Ҷавонмард бош
Сабки зиндагӣ
Васиятҳои Куруш ба фарзандаш
* Дасткушоду ҷавонмард бош, то пок ва рост гардӣ.
* Эй писари ман! Некӯкор бош, на бадкор; зеро зиндагонии инсон ҷовидон нест ва ҳеч чиз аз кирдори нек шоистатар намебошад.
* Эй писари ман! Бишнав туро мегӯям, ки беҳтарин бахшишҳо фарогирӣ ва фародиҳӣ (таълим ва таъаллум) аст; зеро молу микнат (сарват, нерӯ, тавонгарӣ) поён пазирад ва чаҳорпоён бимиранд, вале дониш ва парвариш боқӣ монад.
* Эй писари ман! Бо зани фарзона ва шармгин арӯсӣ кун ва ӯро дӯст бидор ва худ барои худ зан баргузин ва зани дигареро фиреб мадеҳ, то равонат гунаҳкор нагардад.
* Мардеро ба домодии худ баргузин, ки некхӯ, дуруст ва доно бошад. Агар бисёр мискин аст, бисёр айб нест, молу микнат аз Яздон бирасад.
* Чун хушӣ расад, бисёр хушнуд ва ғарра машав, ва чун сахтӣ расад, ғамгин ва афсурда мабош; зеро ҳар хушӣ як нохушӣ ва ҳар некӣ як бадӣ дар пай дорад.
* Ба молу микнати касе чашм маяндоз; зеро молу хушии ҷаҳон монанди мурғе аст, ки аз ин дарахт ба он дарахт нишинад ва ба ҳеч шохе намонад.
* Даст аз дуздӣ ва танбалӣ ва ҳавову ҳавасҳои нафсонӣ бидор; зеро ҳар кас, ки некӣ кунад, подоши неке ёбад, ва ҳар ки бадкор гашт, ба сазои сахт хоҳад расид.
* Нисбат ба падару модари худ фармонбардор бош; зеро мард то падару модараш зиндаанд, монанди шере аст, ки осуда дар беша ғунуда ва аз ҳеч кас бим надорад.
* Он чӣ бар худ нек надонӣ, ба дигарон низ нек нашмор.
* Агар туро фарзандест, ба мадраса бифрист ва ба фарогирии (таҳсили) дониш бигумор; зеро илму дониш чашми равшан аст.
* Асабонӣ мабош; зеро марди асабонӣ монанди оташ аст, ки дар беша барафрӯзад ва тару хушкро бо ҳам бисӯзонад.
* Душмани кӯҳнаро дӯсти нав масоз; зеро душмани кӯҳна монанди мори сиёҳ аст, ки баъд аз сад сол интиқомро фаромӯш накунад.
* Мағрур ва худписанд мабош; зеро инсони мағрур чун машки пури бод аст, (ки) агар боди он холӣ шавад, чизе боқӣ намонад.
* Он чиро, ки гузаштааст, фаромӯш кун, ва ба он чӣ, ки нарасида ранҷу андӯҳ мабар.
* Сухан ба мавқеъ бигӯ; зеро басо сухан гуфтан беҳтар аз хомӯшӣ, ва басо хомӯшӣ беҳтар аз сухан гуфтан аст.
* Зану фарзанди худро аз фарогирии (таҳсили) илм бозмадор, то ғаму андӯҳ ба ту нарасад ва пушаймон нашавӣ.
* Ҳузури донишмандонро гиромӣ дор ва аз эшон бипурс ва посух бишнав.
* Бо марде, ки падару модараш аз ӯ нохушнуданд, ҳамкор мабош, то гунаҳкор набошӣ.
* Аз ҳар кас, ки бо ту кина варзад ва хашм гирад, канора ҷӯй.
* Бо марди покназар, корогоҳ, ҳушёр ва некхӯ машварат кун.
* Ба фармони Яздон ва Амшоспанд (фаришта ва малак) гӯш кун ва рафтор намо.
* Марди фақир ва бенаворо тамасхур макун, шояд ту низ рӯзе бенаво шавӣ.
* Марди порсо дар осойиш монад ва бадкор ҳамеша гирифтори андӯҳ.
* Мардум дорои ҳамон хӯйе ҳастанд, ки аз замони ширхорагии худ касб намудаанд.
* Саҳархез бош, то кори худро ба некӣ ба анҷом бирасонӣ.
* Яздонро ситойиш кун ва дилро шод соз, то Яздон некии туро биафзояд.
* Ҳеч фарозе бидуни нишеб, ва ҳеч нишебе бидуни фароз нест.
* Моли касеро тороҷ макун ва ба моли худ маёмез.
* Барои номи худ, аз касбу кор дурӣ маҷӯй.
* Ҳар кас, ки барои дигарон чоҳ канад, дар он афтад.
* Касеро фиреб мадеҳ, то дардманд нашавӣ.
* Пешвои некро гиромӣ дор ва суханаш бипазир.
* Ҷуз аз хешон ва дӯстон чизе аз касе вом магир.
* На ба рост на ба дурӯғ ҳаргиз савганд махӯр.
* Чу хоҳӣ арӯсӣ кунӣ, аввал мол фароҳам кун.
* Аз неккирдории худ ғарра машав ва раҷаз махон.
* Фармони хуб деҳ, то баҳраи хуб ёбӣ.
* Бегуноҳ бош, то бим надошта бошӣ.
* Сипосдор бош, то лоиқи некӣ бошӣ.
* Ростгӯ бош, то истиқомат дошта бошӣ.
* Фурӯтан бош, то дӯсти бисёр дошта бошӣ.
* Дӯстдори дин бош, то зиндагӣ ба некӣ гузаронӣ.
* Ҳамоҳанги виҷдони худ рафтор кун, ки биҳиштӣ шавӣ.
* Бо марди қадрнашнос ва носипос наёмез (яъне муъошират накун).
* Равон (руҳ)-и худро бо хашму кин олуда масоз.
* Дар ҳар гуфтор ва кирдор фурӯтанӣ ва адабро фаромӯш макун.
* Ҳаргиз туршрӯ ва бадхӯ мабош.
* Агар хоҳӣ аз касе дашном нашнавӣ, касеро дашном мадеҳ.
* Худро ба бандагии касе маспор.
* Пеш аз посух додан, андеша кун.
* Ҳеч касро тамасхур макун.
* Бо марди бадкор ҳамроз машав.
* Бо фурӯмоя машварат макун.
* Бо маст ҳамхӯрок машав.
* Моли худро ба марди ҳасуд нишон надеҳ.
* Аз марди суханчин ва дурӯғгӯ сухан машнав.
(Манбаъ: Китоби «Куруши Кабир», навиштаи Шопури Шаҳбозӣ)
tajnek.com
Тоҷнек



















