• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Маориф – бурунмояи рушду камол

January 31, 2026
in Адабиёт ва ашъор
0
Маориф – бурунмояи рушду камол

Маориф – бурунмояи рушду камол

0
SHARES
11
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Маориф – бурунмояи рушду камол

Додоҷон Ёқубов

Соҳаи маориф ва илм, яке аз бандҳои барномаи банда ба шумор мерафт, вале тӯли чанд сол аст, ки ба ин мавзӯъ кор нагирифтам, бо ин ки худ дар ҳамин соҳа муддати 38 сол заҳмат кашида, фарзандонамро бо пули муаллимӣ ба воя расондам. Вале чун имрӯз мебинам соҳаи маорифро фасод ба монанди растании зарпечак ва ё тортанак бо торҳояш печонида гирифта ва сол аз сол нафасгир шуда, ба мунҷалоби бузург ғарқ шуда, қариб аст, ки ҳалок шавад. Аз тарафи дигар ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шуда истодаам, ки соҳаи маорифро фасодҳои гуногун: молӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, фаро гирифтааст, ба ҳамин хотир натавонистам, ки бетараф бошам ва ҳамчунин лозим дидам нукотеро ба арзи хонанда бирасонам.

Чанде аз бародарҳо ҳам тавсия доданд, ки дар як сатҳи мулоим ва аз рӯи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, на ба он ахлоқе, ки тамоми соҳаи маорифро фаро гирифтааст, мато[1]либе навишта бошам.

Инҷо мехоҳам аз оятҳои китоби Азимушшаън (Каломуллоҳ) оғоз намоям.

Ҳазрати Ҷабраил (а), ки барои нахустин бор ба Паёмбар Муҳаммад (с) ваҳӣ овард, он чанд ваҳйи аввалӣ бегумон мӯъҷиза ва ба илова поягузори арҷ ба илм ва таъкид ба зарурати омӯзиш буду ҳаст.

Нахустин бор 5 ояти Қуръон нозил шуд, ки ҳамаи он дар атрофи тақрибан як қазия баҳс мекунад. Ин қазия бегумон қазияи дониш (илм) аст.

Худованд мефармояд:

“Бихон ба номи парвардигорат, ки ҷаҳонро офарид. Ҳамон кас, ки ‏инсонро аз хуни бастае халқ кард. Бихон, ки парвардигорат аз ҳама бузургвортар аст. Ҳамон касе, ки

ба василаи қалам таълим намуд. Ва ба инсон он чиро намедонист ёд дод.” (Сураи Алақ, оятҳои 1-5)

Бешак оғози ваҳӣ ба ин шакл ва ба ин мӯҳтаво, инсонро ба андеша вомедорад.

Аҷобат дар он аст, ки Худованд аз миёни ҳазорон мавзӯе, ки Қуръон дар бар ги[1]рифтааст, як мавзӯи муайянро ихтиёр карда ва ба василаи он, китоби ҷовидонашро ҳусни ибтидо бахшидааст. Пас метавон гуфт, ки ин оятҳо калиди фаҳми ин дин аст; калиди фаҳми дунёву охират аст. На танҳо ин мӯъҷизаи осмонӣ — Қуръони маҷид, дар бораи илм, аҳаммият ва арзиши он баҳс мекунад, балки тақрибан ягон сурае нест, ки ё бевосита ва ё бавосита аз илм сӯҳбат накарда бошад.

Чун хостам ҷойгоҳи калимаи “илм” ва ҳамрешаҳои онро дар ин дастури абадӣ муайян намоям, дидам, ки ба 779 калима мерасад, ки ин тақрибан 7 баробари сураҳои Қуръон аст. Агар барои шуморидани вожаи “илм“ дар ҳадисҳои Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯ оварем, ба анбӯҳи зиёди корбурди он рӯ ба рӯ мегардем. Дар китоби “Саҳеҳи Бухорӣ“ зиёда аз 300 маротиба ин вожа мавриди зикр қарор гирифтааст, ки ин танҳо яке аз китобҳои ҳадис ба шумор меравад.

Ҳамчунин аз назари Қуръони карим, аҳаммияти илмро мо на танҳо аз оғози дини ислом мушоҳида мекунем, ҳатто аз рӯзи офариниши Одам (а) ин падида зуҳур кардааст.

