданд. Ба таъбири дигар, ба нақши равобити хориҷӣ ба дурустӣ пай набурда будем.»

«Аз назари мо, ваҳдати миллӣ, дар таъмини адолати иҷтимоӣ нуҳуфта аст.»

«Яке, доштани робита аст, ва яке ҳам, вобастагӣ. Робита доштан ба ҳеч унвон ҷурм нест, аммо вобастагӣ нанг аст.»

«Дар ҷанг, касоне ки аз ватани хеш дифоъ менамоянд, ҳамеша ҳақ ба ҷониб ҳастанд.»

«Вақте инсон даст ба амал мезанад, табъан иштибоҳ ҳам мекунад.»

«Ҳеч кас қаҳрамон нест. Ба яқин қаҳрамони воқеӣ, миллати Афғонистон аст.»

«Ҳатто агар ба андозаи кулоҳи пакулам дар Афғонистон ҷой дошта бошам, боз ҳам то охир истода ва бо Толибон ва покистониҳо хоҳам ҷангид.»

«Агар қарор буд таслими зӯр шавам, таслими шӯравиҳо мешудам.»

«Ба таъкид мегӯям, то Покистон дар стротежии худ тағйир наёварад, мушкили Афғонистон бо он кишвар ҳал нахоҳад шуд.»

«Ман як нафар асиреро накуштаам.»

«Агар озодии мо зери суол биравад, агар ғурури миллии мо дарҳам шикаста шавад, агар истиқлоли мо нобуд гардад, зиндагӣ барои мо кучактарин лаззат ва арзише надорад.»

«Усуле, ки ман ба он пойбандам иборатанд аз: истиқлоли кишвар, ҳифзи тамомияти арзӣ, иҷрои қавонини исломӣ ва баргузории интихоботи умумӣ.»

«Эълои калиматуллоҳ маънояш ин нест, ки як тиккаи сабзро бар сари чӯбе баланд кунем, балки маънои эълои калиматуллоҳ ин аст, ки мардум зери калимаи ислом эҳсоси оромиш, иззат ва амният намоянд.»

«Ман, на дар роҳи давлат, ки дар роҳи каромат ва шарофати Афғонистон ва мардуми он мубориза кардаам.»

«Хатари Толибон ва Алқоида ба ҳеч унвон камтар аз хатари кумунизм нест.»

«Толибон ва Алқоида дар даруни худ мояи завол ва нобудии худро доранд ва он моя, ифротигарии онҳост.»

«Ҷанг ҷузъе аз сиёсат аст ва он замоне ба кор гирифта мешавад, ки роҳи дигаре барои расидан ба ҳадаф вуҷуд надошта бошад. Иштибоҳи ҷангиро метавон ҷуброн кард, вале ҷуброни иштибоҳи сиёсӣ душвор аст.»

«Барои дастёбӣ ба иттиҳод ва ҳамоҳангӣ миёни аҳзоби муҷоҳидин се шарт лозим аст:

доштани як тарҳи маъқул ва муносиб;

ибтикори амалро як гурӯҳ бояд ба даст гирад;

чашмпӯшӣ аз хоҳишҳои шахсӣ.»

«Мушкил шинохти шахсиятҳост, вақте шахсе шинохта шуд, муомила бо он осон мешавад.»

«Мард аз тақдираш менолад, номард аз рафиқаш.»

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад...
Via: Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад...
Tags: Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад...
Previous Post

Next Post

Ҳикматнома

Related Posts

Ахлоқи некӯ
Инсон ва инсоният

Покии руҳ

January 3, 2026
Алӣ
Мавзӯоти доғ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Алии Шариатӣ
Адабиёт ва ашъор

January 3, 2026
Тасмими Меҳрдод
Мавзӯоти доғ

Тасмими Меҳрдод

January 3, 2026
Мавлоно
Адабиёт ва ашъор

Осори Мавлоно дар Амрико пурфурӯш аст

January 3, 2026
Рисолаи ишқи Буалӣ Сино
Мавзӯоти доғ

Рисолаи ишқи Буалӣ Сино

January 3, 2026
Next Post
Алӣ

Ҳикматнома

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Оё шумо шараф доред?

Оё шумо шараф доред?

January 3, 2026
Ахлоқи некӯ

Покии руҳ

January 3, 2026
Алӣ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Аҳмадшоҳи Масъуд

Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад…

January 3, 2026

Recent News

Оё шумо шараф доред?

Оё шумо шараф доред?

January 3, 2026
Ахлоқи некӯ

Покии руҳ

January 3, 2026
Алӣ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Аҳмадшоҳи Масъуд

Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад…

January 3, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Оё шумо шараф доред?

Оё шумо шараф доред?

January 3, 2026
Ахлоқи некӯ

Покии руҳ

January 3, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved