Ифтихори Осиё
Ҳазрати Муҳаммад(с) аз нигоҳи дигарон
Порт Ҷон Дион (John Dion Port, 1789–1877), исломшиноси маъруфи англисӣ чунин менависад:
“Нависандагоне, ки таҳти таъсири таассуб қарор гирифта ва гумроҳ шудаанд ва дар натиҷа ба ҳусни шӯҳрати эҳёгари ойини яктопарасӣ иҳонат раво доштаанд, на фақат собит кардаанд, ки руҳи хайрхоҳи Масеҳ, (ки бо он ҳама истиқомат ва қудрат дар анҷоми он пойдорӣ нишон дода), дар онҳо таъсир нанамудааст, балки дар қазоват низ роҳи хато паймудаанд.
Зеро бо мухтасар тааммул ва тафаккуре метавонистанд ин нуктаро дарк кунанд ва дарёбанд, ки Пайғамбар ва таълимоти ӯро набояд аз назари як нафар масеҳӣ ё аз лиҳози фикри урупоӣ интиқод кунанд. Балки ин баҳс бояд аз назари шарқӣ мавриди қазоват қарор гирад. Ва ба иборати дигар, шахсияти Муҳаммад (с)-ро ба унвони як нафар ислоҳгари динӣ ва қонунгузоре, ки дар қарни ҳафтуми милодӣ дар Осиё қиём кардааст, бояд мавриди мутолиа ва таҳқиқ қарор дод.
Дар ин сурат бидуни шак, агар ӯро яке аз наводири ҷаҳон ва муназзаҳтарин нобиғае, ки гетӣ то кунун тавонистааст парвариш диҳад ба шумор наоварем, ситами базургеро муртакиб шудаем.
Ҳамоно ӯро бояд бузургтарин ва ягона шахсияте бидонем, ки қорраи Осиё метавонад ба вуҷуди чунин фарзанде ба худ биболад.
Ҳар гоҳ вазъи аъробро қабл аз зуҳури Муҳаммад (с) дар назар бигирем ва бо вазъияти баъд аз қиёми ӯ муқоиса кунем ва ҳар гоҳ андак тафаккуре дар шӯълаи ишқу алоқае, ки дар қалбҳои пайравони ӯ барафрӯхта шуда ва то имрӯз ба ҳамон ҳол боқӣ монда таваҷҷӯҳ кунем, ба хубӣ эҳсос мекунем, ки агар аз тамҷид ва такрими чунин марди бузург ва фавқулоддае худдорӣ кунем, беинсофӣ кардаем”.
Тоҷнек
tajnek.com




















