Афшин
Афшин; қаҳрамон ё хоин?
Бахши аввал
Афшин (Кайдар писари Ковус) – шоҳзодаи Усрушана (Истаравшани кунунӣ) дар замони вуруди мусалмонон ба Эронзамин, ки яке аз сардорони машҳур дар дастгоҳи хилофати Маъмун ва Муътасими Аббосӣ ҳам буд, шахсияте бисёр мармуз ва пурмоҷарое аст.
Дар ҳоле ки бисёре аз муаррихон ва муҳаққиқон аз ӯ ба унвони як қаҳрамон ёд мекунанд, аммо дар ин миён пажӯҳишгароне ҳам ҳастанд, ки мӯътақиданд, Афшин ба хотири дарёфти саҳми худ дар ҳукумати Фарорӯди даврони Аббосиён, ҳозир ба ҳар гуна ҳамкорӣ бо Аббосиён буд.
Барои ошноии беҳтар бо ин шахсияти торихӣ, бар он шудем, то дар ин навиштор ҳар он чиро дар бораи вай дар китобҳои торихӣ омадааст, биёварем.
Ному насаб
Номи Афшин дар ғолиби манобеъ “Хайзар” омада ва Абӯтаммом низ дар шеъре, ки пас аз дастгирӣ ё қатли Афшин сурудааст, ҳамин номро оварда. (Табарӣ, 9/11, Абулфараҷи Исфаҳонӣ, 8/250). Дар порае дигар аз манобеъ, ин ном ба сурати “Ҳайдар” омадааст (Билозарӣ, 211) ва низ ба сурати “Кайдар” ҳам зикр шудааст ва бино бар ин, эҳтимол дорад “Хайзар” арабишудаи “Кайдар” бошад.
Дар манобеи мавҷуд, ривояте, ки торихи таваллуди Афшинро таъйин кунад вуҷуд надорад. Вай бад-он сабаб, ки фарзанди писаре ба номи Ҳасан дошт (Табарӣ, 9/106-107) Абулҳасан куня гирифт.
Дуруст аст, ки унвони “Афшин”-ро акнун танҳо азони ӯ медонем, аммо дар воқеъ Афшин лақаб ва унвони умумии амирони Усрушана будааст. (Хаворазмӣ, 119) Ниёкони Афшин дар минтақаи Усрушана ҳама ба номи Афшин хонда мешудаанд. (Билозарӣ, 428, 431)
Вожаи “афшин” аз назари решашиносӣ чандон рӯшан нест. Мумкин аст “афшин” сурати дигаре аз “пешин” дар забонҳои куҳани эронӣ бошад ва медонем, ки номи пешин (ё пасин) миёни эрониён роиҷ буда ва дар мутуни куҳани эронӣ ҳам аз он ёд шудааст.
Гунаи дигари ин унвон, ки дар мутуни арабӣ ба сурати “Афшина” омада, номи як макон, яъне тахтгоҳи мулуки Усрӯшана будааст. (Табарӣ, 7/21)
Усрушана
Хостгоҳи Афшин мамлакати Усрушана буд, ки дар минтақаи Суғд дар шарқи Самарқанд ва ҷануби Чоч (Тошканти кунунӣ) қарор дошт. Ба назар мерасад, ки дар охирҳои даврони Сосониён ва сипас футуҳоти аъроб, хондадони Афшин гунае ҳукмронии хонаводагӣ дар он минтақа доштанд ва барои худ унвони шоҳии “Афшин” баргузида буданд. Ҳукмронони ин минтақа, дар баробари юриши мусалмонон то ҳудуди садаи 3 ҳ.қ муқовимат мекарданд ва дар ин кор, гоҳ бо Ҳайтолиён муттаҳид мешуданд (Табарӣ, 7/122-125) ва гоҳ низ ба сулҳ ва оштӣ бо аъроб рӯй меоварданд. (Билозарӣ, 428, Торихул-хулафо, 424).
Саранҷом, дар аҳди Маъмуни Аббосӣ, Ковус падари Афшин ба ин шарт, ки мусалмонон ба сарзамини ӯ таарруз накунанд, пазируфт, ки хароҷ ба Бағдод бифиристад. (Билозарӣ, 430).
Аз ин торих ба баъд метавон аз Афшини машҳур дар торих суроғ гирифт.
