• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Мирзо Улуғбек

February 7, 2026
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Мирзо Улуғбек

Мирзо Улуғбек

0
SHARES
18
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мирзо Улуғбек

Машоҳир ва номоварон

Мирзо Муҳаммад Ториқ ибни Шоҳрух, ё Мирзо Муҳаммад Тароғой ибни Шоҳрух машҳур ба номи Мирзо Улуғбек (1393-1449) фарзанди Шоҳрух ва наваи Темур, аз подшоҳони темурӣ буд. Ӯ подшоҳе ситорашинос, риёзидон ва аҳли илму адаб буд. Ӯ аз аҷоиби таърихи башар аст, ки дар айни ин ки подшоҳ буда, китобаш ба номи “Зиҷи Улуғбек” дақиқтарин тақвими исломӣ аст.

Улуғбек дар 22 марти 1394 мелодӣ дар Султония дар Озарбойҷон ба дунё омад. Модараш Гавҳаршод аз шоҳзодагони туркзабон буд, ки биноҳое чун “Масҷиди Гавҳаршод”-ро дар Машҳад дар канори қабри мутаҳҳари Имом Ризо сохт ва падараш Шоҳрух, дар таҳкими ҳукумати темурӣ ва рушди ҳунар дар он даврон ва шакл гирифтани мактаби Ҳирот бисёр муассир буд.

Шоҳрух дар замони подшоҳӣ, ҳукумати Самарқандро ба Улуғбек дод. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар “Тазкиратуш-шуаро”-и худ менависад: “Фузало ва ҳукамо муттафиқанд, ки ба рӯзгори ислом, балки аз аҳди Зулқарнайн то ин дам, подшоҳе ба ҳикмат ва илми Мирзо Улуғбек бар мустақарри салтанат қарор наёфта.” (с.354-356)

Улуғбек дар Самарқанд расадхонаи азим ва муҷаҳҳазе ба номи “Расадхонаи Улуғбек”-ро барпо кард ва ҳамроҳ бо донишмандони бузурги он замон монанди Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ машғули расад ва таҳқиқоти илмӣ шуд ва бо ҳамкории онҳо зиҷеро, ки шомили дақиқтарин ҷадвалҳои ситорашинохтии он аср буд падид овард, ки ба “Зиҷи султонӣ” ҳам маъруф аст. Мадрасае низ барои омӯзиши улум ва фунун таъсис кард ва беҳтарин устодонро дар онҷо ба кори тадрис гуморд. Ёддоштҳо ва номаҳое, ки Кошонӣ барои падараш дар Кошон мефиристод, аз сатҳи болои фаҳму дониши Улуғбек ҳикоят мекунад. (Ғуломризо Мухторӣ, Фарҳанги риёзиёти поя)

Ӯ дар Самарқанд бо бародаронаш — Бойсунқур дар Ҳирот ва Иброҳим дар Шероз, ки ҷумлагӣ ҳунарманд буданд — дар бораи шеъри форсӣ мукотиба мекард. Ӯ ашъори Низомии Ганҷавиро бар ашъори Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки Бойсунқур меписандид, тарҷеҳ медод. (Донишномаи ҷаҳони ислом, с.196). Улуғбек аз кӯдакӣ ба омӯхтани хушнависӣ пардохт, аммо ҳамчун бародаронаш дар ин ҳунар номовар нашуд.

Улуғбек, пас аз ду соли даргирӣ бо писараш Абдуллатиф, оқибат дар 27 октябри соли 1449 мелодӣ ба дасти писараш кушта шуд. (Донишномаи ҷаҳони ислом, зайли унвони Темуриён)

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Мирзо Улуғбек
Via: Мирзо Улуғбек
Tags: Мирзо Улуғбек
Previous Post

Ислом – монеъ ё омили пешрафт?

Next Post

Шайдоии Мавлоно

Related Posts

Саидуддини Фарғонӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
Ниёиш
Ниёгони гузаштаи мо

Мутафаккири бедор

February 9, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Ниёгони гузаштаи мо

Охирин васияти Амиралмӯъминин

February 7, 2026
Дониши Ғаззолӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Дониши Ғаззолӣ

February 3, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Мавзӯоти доғ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Тасмими Меҳрдод
Мавзӯоти доғ

Тасмими Меҳрдод

January 3, 2026
Next Post
Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно

Шайдоии Мавлоно

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Тангсерӣ

Ҳушдори муҷаддади фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳ: Ҳар гуна убур аз тангаи Ҳурмуз ниёзманди дарёфти муҷаввиз аст!

March 24, 2026
Нигаронии Бен Салмон

Нигаронии Бен Салмон

March 24, 2026
Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад

Тромп паёми нахуствазири Покистон дар ҳимоят аз поёни ҷангро бознашр кард

March 24, 2026
Тангаи Ҳурмуз – поёни Амрико

Тангаи Ҳурмуз – поёни Амрико

March 24, 2026

Recent News

Тангсерӣ

Ҳушдори муҷаддади фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳ: Ҳар гуна убур аз тангаи Ҳурмуз ниёзманди дарёфти муҷаввиз аст!

March 24, 2026
Нигаронии Бен Салмон

Нигаронии Бен Салмон

March 24, 2026
Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад

Тромп паёми нахуствазири Покистон дар ҳимоят аз поёни ҷангро бознашр кард

March 24, 2026
Тангаи Ҳурмуз – поёни Амрико

Тангаи Ҳурмуз – поёни Амрико

March 24, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Тангсерӣ

Ҳушдори муҷаддади фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳ: Ҳар гуна убур аз тангаи Ҳурмуз ниёзманди дарёфти муҷаввиз аст!

March 24, 2026
Нигаронии Бен Салмон

Нигаронии Бен Салмон

March 24, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved