Тағйири маҳалли музокирот тавассути Эрон
Байналмилал
Чаро Эрон якдафъа дастури кор ва маҳалли музокироти Эрон ва Омрикоро тағйир дод
Гузориши Financial Times
Рӯзномаи Financial Times дар гузорише навишт, гуфтугӯҳои ҳассосе миёни Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Эрон қарор аст рӯзи ҷумъа дар Уммон баргузор шавад; музокироте, ки Теҳрон мекӯшад мавзӯъи онро сирфан ба барномаи ҳастаии худ маҳдуд кунад ва аз густариши дастури кор ба мавзӯъоти дигаре ҷилавгирӣ ба амал оварад.
Ба навиштаи ин рӯзнома, ин музокирот дар ибтидо қарор буд дар Истонбул ва бо ҳузури кишварҳои минтақа ба унвони нозир баргузор шавад. Аммо ба гуфтаи манобеи огоҳ, Эрон хостори интиқоли маҳали гуфтугӯҳо ба Масқат ва баргузории нишаст танҳо бо ҳузури Омрико шудааст.
Тибқи гузориши Financial Times, ин дархост нишон медиҳад Теҳрон қасд дорад қолаби музокирот мушобеҳи гуфтугӯҳои соли гузашта дар Уммон бошад; музокироте, ки сирфан бар барномаи ҳастаии Эрон мутамаркиз буд ва на бар мавзӯъоти густардатаре монанди барномаи мушакҳои болистик, ки Вошингтун пештар бар онҳо таъкид карда буд.
Financial Times менависад: як манбаи огоҳ дар ин замина гуфт: “Эрониҳо мехоҳанд дастури кор, ширкаткунандагон ва маҳалли нишастро тағйир диҳанд, то нишон диҳанд, ин давр, идомаи ҳамон музокироти ҳастаии пешин дар Уммон аст.”
Ба гуфтаи манбаи дигаре, Омрико бо интиқоли музокирот ба Масқат мувофиқат кардааст. Кохи сафед рӯзи сешанбе таъид кард, ки музокирот ҳамчунон барои рӯзи ҷумъа барномарезӣ шуда, аммо ҷузъиёти бештаре ироа надод.
Бар асоси гузоришҳо, Стив Уиткофф, намояндаи вежаи Омрико ва Ҷаред Кушнер, домоди Тромп, дар канори Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, аз ҷумлаи ҳозирони эҳтимолӣ дар ин гуфтугӯҳо ҳастанд, ҳарчанд дипломатҳо гуфтаанд, ҷузъиёти ниҳоӣ ҳанӯз қатъӣ нашудааст.
Уиткофф ва Ироқчӣ соли гузашта чандин давр гуфтугӯи ғайримустақим дар Масқат доштанд; гуфтугӯҳое, ки танҳо 48 соат пеш аз оғози он, бо ҷанги 12-рӯзаи Исроил алайҳи Эрон дар моҳи июн мутаваққиф шуд. Омрико низ ба таври маҳдуд бо бомбборони таъсисоти аслии ҳастаии Эрон ба ин ҳамалот пайваст. Эрон ин иқдоми Омрикоро хиёнати Вошингтун ба диплумосӣ хонд.
Дар ҳафтаҳои ахир, кишварҳои арабӣ ва мусалмон талошҳои диплумотики худро барои бозгардондани ду тараф ба мизи музокира афзоиш додаанд.
Ба гуфта диплумотҳо ва таҳлилгарон, Кохи сафед аз Теҳрон хостааст ғанисозии ураниумро ба таври доимӣ мутаваққиф кунад, маҳдудиятҳое бар барномаи мушакии худ бипазирад ва ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳи минтақаиро мутаваққиф созад. Аммо мақомҳои эронӣ таъкид кардаанд, танҳо дар бораи мавзӯи ҳастаӣ гуфтугӯ хоҳанд кард ва зери бори хостаҳои Тромп нахоҳанд рафт.
Эрон ҳамвора дархости таваққуфи комили ғанисозиро рад карда ва онро ҳаққи худ зайли муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ медонад.
Соном Вакил, мудири барномаи Ховари Миёна дар Андешкадаи Chatham House гуфт, Эрон тарҷеҳ медиҳад Уммон мизбони музокирот бошад, зеро ин кишварро “миёнҷии таърихии мавриди эътимод” бо собиқаи гуфтугӯ миёни тарафҳо медонад.
Ӯ афзуд: “Теҳрон мехоҳад бозигарони минтақаиро канор бигузорад, то музокироте, ки аз пеш печида ва замон ҳассос аст, беш аз ин тӯлонӣ ва душвор нашавад.”
Тоҷнек
tajnek.com




















