Мушкил дар нашинохтани низоми сиёсии Эрон аст
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Оё низомии сиёсии ҳоким дар Эрон яъне низоми Ҷумҳурии Исломӣ, воқеан як низоми диктотурӣ ва худкома аст назири низомҳои диктотурӣ ва худкома дар ҷаҳон, масалан мисли низоми Шӯравии собиқ (СССР) ё низоми кунунии Куреи шимолӣ ё ҳар низоми худкомаи дигар, ки дар он ҳама чиз дар қабза ва ихтиёри як нафар (ва ё лоақал як ҳизби муайян) аст ва ҳамеша мухолифони сиёсии худро аз сари роҳ бармедорад? Оё дар Эрон якчунин низоме барқарор аст?
Ҳастанд дар ҷаҳон афроде, ки чунин гумон мекунанд ва кам ҳам нестанд.
Хуб чаро инҳо фикр мекунанд, низоми ҳоким дар Эрон диктотурӣ аст? Нукта ин ҷост.
Сабабаш ин аст, ки дар қарни 20-ум ва 21-ум, дар хусуси низом ва сохтори сиёсӣ, ин фикр ва ин андеша дар зеҳни инсонҳо чира ва ғолиб шуд – ва дар воқеъ ин андеша дар зеҳни яко-яки ҷаҳониён ниҳодина шуд – ки ҳар сохтор ва низоме ба ғайр аз сохтори сиёсии демукротик диктотурӣ аст ё лоақал мунҷар ба диктотурӣ мешавад. Ин фикр ниҳодина шуд. Ба илова, ба чашмон низ дида ва мебинем, ки вақте ҳоким ва ё дастгоҳи ҳокима дар ҳар кишваре, мустақим аз тарафи мардум интихоб намешавад, диктотурӣ ва худкома мегардад. Инро дида ва мебинем. Ниёз ба шоҳид овардан надорад.
Хуб, бо ин ҳисоб ва бо ин андеша, низоми сиёсие, ки алъон дар Эрон ҳоким аст, номашро ҳар чи биномем: исломӣ, ҷумҳурӣ, аммо дар воқеъ мебинем, ки як нафар одам яъне Оятуллоҳ Хоманаӣ пас аз реҳлати Имом Хумайнӣ (р) ҳудуди 30-ю чанд сол аст, ки дар раъси қудрат қарор дорад ва “кун фа якун”-и ин кишвар аст, бо ин ҳисоб оё он афрод ҳақ надоранд бигӯянд, ин низом ҳам диктотурӣ аст ва дар моҷарои ахир мардумашро кушт масалан?!
Бале, ки ин ҳақро доранд вақте гумон мекунанд ва дар зеҳнашон ҷуз ин пиндор нест, ки ҳар низом ба ғайр аз низоми демукротик диктотурӣ ва худкома аст.
Сабабаш ҷуз ин нест. Ва ба ҳамин далел аст, ки таҳлилгарон ва коршиносон дар ҷаҳон ва ҳатто дар худи Эрон, бо ҳамин пешфарз — яъне бо ин пешфарз, ки ҳар низоме ба ғайр аз низоми демукротик диктотурӣ аст – ба таҳлил ва воковии моҷаро мепардозанд. Инро ҳатто дар баъзе мақолаҳои таҳлилгарони эронии ҳомии низоми кунунӣ дидаам, ки саъй кардаанд низоми мавҷуд дар Эронро “демукротик” ба ҳамин мазмуне, ки дар азҳони ҷаҳониён ниҳодина шуда ва имрӯза дар ғарб масалан ҳоким аст тавҷеҳу тафсир кунанд.
Аммо оё воқеият ҳамин аст?
Нигоҳе ба андешаҳои сиёсии Ибни Сино
Абӯалӣ ини Сино дар китоби арзишманди “Шифо” – он ҷо, ки аз анвоъи низомҳои сиёсӣ баҳс мекунад – сохторҳои сиёсиро чанд навъ медонад: низоми ваҳдонӣ (худкома), низоми каромат, низоми фикрия, низоми демукротик ва низоми суқротӣ. Дар мавриди низоми сиёсии демукротик, Ибни Сино айнан вожаи демукросиро – ки вожае юнонӣ аст ва Арасту ва фалосифаи Юнони бостон ба кор бурдаанд — ба кор бурда ва дар таърифи ин низом мегӯяд: “Сиёсати демукротик он аст, ки ҳамаи аҳолии мадина (ҷомеа) дар муқобили қонун баробар ва аз ҳуқуқ ва каромати яксоне бархӯрдор бошанд… Дар ин низом касе наметавонад ба ҷуз аз роҳи иҷмоъ ва иттифоқи назари ҳамагон, ба мақоми риёсат бирасад. Онон ҳар вақт бихоҳанд метавонанд он раисро тағйир бидиҳанд.” (Ибни Сино, Шифо, с.62) Мегӯяд: “Ҳадафи ниҳоии низоми демукросӣ озодӣ аст.” (Ҳамон манбаъ, с.83)
Аммо бо ин ҳол, Ибни Сино ин сохторро яъне низоми сиёсии демукротикро матлуб намешумурад. Мегӯяд, чӣ басо мардум касеро ба унвони ҳокими ҷомеа ихтиёр кунанд, ки матлуби ақл набошад. (Ҳамон манбаъ) Баъд ба тафсил дар ин хусус баҳс карда, ки феълан маҷоли тарҳи он нест.
Сипас, низоми сиёсии матлуб ва писандидаро низоми сиёсии суқротӣ медонад; низоме, ки ба эътиқоди Ибни Сино, “раҳбари ҷомеа сирфан ба далели истеҳқоқ ва шоистагие, ки дорад, ба мақоми риёсат расида, чаро ки бар вазъи сунан ва қавонин ва ё ҳифз ва ҳиросати онҳо тавоноӣ дорад”. (Ҳамон манбаъ)
Низоми сиёсии суқротӣ кадом аст?
Аммо низоми сиёсии суқротӣ, ки Ибни Сино ва пеш аз ӯ Форобӣ аз он гуфтааст кадом аст? Феълан ба тафсили он намепардозам (чун аз асли матлаб дар ин мақола дур мешавем), фақат ҳамин андоза арз кунам, ки ин низом ҳамон аст, ки ҳам Форобӣ ва ҳам Ибни Сино ва ҳам ғайри онҳо ва пеш аз онҳо фалосифае чун Арасту аз он гуфтаанд ва ба унвони “Мадинаи фозила” маъруф аст. Ин ҳам, ки номашро “низоми суқротӣ” ниҳодаанд, ба ин далел аст, ки аввалин донишманде, ки аз он гуфта Суқрот аст.
Хоҷа Насируддини Тӯсӣ дар таърифи он мегӯяд: “Мадинаи фозила, ҷомеае аст, ки сокинони он кӯшиш кунанд, ки саодати ҳақиқиро (дар дунё ва охират) ба даст оваранд. Идораи чунин ҷомеае ба дасти ҳакимон ва фозилон бошад.” (Ахлоқи носирӣ, с.257)
Ҳам Форобӣ ва ҳам Ибни Сино, намунаи тамому камоли мадинаи фозиларо ҷомеаи паёмбарон шумурдаанд бахусус ҷомеае, ки ҳазрати Паёмбар (с) дар Мадина барқарор кард. (Ибни Сино, Шифо (Илоҳиёт), с.442)
Имом Хумайнӣ (р) ва назарияи “Вилояти фақеҳ”
Назарияи “Вилояти фақеҳ”-и Имом Хумайнӣ (р), ки дар китобе таҳти унвони “Ҳукумати исломӣ” мунташир шуда ва дарси хориҷи фиқҳи марҳуми Имом мебошад ва дар Наҷафи Ироқ (пеш аз Инқилоб) тадрис шуда ва низоми сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ҳамон мабно бино шудааст, дар воқеъ ҳамон “Мадинаи фозила”-е аст, ки Форобӣ ва Ибни Сино ва соири фалосифаи исломӣ гуфтаанд.
Фақеҳ, ки ба унвони ҳокими ҷомеаи исломӣ интихоб мешавад, фақеҳ ба ин маъно нест, ки аз ин вожа ба зеҳнҳо меояд, балки манзури Имом Хумайнӣ (р), уламо ва донишмандони исломие аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) дар ҳадисҳои худ ба унвони ҷонишинони паёмбарон муаррифӣ кардаанд ва дар бархе ривоёт, онҳо “монанди паёмбарони Банӣ Исроил” дониста шудаанд.
Ва онҳо ҳамон “ҳакимон ва фозилон” мебошанд, ки Форобӣ ва Ибни Сино дар “Мадинаи фозила”-и худ ба он ишора кардаанд.
Ва интихоби ҳоким низ дар назарияи Имом Хумайнӣ (р), бояд аз сӯйи “ҳакимони ҷомеа” сурат бигирад ва ин ҳакимон аз тарафи мардум интихоб шаванд. Ва дар воқеъ “Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ” дар Эрони имрӯз, ки аз фуқаҳои ҷомеушшароит ташкил шуда ва онҳоро мардум интихоб мекунанд, ҷуз ҳакимони ҷомеа нест.
