Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҷумҳурии Исломӣ як ҳукумати ҷудо аз мардум нест
Ахбори байналмилал
Ба гузориши хабаргузории Форс
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, субҳи имрӯз (сешанбе) бо ҷамъе аз мардуми Табрез дидор кард.
Вай дар ин дидор аз ҷумла гуфт: “Ҷумҳурии Исломӣ яъне як миллати зинда. Ҷумҳурии Исломӣ як ҳукумати ҷудо аз мардум нест. Ҷумҳурии Исломӣ иборат аст аз миллати Эрон, ин миллати побарҷо, ин миллати мустаҳкам, ин миллате, ки ҳозир аст барои пешрафти худаш заҳмат бикашад, кор кунад, талош кунад ва биҳамдиллоҳ пешрафт карда дар ин 47 сол”.
Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: “Он рӯзе, ки Ҷумҳурии Исломӣ як ниҳоли борик буд, шумо натавонистед онро аз замин қалъ кунед ва биканед. Имрӯз биҳамдиллоҳи як шаҷараи муборакаи баланд ва пурсамар аст Ҷумҳурии Исломӣ”.
Тоҷнек
tajnek.com



















