• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Имон ва ваҳдат

Ислом – монеъ ё омили пешрафт?

February 7, 2026
in Имон ва ваҳдат
0
Ислом – монеъ ё омили пешрафт?

Ислом – монеъ ё омили пешрафт?

0
SHARES
37
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ислом – монеъ ё омили пешрафт?

Оё ислом кӯҳна ва ойине мутааллиқ ба қуруни вустост?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳатман ин ҳарфҳо ба гӯшатон хӯрда, ки мегӯянд, ислом ойине кӯҳна аст ва маориф ва аҳкомаш мутааллиқ ба қуруни вустост ва ба дарди ҷаҳони имрӯз намехӯрад ва балки монеи пешрафт ва тараққии башар аст!

Ин қабил ҳарфҳо — ки бештар дар забони касоне ҷорӣ мешавад, ки худро рӯшанфикр ҳам мепиндоранд – қатъан ношӣ аз адами огоҳии онҳост. Соҳибони ин суханон, зоҳиран на бо ислом ошно ҳастанд ва на бо инсон ва на бо ниёзҳои ӯ. Зеро, агар бо ойнини ислом ва маъорифи он аз як тараф, ва бо инсон (аз он назар, ки инсон аст) ва ниёзҳои ӯ аз тарафи дигар, ошно мебуданд, ҳаргиз мӯътақид ба ин пиндори бепоя намешуданд.

Дар ин ҷустор мехоҳам андаке дар ин мавзӯъ баҳс ба амал биёварам, то хонандаи азиз худаш доварӣ бикунад, ки оё метавон гуфт, ислом ва маъорифи он кӯҳна ва ба дарди имрӯз намехӯрад?!

* * *

Маъорифи ислом — яъне ҳар он чӣ ислом мегӯяд ва ба сӯйи он мехонад — дар як тақсимбандии куллӣ, аз се бахш иборат аст: ақоид, ахлоқ ва аҳком. Тамоми маъорифи исломӣ ҳаминҳост.

Ҳоло, ҳар як аз ин бахшҳоро бо диққат мавриди баррасӣ қарор медиҳем, то бибинем, оё кӯҳна ва нав шудан дар онҳо роҳ дорад?

  1. Ақоиди исломӣ як силсила масоилест, ки мусалмон бояд ба онҳо бовар ва имон дошта бошад; масоиле мисли: Худое ҳаст ва Ӯ олим, ҳаким, қодир, шунаво, бино ва ғайра аз сифот аст. Худо паёмбароне барои ҳидоят ва роҳнамоии башар фиристода ҳамроҳ бо китобҳои осмонӣ. Зиндагии инсон фақат дар ҳамин дунё хулоса намешавад, балки ӯ пас аз марг мунтақил ба ҷаҳоне дигар хоҳад шуд ва ғайра аз ин қабил масоили эътиқодӣ…

Хуб, дар ин бахш аз ислом – ки дар воқеъ усул ва пояҳои исломро ташкил медиҳад – пурвозеҳ аст, ки кӯҳна ва нав аслан дар он маъно надорад. Масалан, чунин нест, ки масъалаи “бовар ва имон ба Худо” масъалае мутаъаллиқ ба як замони хосс (масалан замони қадим) буда ва дар як замони дигар (масалан имрӯз) ҷойи онро “адами имон ба Худо” гирифта бошад. Чунин нест. Балки ин ду масъала (имон ба Худо ва адами имон ба Ӯ), дар ҳар замоне миёни башар будааст, чӣ дар қадим ва чӣ имрӯз. Яъне, аз оғози пайдоиши башар дар рӯйи замин, иддае мӯъмин ба Худо будаанд ва иддае мункири вуҷуди Худо.

Асосан, дар масоили эътиқодӣ, он чӣ матраҳ аст, масъалаи саҳеҳу ғалат аст, масъалаи дурусту нодуруст аст, на кӯҳнаву нав. Яъне, як гузораи эътиқодӣ (мисли гузораи “Худо ҳаст”), ё дуруст аст ва ё нодуруст. Агар дуруст буд, ҳамеша ва дар ҳамаи замонҳо дуруст аст. Ва агар ғалат ва нодуруст аст, ҳамеша ва дар ҳамаи замонҳо ғалат аст. Зеро дурустӣ ё нодурустии як масъала, доир мадори замону макон нест, балки бояд бо усул ва меъёрҳои мантиқӣ ва истидлолҳои ақлӣ собит бишаванд.