Орзу ва ормоне, ки таҳаққуқ ёфта
Ҳоло ин низоме, ки дар Эрон бо Инқилоб сари кор омад, ин ҳамон орзуе аст, ки ҳукамо ва фалосифаи исломӣ дар тӯли таърих — ва қабл аз онҳо фалосифаи юнонӣ мисли Суқрот ва Арасту – орзуяшро дар сар доштанд ва фақат теурӣ ва назарияи онро рӯйи варақ овардаанд. То замони пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон дар соли 1979, ба ҷуз ҳукумати ҳазрати паёмбар (с) дар Мадина ва ҳукумати ҳазрати Алӣ (а) ва се халифаи пеш аз Алӣ то ҳудуде, мо “мадинаи фозила” ба ин маъно, ки ҳукамо ва фалосифа орзуяшро дар зеҳнҳо мепарваронданд надоштем. Ин як воқеият аст. Ва чун ҳамзамон ва ҳамасри мост, хелеҳо чи басо боварашон нашавад.
Банда, ки намояндаҳои Маҷлиси хубрагони раҳбариро, ки фақеҳ ҳастанд бештарашонро мешиносам ва баъзеи онҳоро, ки наздашон дарс хондаам (масалан ҳудуди 6 сол дар маҳзари Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Ҳусайнӣ, узви Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва намояндаи раҳбари Ҷ.И.Эрон дар Ироқ, ки қаблан дар Сурия буданд, дарси иҷтиҳод хондаам ва аз наздик эшонро мешиносам) ва ҳамчунин бештари ин фақеҳонро мешиносам, инсонҳои вораста ва донишманд ва баъзе, ҳаким ва файласуф (мисли марҳум Оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ). Инсонҳое, ки дар тақво ва парҳезгорӣ мисолзаданӣ ҳастанд.
Бале, бовари ин ки якчунин инсонҳое имрӯз дар Эрон сари коранд, бароятон ва шояд барои хелеҳо бисёр сахт, барои баъзеҳо, ки маҳол аст. Ҳаминон Оятуллоҳ Хоманаиро барои раҳбарии Ҷ.И.Эрон интихоб кардаанд; инсоне, ки илова бар ин ки донишманд ва фақеҳи дараҷаи аввал аст, дар зиндагии хусусӣ ва шахсӣ як инсони бисёр парҳезгор ва ботақвост. Агар рӯзе тавфиқе ҳосил шуд, ба тафсил дар бораи Оятуллоҳ Хоманаӣ хоҳам навишт.
Ин аст, ки ин низом яъне низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон душманоне фаровон дорад. Мақомоти кунунӣ дар ҷаҳон, инҳо аслан қобили қиёс бо фуқаҳои Маҷлиси хубрагон нестанд, наметавонанд ҳатто ба зеҳнашон биёваранд, ки якчунин инсонҳое дар Эрон дар раъси коранд, намефаҳманд, на танҳо инон намефаҳманд, балки бештар ва аксари инсонҳои рӯйи олам ин воқеиятро намефаҳманд. Оё барои онҳо масалан ин воқеият қобили фаҳму ҳазм аст, ки фарзандони Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки ҳама талаба ҳастанд ва дар ҳавза дарс мехонанд, мисли соири талабаҳо барои дарёфти шаҳрия дар саф меистанд ва бо чиндирғоз пуле, ки як талаба зиндагӣ мекунад (ки бисёр сахт аст ва аз сарам мегузарад) зиндагӣ мекунанд. Ман худам борҳо шоҳиди ин воқеият шудаам. Як воқеиятҳое ҳаст, ки агар гӯям, боваратон намешавад. Он вақт замоне, ки мешунавед дар бораи Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки фалонӣ диктотур, беҳмонӣ диктотур, одам бисёр зиқ мешавад, нороҳат мешавад, дасту дилатонро мешӯед.
Ба ҳар сурат, воқеиятҳоро гуфтам, дигар аз ин бештар нависам, тӯлонӣ хоҳад шуд.
Дар поён ин нуктаро арз кунам: афроде ҳастанд, ки гумон мекунанд, барои ин сатрҳо, ки алъон дорам марқум медорам, аз ину он пул мегирам. Ин гумон мутаассифона ҳаст, ки албатта ношӣ аз нашинохтан аст, чун манро намешиносанд, чунин менависанд. Ҳақиқатро дар бораи зиндагии хусусиам ва ин ки чӣ гуна рӯзам мегузарад агар бигӯям – ки нахоҳам гуфт – тааҷҷуб мекунед, нагуфтанам беҳтар аст.
Бар ҳар сурат, ҳар чиро воқеият аст ва бояд гуфта шавад, гуфтам.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Тоҷнек
tajnek.com



















