Фариштаи наҷот
Ҳазрати Муҳаммад(с) аз дидгоҳи дигарон
Лев Толстой, нависандаи машҳури русӣ, аз касонест, ки китоби ҷолибе дар радди ашхосе, ки Паёмбари исломро ба салтанатталабӣ ва шаҳватронӣ нисбат додаанд, ба номи “Муҳаммад (с)” таълиф карда ва зимнан суханони ҳакимонаи эшонро ҳам дар рисолаи махсусе гирдоварӣ ва ба забони русӣ тарҷума карда ва ба унвони “Суханони Муҳаммад (с)” интишор додааст. Вай чунин навиштааст:
“Ҷои ҳеч гуна шубҳа ва тардиде нест, ки Пайғамбари Ислом аз ислоҳгароёни бузурги дунёст, он ҳам ислоҳгарое, ки ба ҷомеаи башарият хидмати шоёне кардааст. Ва ин фахру мубоҳот барои ӯ бас аст, ки як миллати хунрез ва ваҳширо аз чанголи аҳриманони одатҳои зишт раҳонид ва роҳи тараққиро барои онон боз кард ва ҳол ки ҳеч марди оддие наметавонад ба чунин кори шигирфе иқдом кунад ва натиҷа бигирад. Бинобар ин, шахси Паёмбари Ислом сазовори ҳама гуна эҳтиром ва икром мебошад. Шариати Ислом ба иллати созгории он бо ақл ва ҳикмат дар оянда оламгир хоҳад шуд”.
Тоҷнек
tajnek.com




