* * *

  1. Ва аммо бахши дуввуми ислом, яъне бахши ахлоқ: Ахлоқ аз назари ислом ё ахлоқи писандида аст, ки ҳар мусалмоне муваззаф аст хештанро ба онҳо биёрояд ва ё ахлоқи нописанд ва зишт, ки бояд аз онҳо дурӣ биҷӯяд. Намунаҳои ахлоқи писандида, ки Қуръон ва Суннат ба ороста шудан ба онҳо таъкид кардааст, иборатанд аз: ростгӯӣ ва садоқат, амонатдорӣ, адолат, шуҷоат, ихлос ва якрӯӣ, иффат ва покдоманӣ, вафодорӣ ва ғайра… Ва аммо намунаҳои рафтор ва кирдорҳои нописанд ва зишт, ки ислом ба дурӣ аз онҳо тавсия кардааст, иборатанд аз: дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ, хиёнат, зулм ва ситам, тарсуӣ, риё ва дурӯӣ, беиффатӣ ва ғайра…

Хуб, дар ин арзишҳо, оё кӯҳна ва нав шудан роҳ дорад? Масалан: оё ростгӯӣ дар қадим хуб ва писандида буда ва имрӯз бад ва нописанд шудааст? Адолат дар қадим як арзиш буда ва аммо имрӯз ҷойи онро зулм гирифтааст ва инсонҳо дигар адолатро хуб намедонанд (чун кӯҳна аст ва ба замони қадим таъаллуқ дорад) ва аз зулм хушашон меояд? Иффат ва покдоманӣ дар қадим аз назари инсон писандида буда ва аммо имрӯз дар назари ӯ дигар нописанд аст ва беиффатӣ ва беҳаёӣ ҷойи онро гирифта?

Инсон, модоме ки инсон аст — аз оғози пайдоиш ва то ба имрӯз ва то поён – сиришти ӯ ба гунае аст, ки адолатро писандида ва зулмро нописанд медонад, ростгӯӣ ва садоқатро некӯ ва дурӯғ ва дурӯғгӯиро зишт мешуморад, иффат ва покдоманиро мамдуҳ ва беиффатӣ ва беҳаёиро мазмум меҳисобад. Инсон бо чунин сиришт ва фитрате офарида шуда. Аз ин рӯ, ҳар мактаб ва ойине, ки маъориф ва дастуроташ бар фитрат ва сиришти инсон устувор бошад, он мактаб дигар кӯҳна шудан надорад. Инки мо, мусалмонон, ойини исломро ҳамеша пӯё ва зинда ва кӯҳнанашаванда медонем, сирраш дар ҳамин нукта нуҳуфтааст:

فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

“Покдилона рӯй ба ин дин биёвар; ин фитрати илоҳӣ аст, ки мардумонро бар вифқи он офарида. Дар офариниши илоҳӣ тағйире роҳ надорад. Ин дини устувор аст, вале бештари мардум намедонанд.” (Сураи Рум, ояти 30)

* * *

  1. Ва аммо бахши севвуми ислом, ки гуфтем, аҳкоми исломӣ аст: Аҳкоми исломӣ як силсила “бояду набояд”-ҳост. Яъне, “бояд чунин кард” ва “набояд чунон кард.” Аҳкоми исломӣ ба навбаи худ ба чаҳор даста тақсим мешаванд: ибодот (мисли намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва ғайра…), ақдҳо (мисли тиҷорат, раҳн, иҷора, васият, никоҳ ва ғайра…), иқоъот (мисли талоқ, лиъон, хулъ ва ғайра…) ва қисмати чаҳорум аҳкоме аст аз қабили сайд, шуфъа, фароиз, ҳудуд ва ғайра.

Дар ин бахш як каме васеътар баҳс мекунем, зеро бештари эродҳо ва ишколот — мабнӣ бар ин ки ислом кӯҳна шуда ва ба дарди имрӯз намехӯрад — марбут ба ҳамин бахш аст.

