Сафари Мирзиёев ба Амрико барои ширкат дар нишасти Шӯрои сулҳи Ғазза
Ахбори байналмилал
Раиси ҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев, бо ҳадафи ширкат дар нахустин нишасти сарони Шӯрои сулҳи Тромп барои Ғазза ва ҳамчунин густариши равобити тиҷоратӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин кишвар сафар кардааст.
Бино ба иттилои расмӣ, дар чорчӯби ин сафар, нахустин дидори Мирзиёев бо вазири бозаргонии Амрико Ҳовард Латник дар маҳалли иқомати раиси ҷумҳури Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин мулоқот тарафҳо, перомуни таҳкими минбаъдаи шарокати стратегии ду кишвар ва пешбурди тарҳҳои муштарак дар бахшҳои муҳим гуфтугӯ анҷом доданд.
Зимни дидор таъкид гардид, ки Амрико яке аз шарикони асосии иқтисодии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Ҳаҷми муомилоти мутақобили тиҷоратӣ миёни ду кишвар аз як миллиард доллар фаротар рафта, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 340 ширкати амрикоӣ дар бозори Ӯзбекистон фаъолият доранд.
Ин сафар дар ҳоле анҷом мешавад, ки Тошканд талош дорад равобити иқтисодӣ ва сармоягузориро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, густариш дода, мавқеи худро дар ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тақвият бахшад.
Тоҷнек
tajnek.com



















