Раиси кумитаи амнияти Қирғизистон барканор шуд
Ахбори минтақа
Раиси кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ва се муовинаш аз вазифа барканор шуданд.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳамзамон муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон, ки номаш дар робита ба баҳсҳои марзӣ дар Тоҷикистон ҳам маъруф аст, аз мақом барканор карда шудааст.
Фармонро дар ин бора Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, рӯзи 10-уми феврал имзо кард.
Сухангӯйи Ҷабборов аз номи ӯ навишт, “ин тасмимро, пеш аз ҳама, ба манфиати кишварамон қабул кардам, то дар байни ҷомеа ва ниҳодҳои давлатӣ тафриқа эҷод нашавад”.
Се муовини Қамчибек Тошиев дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ аз вазифа сабукдӯш шуда, ба ҷойи онҳо афроди нав таъйин гаштаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир, Қамчибек Тошиев дар шаҳри Мюнхени Олмон ба дармон ва табобат машғул аст.
Тоҷнек
tajnek.com




