Тибқи гузориши соҳиби китоби “Ал-булдон”, Усрушана танҳо минтақае дар Фарорӯд будааст, ки пойи ҳеч арабе ба он нарасида. Ӯ менависад:
ومملكة أسروشنة واسعة جليلة يقال أن فيها أربعمائة حصن، ولها عدة مدن كبار منها: أرسمندة، وزامن، ومانك، وحصنك، ولها وادٍ عظيم، يأتي من ناسف نهر سمرقند، وتوجد في ذلك الوادي سبائك ذهب، وليس بخراسان ذهب بموضع من المواضع إلا ما بلغني أنه يوجد في هذا الوادي. وفي جميع مدن خراسان قوم من العرب من مضر، وربيعة، وسائر بطون اليمن، إلا بأسروشنة فإنهم كانوا يمنعون العرب أن يجاوروهم حتى صار إليهم رجل من بني شيبان، فأقام هناك وتزوج فيهم
“Мамлакати Усрушана бисёр паҳновар аст ва дорои 400 қалъа мебошад. Дар ин мамлакат чанд шаҳри бузург вуҷуд дорад, аз ҷумла: Арсманда, Зомин, Монак ва Ҳиснак ва дорои водиҳои азиме аст, ки аз рӯдхонаи Самарқанд шурӯъ мешавад. Дар ин водиҳо тилло фаровон ёфт мешавад. Асосан, дар ҳеч ҷойе аз Хуросон тилло пайдо намешавад, магар дар ҳамин водӣ.
Шоистаи ёдоварист, ки дар ҷамеи шаҳрҳои Хуросон қавмҳое аз араб аз қабоили Музар, Рабиа ва соири қабоили яманӣ зиндагӣ мекунанд, ба ҷуз Усрушана, ки арабе дар он ёфт намешавад. Зеро мардуми ин сарзамин намегузоштанд, ки аъроб дар канори онон зиндагӣ кунанд, то ин ки фақат як араб аз Бани Шайбон омад ва пас аз издивоҷ бо яке аз занони Усрушана дар онҷо сукно гузид…” (Албулдон, 1/26)
Мухолифати Афшин бо падар
Бино ба ривоёти торихӣ, муддате пас аз сулҳ миёни Ковус (падари Афшин) ва Маъмун, Ковус дубора сар ба мухолифат бардошт, аммо фарзандаш Афшин ба Бағдод рафт ва халифаро ба фатҳи Усрушана барангехт ва зимнан роҳи осони вуруд ба шаҳрро ба ӯ нишон дод. (Билозарӣ, 430; Қуддома, 412).
Ривояти Билозарӣ нишон медиҳад, ки Афшин пеш аз ин иқдом, бо падараш ихтилоф дошта ва ҳатто муддате, пинҳон аз ӯ мезиста ва пеш аз омадан ба назди Маъмун ба дини ислом гаравида будааст. (Билозарӣ, 430). Албатта, бархе аз пажӯҳишгарон мӯътақиданд, ки исломи Афшин зоҳирӣ ва сурӣ буда ва ӯ то охир ба ойини ислом нагаравида будааст.
Ба ҳар ҳол, лашкаре гарон ба саркардагии Аҳмад ибни Абӯхолид аз сӯйи Маъмун бо таваҷҷӯҳ ба роҳнамоии Афшин, ба Усрушана юриш овард. Гарчӣ Ковус аз Ҳайтолиён ёрӣ талабид, аммо саранҷом ночор ба таслим шуд ва ба Бағдод рафт. Дар онҷо бино бар сиёсати Маъмун дар бораи наҷибзодагони Хуросон – ки эшонро мутеъ мекард ва менавохт ва ҳатто бар зодгоҳҳои худ фармонравоӣ медод – мавриди навозиш қарор гирифт. Ин равиш мӯҷиб шуд, ки ба тасреҳи манобеъ, бештари лашкариёни хилофат дар он замон аз аҳолии Фарорӯд бошанд. (Билозарӣ, 431)
Ба ҳар ҳол, Маъмун дар иҷрои сиёсати ёдшуда Ковусро бар минтақаи Усрушана ҳоким гардонид ва Афшинро низ ҷонишини ӯ қарор дод. (Ҳамон манбаъ)
Ривоёти Билозарӣ (с.425) ва Қуддома (с.408), ки гӯё умдаи матолиби худро аз Абӯубайда Муаммар ибни Мусанно гирифтаанд, бисёр мухтасар аст ва тасвири рӯшане аз сабаби ихтилофи Афшин ва падараш ба даст намедиҳад, аммо аз он достон метавон ҳадс зад, ки эҳтимолан Фазл бародари Афшин назди падар ҷойгоҳи баландтаре дошта ва ҷонишини ӯ будааст. Аммо Афшин ба сабаби ҳамкорӣ бо Маъмун, ҷонишинии падарро ба даст овард ва то поёни зиндагӣ мақоми хешро дар Фарорӯд ҳифз кард ва бо мардуми минтақа иртибот дошт.
Аз он ҷо, ки ин ҳаводис пас аз вуруди Маъмун аз Хуросон ба Бағдод сурат гирифта, метавон торихи онро пас аз 204 ҳ.қ. донист. (Табарӣ, 8/574)
Идома дорад…
Тоҷнек
tajnek.com




