Худованд ҳангоме, ки Одам (а) – ро офарид, фариштагонро амр намуд, то ба ӯ саҷда кунанд. Сабаби ин ҳама мартабаи баланд ва иззату каромат, ки Одам (а) ба даст овард, илм буд, илме, ки Худо барояш омӯзонидааст. Ин фазилат сабаб шуд, ӯ “ҷонишини Худо дар замин“ унвон гирифт. Дар ҳар давру замон ҳар инсоне, ки ба илм даст ёфт, ӯ

сазовори ҷонишинии Аллоҳ хоҳад гашт. Баръакс шахсе, ки ба ҷаҳлу нодонӣ розӣ шуд, аз файзи дониш худро барканор гирифта ба насибаи каме илм қонеъ гардид, бегумон

аз мансаби ҷонишинӣ маҳрум аст, зеро ҳанӯз ба ин мақом лоиқ нагардидааст.

Фотеҳи боби бандагӣ илм аст,

Чашмаи оби зиндагӣ илм аст.

Ҳамин тавр, бо мушоҳида мерасад, ки илм қазияи меҳварӣ ва асосӣ дар ҳаёти инсо[1]ният аст. Бинобар ин бузургони мо марги олимро марги олам донистаанд. Зеро реҳлати ӯ аз дунё боиси фасоди қалбҳои мардум мешавад. Мардум аз моҳияти офариниши худ бехабар мемонанд, арзиши воқеии худро дар зиндагӣ гум мекунанд.

Худованд чӣ зебо башорат дода:

“Худованд онҳоро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки аз илм баҳра доранд, дараҷоти азиме мебахшад.”

Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

“Ҳар кас барои талаби илм роҳеро ихтиёр кунад, парвардигор роҳи ҷаннатро ба ӯ осон месозад. Ҳамоно фариштагон болҳои худро бар толибони илм мегустаронанд.

Тамоми аҳли осмонҳову замин, ҳатто наҳанг дар қаъри баҳр барои марди донишманд аз Худо истиғфор металабад. Фазли олим бар обид, ҳамчун фазли маҳтоб дар шаби чаҳордаҳ бар соири ситорагон аст. Олимон ворисони паёмбаронанд, ки онҳо на динору

дирҳам, балки илмро мерос гузоштанд.“ (ривояти Имом Тирмизӣ, ҳадиси 1388/13)

Дар ҳадиси дигар мефармоянд:

“Ҳар кас кафшҳояшро дар талаби илм ғуборолуд кунад, Худованд оташи дӯзахро бар вай ҳаром мегардонад.” (Ривояти Имом Бухорӣ ва Имом Муслим)

Боз Паёмбар Муҳаммад (с) фармуданд:

“Илмро талаб кунед, агарчӣ дар Чин бошад.”

Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯянд:

Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Қулфкушои ҳама дарҳост илм.

Торихи омӯзишу парвариш ё таълиму тарбияро дар таърихи тоҷикон ба се давра ҷудо кардан мумкин аст:

– давраи аввал то инқилоби Октябри сусиолистӣ (то соли 1917);

– давраи дуюм давраи Ҳукумати Шӯравӣ;

– давраи сеюм давраи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Идома дорад…

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Маориф – бурунмояи рушду камол
Via: Маориф – бурунмояи рушду камол
Tags: Маориф – бурунмояи рушду камол
Previous Post

Дарсе фаро гирифтам

Next Post

Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Related Posts

Мақоми ҳикмат
Адабиёт ва ашъор

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино
Машоҳир

Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино

January 7, 2026
Алии Шариатӣ
Адабиёт ва ашъор

Ҳодисаофарин ё торихсоз

January 23, 2026
Мавлоно
Адабиёт ва ашъор

Осори Мавлоно дар Амрико пурфурӯш аст

January 3, 2026
Рисолаи ишқ ба баёни сода
Адабиёт ва ашъор

Рисолаи ишқ ба баёни сода

January 3, 2026
Осори хирадмандӣ
Адабиёт ва ашъор

Қалбе барои зистан

December 23, 2025
Next Post
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Мӯъмин дар дунё ва охират

Мӯъмин дар дунё ва охират

January 31, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

January 31, 2026
Маориф – бурунмояи рушду камол

Маориф – бурунмояи рушду камол

January 31, 2026
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026

Recent News

Мӯъмин дар дунё ва охират

Мӯъмин дар дунё ва охират

January 31, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

January 31, 2026
Маориф – бурунмояи рушду камол

Маориф – бурунмояи рушду камол

January 31, 2026
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Мӯъмин дар дунё ва охират

Мӯъмин дар дунё ва охират

January 31, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

January 31, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved