Ормони дуздӣ
Абӯбакри Раббонӣ аксари шабҳо ба дуздӣ мерафт. Шабе чандон, ки саъй кард, чизе наёфт. Дастори худ бидуздид ва дар бағал ниҳод. Чун ба хона рафт, занаш гуфт:
— Чӣ овардаӣ?
Гуфт:
— Ин дастор овардаам.
Зан гуфт:
— Ин ки дастори худи туст.
Гуфт:
— Хомӯш! Ту надонӣ. Аз баҳри он дуздидаам, то ормони дуздиам ботил нашавад.
(Убайди Зоконӣ)
Тоҷнек
tajnek.com
Source:
Ормони дуздӣ
Via:
Ормони дуздӣ




















