• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Адабиёт ва ашъор

Қорӣ Ишкамба

February 10, 2026
in Адабиёт ва ашъор
0
Қорӣ Ишкамба

Қорӣ Ишкамба

0
SHARES
12
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Қорӣ Ишкамба

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мавзӯи мавриди баҳс дар ин мақола ин аст, ки ангезаи Домулло Садриддин Айнӣ аз достони “Марги судхӯр”, сирфи нақли ҳаёти инсоне ба номи Қорӣ Исмат набудааст, балки Домулло Айнӣ дар симои Қорӣ ва зиндагӣ ва саранҷоми хиффатбораш, вазъи давлатмардон ва муллоҳои вақти Аморати Бухоро дар охирҳои умри ин аморатро ба тасвир кашидааст.

* * *

Азизон ҳатман ин достони Устод Айниро хондаанд, ва агар касе то ҳанӯз ин асари гаронмояро нахондааст, воҷиб аст бихонад, бавижа давлатмардон ва мақомоти тоҷик. Инки чаро хондани ин достон барои давлатмардони имрӯзи кишвар воҷибтар аст, далелаш анқариб барои хонандаи азиз маълум мешавад. Ин асар аз шоҳкорҳои Устод Айнӣ аст. Бар мабнои ин достон, филме ҳам сохтаанд.

Қаҳрамони ин достон мардест ба номи Қорӣ Исмат маъруф ба “Қорӣ Ишкамба”. Бо ин ки гуфта мешавад, ин достон воқеият дошта ва дар ҳақиқат дар Бухорои пеш аз инқилоби сурхҳо марде бо ҳамин авсоф мезистааст, бо ин ҳол, ангезаи Устод Айнӣ аз навиштани ин достон, сирфан нақл ва ҳикояти зиндагии хиффатбори Қори Ишкабма нест, балки Домулло Айнӣ дар симои Қори Ишкамба ва зиндагӣ ва саранҷоми фоҷеаомези ӯ, вазъи давлатмардон ва муллоҳои вақти Аморати Бухоро дар охирҳои умри ин аморатро ба тасвир кашидааст.

Ба сухани дигар, дар симои Қорӣ Исмат, метавон ҳам охирин Амири Бухороро дид; ҳокиме, ки ба фикри ҳеч чиз ба ҷуз худаш нест; гӯ ин ки ҳокими як кишвар ва масъулияти идораи ҷомеа ва мардум бар ӯҳдаи ӯ набошад. Инки Қорӣ Исмат бо вуҷуди доштани сарвате ҳангуфт, аммо ҳамсараш дар вазъияти бисёр асафборе аз назари иқтисодӣ ба сар мебарад — дар ҳоле ки масъулияти таъмини моятоҷи ин зан бар гардани шавҳараш аст, ӯ сарпарасти хона аст, вале ба ин масъулият амал намекунад – ин дақиқан ишора ба рафтори Амири Бухоро бо ҷомеаи таҳти амраш дорад.

Ва ҳамчунин дар симои Қорӣ Исмат, метавон мақомоти кишварӣ ва давлатии он замонро низ ёфт, ки ҳамму ғамме ҷуз сарватандӯзӣ ва анбор кардани пул дар бонкҳои бегонаро надоранд.

Ва низ Қорӣ Ишкамба намоёнгари симои муллоҳо ва руҳонияти он даврон мебошад, ки ба илми худ амал намекарданд. Ба сухани дигар, Қорӣ Исмат — ки қории Қуръон ва як мулло буд — медонист, ки рибо тибқи дастури акиди шариат ва ба тасреҳи Қуръони Карим, як амали ҳаром аст, вале ӯ рибохор буд. Ба мардум пул қарз медод ва суд мехост.

Муҳимтарин паёми Домулло Айнӣ дар ин асар – он ҷо, ки аз саранҷоми кори Қорӣ Ишкамба, ки як марги хиффатбор буд ҳикоят мекунад – ин аст, ки иллати марги Аморати Бухоро ва суқути он, пеш аз ин ки таҳоҷуми артиши сурх бошад, шикампорагӣ, бетаваҷҷӯҳӣ, бемасъулиятӣ, беғамӣ, сарватандӯзӣ, ҳирс, хасисӣ ва худпарастии мақомоти давлатӣ ва кишварӣ ва муллоҳо ва руҳоният, ва дар раъси ҳамаи онҳо, Амири Бухорост.