Барои равшан шудани масъала, ибтидо лозим аст ниёзмандиҳои инсонро мавриди баррасӣ ва диққат қарор бидиҳем:

Ниёзмандиҳои инсон ду гуна ҳастанд:

  1. Ниёзмандиҳои аввалӣ: Ин гуна ниёзҳо ношӣ аз табиати фардӣ ва иҷтимоии инсон аст ва рабте ба замону макон надорад. Яъне табиати инсон ин ниёзҳоро иқтизо дорад, чӣ дар қадим ва чӣ имрӯз. Ин ниёзмандиҳо, ё фардӣ аст (руҳӣ ва ҷисмӣ) ва ё иҷтимоӣ. Ниёзҳои ҷисмӣ монанди: ниёзмандии башар ба хӯрок, пӯшок, маскан ва ҳамсар. Ниёзҳои руҳӣ монанди: гаройиши инсон ба илм, зебоӣ, парастиш ва ғайра… Ва аммо ниёзмандиҳои иҷтимоӣ, аз қабили муъошират, таъовун ва ҳамкорӣ, адолат ва озодӣ.
  2. Ниёзмандиҳои сонавӣ: Ин навъ ниёзҳо аз ниёзҳои аввалӣ ношӣ мешаванд, мисли ниёзмандӣ ба анвоъи олот ва васоили зиндагӣ, ки дар ҳар асре мутағайир аст; зеро кайфияти зиндагӣ дар ҳар асре бо асри дигар мутафовит аст.

Хуб, ислом бо таваҷҷӯҳ ба ин ниёзҳои башар, ду навъ қонун дорад:

  1. Қавонин ва аҳкоми собит: Ин гуна аҳком ва қавонин марбут ба шуъуни фардӣ ва иҷтимоии инсон аст; шуъуне, ки реша дар фитрат ва ғаризаи собит ва тағйирнопазири ӯ дорад ва дар тамоми ҷомеаҳо дар ҳар асру замон ва фарҳангҳои мутафовит яксон ҳастанд.

Масалан: алоқаи падару модар ба кӯдак, як алоқаи фитрӣ ва ғаризӣ аст, бинобар ин аҳкоме, ки ислом дар ин замина вазъ кардааст (монанди: ирс ва тарбият) собит ҳастанд.

Як мисоли дигар: аз онҷо, ки ниёзи инсон ба хонавода ва иҷтимоъ (ба хотири иҷтимоӣ будани инсон), ниёзе собит аст, аз ин рӯ, қавонини исломии марбут ба хонавода ва иҷтимоъ (аз қабили ин ки бояд дар ҷомеа адолат барқарор бошад (Сураи Ҳадид, ояти 25) ва ё аҳкоми марбут ба вазоифи зану шавҳар дар баробари якдигар), аҳкоме собит ҳастанд; зеро ҷомеаи инсонӣ бо вуҷуди тамоми таҳаввулот ва тағйироте, ки дорад, ҳаргиз “иҷтимоӣ будан”-и ӯ тағйир намеёбад.

  1. Қавонин ва аҳкоми мутағайир: Ин қавонин ва аҳкоми исломӣ мутағайир ҳастанд ва бо шароит ва ниёзҳои замона тағйир мекунанд. Ин гуна қавонин марбут ба шароити хосси замонӣ ва маконӣ аст.

Масалан: ислом дар масоили дифоъӣ ва навъи аслиҳаи ҷангӣ ва ҷилавгирӣ аз таҳоҷуми душманон, аҳкоми хоссе надорад, балки бояд бо таваҷҷӯҳ ба ниёзҳои замона ва шароити он, аз тарафи ҳукумат равише иттихоз шавад, ки то ҷомеаи исломӣ аз ҳамлаи душманон маҳфуз бимонад. Аз ин рӯ, ислом дар ин замина ба унвони як асли куллӣ дар садади баёни тақвияти буняи низомӣ буда ва мисдоқ ва кайфияти дифоъро муайян накардааст. Ба ин ояти қуръонӣ таваҷҷӯҳ бифармоед:

وَأَعِدّوا لَهُم مَا استَطَعتُم مِن قُوَّةٍ

“Ҳар нерӯе дар қудрат доред, барои муқобила бо онҳо (душманон) омода созед…” (Сураи Анфол, ояти 60)

Яъне он чӣ ҷузъи ҳадафҳои исломӣ аст ин аст, ки мусалмонон бояд дар ҳар замоне то охирин ҳадди имкон аз лиҳози қувваҳои низомӣ ва дифоъӣ дар баробари душман қавӣ бошанд. Ҳол, кайфияти силоҳ чӣ бошад, ин дигар марбут ба вазъияти замона аст. Дар як аср шамшер ва найза ва асп васила маҳсуб мешудааст ва дар асри дигар тӯпу тонку мушак.

Равшан шуд, ки тамоми аҳком ва қавонини исломӣ барои ниёзҳои собити башарӣ нест, балки барои ниёзмандиҳои мутағайири инсон ҳам қавонин ва аҳкоме вазъ кардааст.

* * *

Бо таваҷҷӯҳ ба он чӣ то инҷо баён шуд, бепоягӣ ва пучии иддаъои касоне, ки мегӯянд, ислом кӯҳна шуда ва мутаъаллиқ ба қуруни вустост, ба вузуҳ бармало мешавад. Тафаккур ва андешаи баъзе аз ин рӯшанфикрмаобон ба ҳадде нозил аст, ки ҳатто навъи либос ва тарзи пӯшиши инсонро меъёр ва миқёси пешрафт ва ё пастрафти ӯ қарор медиҳанд. Шояд ба назаратон хандаовар намоён шавад, вале воқеият мутаассифона ҳамин аст. Бонуе, ки масалан сатр бар сар карда, аз назари ин ҷамоат ақибмонда, вале касе ки нимаурён аст, пешрафта аст. Яъне, то ба ин ҳадд тафаккурашон нозил ва соқит аст. Чӣ қадр расо ва баҷо фармуда Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар мавриди ин ҷамоат, ки:

Шарқро аз худ барад тақлиди Ғарб,

Бояд ин ақвомро танқиди Ғарб.

Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.

Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,

Не зи урёнсоқу не аз қатъи мӯст.

Муҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,

Не фурӯғаш аз хатти лотинӣ аст.

Қуввати Афранг аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,

Монеи илму ҳунар аммома нест.

Илму фанро эй ҷавони шӯхшанг,

Мағз мебояд, на малбуси Фаранг.

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Ислом – монеъ ё омили пешрафт?
Via: Ислом – монеъ ё омили пешрафт?
Tags: Ислом – монеъ ё омили пешрафт?
Previous Post

Охирин васияти Амиралмӯъминин

Next Post

Мирзо Улуғбек

Related Posts

Чаро Қуръон таҳрифнопазир аст?
Имон ва ваҳдат

Қуръонро ин гуна бихон!

February 7, 2026
Фарҳанг ва таърихи башар
Имон ва ваҳдат

Фақеҳон амини паёмбаронанд

January 31, 2026
Мӯъмин дар дунё ва охират
Имон ва ваҳдат

Мӯъмин дар дунё ва охират

January 31, 2026
Донишҷӯ ва устод
Имон ва ваҳдат

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Зарурати паёмбарӣ аз дидгоҳи Бӯалӣ Сино
Имон ва ваҳдат

Зарурати паёмбарӣ аз дидгоҳи Бӯалӣ Сино

January 1, 2026
Ислом чигуна инсонҳоро дигаргун мекунад
Имон ва ваҳдат

Ислом чӣ гуна инсонҳоро дигаргун мекунад

December 5, 2025
Next Post
Мирзо Улуғбек

Мирзо Улуғбек

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно

Шайдоии Мавлоно

February 7, 2026
Мирзо Улуғбек

Мирзо Улуғбек

February 7, 2026
Ислом – монеъ ё омили пешрафт?

Ислом – монеъ ё омили пешрафт?

February 7, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин

Охирин васияти Амиралмӯъминин

February 7, 2026

Recent News

Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно

Шайдоии Мавлоно

February 7, 2026
Мирзо Улуғбек

Мирзо Улуғбек

February 7, 2026
Ислом – монеъ ё омили пешрафт?

Ислом – монеъ ё омили пешрафт?

February 7, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин

Охирин васияти Амиралмӯъминин

February 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно

Шайдоии Мавлоно

February 7, 2026
Мирзо Улуғбек

Мирзо Улуғбек

February 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved