Ҳикмати Худо
Достонҳои омӯзанда
Танҳо бозмондаи як киштии шикаста, ба ҷазираи кучаки холӣ аз сакана уфтод.
Ӯ бо диле ларзон дуо кард, ки Худо наҷоташ диҳад… Аммо касе ба суроғаш намеомад.
Саранҷом, ноумед ва хаста, барои худ аз тахтапораҳое кулбае сохт, то худро аз газанди ҳайвоноти ваҳшӣ муҳофизат кунад ва дороиҳои андакашро дар он нигаҳ дорад.
Аммо рӯзе, ки барои ҷустуҷӯи ғизо берун рафта буд, ба ҳангоми бозгаштан, дид, ки кулбааш дар ҳоли сӯхтан аст ва дуде аз он ба осмон меравад.
Аз шиддати хашму андӯҳ фарёд зад:
— Худоё! Чӣ тавр розӣ шудӣ, бо ман чунин коре кунӣ?
Субҳи рӯзи баъд, бо садои киштие, ки ба соҳил наздик мешуд, аз хоб парид. Киштие омада буд, то наҷоташ диҳад.
Марди хаста ва ноумед аз наҷотдиҳандагон пурсид:
— Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки ман ин ҷо ҳастам?
Онҳо ҷавоб доданд:
— Мо мутаваҷҷеҳ шудем, ки ту оташе рӯшан кардаӣ ва бароямон паём мефиристӣ.
* * *
Паёми ин достони хиёлӣ:
Гоҳе дар зиндагӣ мусибатҳои ногуворе гиребонгири инсон мешавад, ба гунае ки ҳатто ба Худо ҳам бадгумон мегардад ва пеши худ мегӯяд: чаро Худо розӣ мешавад, ки бар сари ман — ки ба ӯ имон дорам ва фармонбардори дастуроташ низ ҳастам — ин балоҳо фуруд ояд! Ғофил аз он ки чи басо дар пушти ин балоҳо ва мусибатҳо ҳикматҳое наҳуфта, ки ӯ аз онҳо бехабар аст. Масоиби рӯзгор ва имтиҳонҳои сахт аст, ки инсонҳои холисро аз одамҳои риёкор ва мунофиқ ҷудо месозад. Балоҳо ва масоиб аст, ки инсонҳоро месозад.
Тоҷнек
tajnek.com



