Инки гуфтем, хондани ин достон ва таъаммул дар он, беш аз ҳама барои мақомоти кунунии кишварамон ва дар раъси онҳо раисиҷумҳур воҷибтар аст, ба ин далел аст, ки бибинанд, оё вазъи имрӯзи кишвар ва вазъи ҳоким ва мақомот ва нависандаҳо ва фарҳангиён ва муллоҳои дарбории имрӯз, шабеҳи вазъи Аморати Бухоро ва ҳокимаш ва мақомоташ ва муллоҳояш нест?!

* * *

Дар инҷо лозим аст ба як матлаб рӯшанӣ биандозам. Ва он ин ки: мо набояд асири зоҳир бошем ва гӯли онро бихӯрем. Яъне, чунин ҳам нест, ки чун ин достон дар замони Аморати Бухоро иттифоқ афтода ва ҳокимаш Амир Олимхон ва фарҳангиёнаш ҳама муллоҳои динӣ буданд, пас натиҷатан мухтасси ҳамон шароит буда ва дар шароити дигар, вазъият чунин нахоҳад шуд. Ин бардошт бардошти дурусте нест.

Агар ҳокими як кишвар дорои вежагиҳое бошад, ки Амир Олимхон дошта, ӯро саранҷоме ҷуз шабеҳи саранҷоми Амири Бухоро дар интизор нахоҳад буд, чӣ унвонаш Амир буда бошад ва ё Пешво, чӣ дар Аморати Бухоро ҳоким буда бошад ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фарқе намекунад. Зеро, омили суқути Амири Бухоро ва саранҷоми хиффатбораш унвону алқобу дину идеулужии вай набуд, балки саҳлангории ӯ буд, вобастагии шадиди ӯ ба кишваре бегона буд, бемасъулиятии ӯ буд, ноӯҳдабароии ӯ ва бетаваҷҷӯҳии ӯ ба сарнавишти миллат ва мардумаш буд.

Агар дар мақомоти як кишвар хусусиятҳое мавҷуд бошанд, ки дар мақомоти Аморати Бухоро ёфт мешуданд, фарҷоми онҳо низ ҳамон фарҷоми мақомоти Аморати Бухоро хоҳад буд, дар ҳар замон ва дар ҳар шароит ва таҳти ҳар алқобу ановин…

Агар донишмандон ва нависандаҳо ва фарҳангиёни як кишвар дорои ҳамон хусусиёт ва вежагиҳо ва хислатҳое бошанд, ки муллоҳои Аморати Бухоро доштаанд (ки дар он замон, фарҳангӣ яъне мулло) — аз тамаллуқкорӣ, чоплусигарӣ, бетафовутӣ ва ғайра… – дар ин сурат, инон низ ҳеч фарқе бо онон надошта ва саранҷоме ҷуз саранҷоми эшон гиребонгирашон нахоҳад шуд, чӣ тарзи тафаккурат динӣ буда бошад ё секулор, чӣ диндор бошӣ ва чӣ бединӣ. Фарқе намекунад.

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Қорӣ Ишкамба
Via: Қорӣ Ишкамба
Tags: Қорӣ Ишкамба
Previous Post

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

Next Post

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

Related Posts

Бандаи Худо
Адабиёт ва ашъор

Бандаи Худо

February 10, 2026
Ранҷу андӯҳи рӯзии фардо
Адабиёт ва ашъор

Ранҷу андӯҳи рӯзии фардо

February 9, 2026
Иллати таваҷҷуҳи ғарбиён ба Мавлоно
Адабиёт ва ашъор

Шайдоии Мавлоно

February 7, 2026
Бузургтарин инқилоб
Адабиёт ва ашъор

Маориф – бурунмояи рушду камол

January 31, 2026
Бандаи Худо
Адабиёт ва ашъор

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино
Машоҳир

Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино

January 7, 2026
Next Post
Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Бандаи Худо

Бандаи Худо

February 10, 2026
кӯдакон

Лаззат ва ширинии зиндагӣ

February 10, 2026
Саидуддини Фарғонӣ

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

February 10, 2026

Recent News

Бандаи Худо

Бандаи Худо

February 10, 2026
кӯдакон

Лаззат ва ширинии зиндагӣ

February 10, 2026
Саидуддини Фарғонӣ

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

February 10, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Бандаи Худо

Бандаи Худо

February 10, 2026
кӯдакон

Лаззат ва ширинии зиндагӣ

February 10, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved