• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Имон ва ваҳдат

Даъвати Қуръон ба омӯхтани илму маърифат

February 18, 2026
in Имон ва ваҳдат
0
Қуръон

Қуръон

0
SHARES
9
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Даъвати Қуръон ба омӯхтани илму маърифат

Зиёновартарин таҳрифи торих ва масъалаи тазодди илму дин

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Дар Таврот таҳрифе воқеъ шудааст, ки ба назар мерасад, дар ҷаҳон ҳеч таҳрифе ба он андоза, ба башар зарба назадааст. Медонем, ки ҳам дар Қуръон ва ҳам дар Таврот достони Одам ва биҳишт омадааст. Достон ба ин сурат аст, ки Одам ва ҳамсараш дар биҳишт ҳақ доранд, аз неъматҳо ва меваҳо истифода кунанд ва як дарахт ҳаст, ки набояд ба он дарахт наздик шаванд ва аз меваи он бихӯранд. Одам аз меваи он дарахт хӯрд ва ба ҳамин далел аз биҳишт ронда шуд. Ин миқдор дар Қуръон ва Таврот ҳаст. Масъала ин аст, ки он чӣ дарахтест?

Аз худи Қуръон ва қаринаҳои қуръонӣ ва аз ривоятҳои мусаллами исломӣ бармеояд, ки он меваи мамнӯъа ба ҷанбаи ҳайвонии инсон марбут аст, на ба ҷанбаи инсонии инсон. Яъне як чизест аз ҷинси шаҳват, ҳирс, ҳасад ва тамаъ, ки ҷанбаи зидди инсонӣ дорад. Мехоҳад бигӯяд, ки ба дарахти тамаъ наздик машав, яъне аҳли тамаъ мабош, ҳарису ҳасуд мабош ва ҳасодат маварз. Вале Одам аз одамияти худ таназзул кард ва ба онҳо наздик шуд, ба ҳирс, ба тамаъ, ба такаббур, ба ин чизҳое, ки сабаби суқути инсоният аст, наздик шуд.

Вале дар Таврот дасти ҷинояткори таҳриф омада масъаларо ба шакли дигар ҷилва додааст: он дарахте, ки ба Одам дастур дода шуд, ба он наздик нашавад, ба ҷанбаи инсонияти инсон марбут буд, на ба ҷанбаи ҳайвонии инсон, ба ҷанбаи рушду камоли инсон марбут буд, на ба ҷанбаи суқуту таназзули ӯ. Ду камол барои Одам вуҷуд дошт ва Худо мехост он ду камолро аз Одам дареғ дорад: яке, камоли маърифат, дигарӣ камоли ҷовидонагӣ. Одам аз он дарахт, яъне дарахти маърифат, чашид ва чашмаш боз шуд ва бо худ гуфт, то ҳоло кӯр будам ва акнун мефаҳмам хуб яъне чӣ ва бад яъне чӣ. Худо ба фариштагон гуфт, ҳоло ки чашмҳояш боз шуд, хатари ин ки аз дарахти ҷовидонагӣ ҳам бихӯрад вуҷуд дорад ва ҷовидона бимонад, пас беҳтар аст, ӯро аз биҳишт берун намоем.

Ин аст насси Таврот (Аҳди қадим) дар ин хусус:

“Ва Худованд Худо ба Одам амр фармуда гуфт: “Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир, аммо аз дарахти маърифати неку буд зинҳор нахӯр; зеро рӯзе, ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд”. (Аҳди қадим, китоби Ҳастӣ, боби дуюм: 16-17)

Ин фикру ин таҳриф барои дин ба таври умум бисёр хатарнок афтид, зеро дин яъне дастури Худо, пас маълум мешавад, миёни дин ва маърифат зиддият ҳаст. Бинобар ин, Одам ё бояд дин дошта бошад ва амри Худоро пазирад, ё аз дарахти маърифат бихӯрад ва чашмҳояш боз гардад. Дар натиҷа ё бояд дин дошт ва кӯр буд ва ҳеч чизро нашинохт, ё бояд чашмҳоро кушод ва шинохт ва аз амри Худо исён кард. Ба хотири ҳамин кам-кам дар Урупо масалҳое дар ин хусус роиҷ шуд, ки мегуфт:

“Инсон агар суқротӣ бошад гарчи фақиру гурусна, беҳтар аз он аст, ки хукӣ бошаду барда!“ (Манзур аз хукӣ дар инҷо, сарватманду фарбеҳ аст.)

“Як рӯз зиндагӣ кунам ва чашмҳоям боз бошад, беҳтар аст аз ин ки як умр чашмҳоям баста ва кӯр бошам, ба умеди он ки баъд дар биҳишт зиндагӣ кунам. Ҷаҳаннамро бо чашмҳои боз тарҷеҳ медиҳам бар биҳишт бо чашмҳои баста!”

Ин аст, ки мебинем дар дунёи ғарб масъалаи тазодди илму дин, масъалаи фавқулодда муҳим аст. Чунин нест, ки масъалаи тазодди илму динро чаҳор то донишманд аз пеши худ бофта бароварда бошанд, ҳаргиз чунин нест, балки он дар боварҳои масеҳият ва яҳудият дар Тавроту Инҷил реша дорад.

* * *

Қуръон ва достони Одам (алайҳис салом)

Аммо Қуръон ҳаргиз чунин ҳарфе намезанад. Қуръон достони наздик шудани Одам ба он дарахтро баъд аз достони

وَعَلَّمَ آدَمَ الأَسْمَاء كُلَّهَا

“Ва Худо ҳамаи номҳоро ба Одам омӯхт…” (Сураи Бақара, ояти 31) зикр карда аст. Яъне Одам пеш аз он ки ба биҳишт биравад ва ба ӯ бигӯянд инҷо бимон, чашмаш боз шуда буд ва ҳамаи ҳақоиқи оламро омӯхта буд. Ӯ чун одам буд, ба биҳишт рафт ва чун одам буд шинохт дошт ва ориф буд ва ҳақоиқро медонист. Одамро аслан ба хотири ҳамин маърифат ва мақоми одамияш, ба биҳишт бурданд. Ва ба хотири он аз бишиҳт ронданд, ки аз мақоми одамият хориҷ шуд. Бо он ҳама илму маърифат асири ҳавову ҳавас шуд, асири ҳирс шуд, асири васваса ва тамаъ шуд. Барои ҳамин ба ӯ гуфтанд, инҷо ҷойи одам аст. Одам ноодам шуд, ки аз биҳишт суқут кард, Одам чун ба лавозими шинохту маърифати худ амал накард, аз ҷойгоҳи аслии худ ихроҷ шуд.

Ин аст, ки дар мантиқи ислом Одам ба хотири он аз биҳишт ронда шуд, ки ба шинохту маърифати худ пойбанд намонд, медонист, вале амал накард. Вале Таврот мегӯяд аз аввал ба ӯ гуфтанд, шинохт пайдо накун! Ва чун шинохт пайдо кард ва чашмҳояш боз шуд, ӯро берун карданд.

Барои ҳамин ҳам метавон гуфт, ки ҳеч фикру назарияе ба андозаи ин таҳрифи Таврот ба башарият ва дин зарар назадааст. То имрӯз ҳам ин таваҳҳум ҳанӯз вуҷуд дорад, ки ё илм, ё дин, фақат якеро метавон интихоб кард, он ду бо ҳам ҷамъ намешаванд. Бо ин таҳриф Тавроту Инҷил ба нодонию тақлиди кӯр-кӯрона даъват мекунад. Аммо Қуръон илова бар он ки хабар медиҳад, ки ба Одам ҳамаи ҳақоиқ омӯхта шуд, одамизодро расман ба шинохту маърифат даъват мекунад.

* * *

Даъвати Қуръон ба илму маърифат

Дар Қуръони Карим беш аз ҳама чиз ба касби маърифат даъват шудааст, таъбироте ҳамчун: “Оё тафаккур намекунед?!”, “Оё ақли худро ба кор намегиред?!”, “Оё намебинед?!..” беш аз ҳар чизи дигаре дар Қуръони Карим ба чашм мехӯрад.

Ба унвони мисол мефармояд:

قُلِ انظُرُواْ مَاذَا فِي السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ

(Сураи Юнус, ояти 101) Яъне, ба ин мардум бигӯ: Назар кунед, фикр кунед дар ин осмонҳо ва ба замин, чӣ чизҳое ҳаст, онро бишиносед! Қуръон мегӯяд дар ин осмонҳову замин назар кунед ва биравед ҳар чӣ ҳаст бишносед! Эй инсон! Худатро бишнос, ҷаҳонатро бишнос, Худоятро бишнос, замонатро бишнос, ҷомеа ва торихи худатро бишинос!..

(Баргирифта аз китоби «Шинохт»-и Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Даъвати Қуръон ба омӯхтани илму маърифат
Via: Даъвати Қуръон ба омӯхтани илму маърифат
Tags: Даъвати Қуръон ба омӯхтани илму маърифат
Previous Post

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҷумҳурии Исломӣ як ҳукумати ҷудо аз мардум нест

Next Post

Ахлоқи ҳамидаи Имом Зайнулобидин

Related Posts

Ҳанӯз ёд дорам
Имон ва ваҳдат

Фарқи дин ва фалсафа

February 18, 2026
Оё дуо кунам ё талош кунам?
Имон ва ваҳдат

Оё дуо кунам ё талош кунам?

February 18, 2026
Ҳикмати Худо
Имон ва ваҳдат

Ҳикмати Худо

February 15, 2026
Достонҳои омӯзанда
Имон ва ваҳдат

Оҳангарии Худованд

February 15, 2026
Аъробӣ ва Расули Акрам (с)
Имон ва ваҳдат

Аъробӣ ва Расули Акрам (с)

February 15, 2026
Идеулужии миллӣ - 2
Имон ва ваҳдат

Идеулужии миллӣ – 2

February 14, 2026
Next Post
Ахлоқи ҳамида

Ахлоқи ҳамидаи Имом Зайнулобидин

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
Ҳанӯз ёд дорам

Фарқи дин ва фалсафа

February 18, 2026
Эҳёгари афкори динӣ

Эҳёгари афкори динӣ

February 18, 2026

Recent News

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
Ҳанӯз ёд дорам

Фарқи дин ва фалсафа

February 18, 2026
Эҳёгари афкори динӣ

Эҳёгари афкори динӣ

February 18, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved