Ҳалол аст бурдан ба шамшер даст?!
(ё андар шуҷоати аҷиби раҳбари Эрон)
Ёддошти устод Сайфулло Муллоҷон
Агар пилзурӣ, в-агар шерчанг,
Ба наздики ман сулҳ беҳтар зи ҷанг.
Чу даст аз ҳама ҳилате даргусаст,
Ҳалол аст бурдан ба шамшер даст.
Агар сулҳ хоҳад аду сар мапеч,
В-агар ҷанг ҷӯяд, инон бар мапеч.
Саъдӣ
Ҳаводиси як моҳи охир атрофи кишвари ба мо дӯсту бародар – Эрони азиз ҳеч тоҷикро осудаву ором намегузорад. Қалби ҳамаи порсизабонон барои сарнавишти Эрону бародарону ҳамзабононашон метапад. Таҳдидҳои ҳаррӯзаи зӯргӯйи замони мо – Трапм ва ҳамовозии кишварҳои ғарбӣ бо он ҳамзамон бо думҷунбонии кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форсро таърих фаромӯш намекунад. Яке Трампро пулу сармоя медиҳаду дигаре ҷазираву замину ҳавои кишварашро дар ихтиёри тавовузгар мегузорад. ИМА аз даҳ ҳазор километр нову тонку ҳавопаймо меорад ва Эрон дар замини худ омодаи дифоъ мешавад. Амрико таҷовузгар асту Эрон дар мақоми дифоӣ зоҳир шуда. Эрон ҳадди ақал дар сад соли охир ба ҳеч кишваре ҳамла накарда. Амрико дар сад соли охир бо 30 кишвари ҷаҳон аз Аврупо то Осиёву Африқо ҷангидааст.
Дар миёни ин ҳама ҳаводиси нописанду хабарҳои нохуше ки аз минтақа мерасад, чизе ки воқеан касро мутаассир мекунад, ҷасорату матонат ва виқору тамкини раҳбари Эрон Сайидалии Хоманаӣ дар баробари зӯргӯиҳои бешармонаву густохонаи империалистони амрикоист. Ӯ дар ин як 40 рӯзи охир, ки ба сари Эрону эрониён омад, ҳамвора сабуру шакебо ва орому босалобат зоҳир шудааст. Ҳар бор ки Трамп бо сухане Эронро таҳдид кунад, ин пири 86 сола, дархӯри ҳамон сухан ӯро посух медиҳад. Бо ин тафовут, ки суханони раиси ҷумҳури Амрико (ки ба дурӯғгӯӣ ҳам шуҳра аст) аз сари кибру ғуруру гарданфарозӣ гуфта мешавад, ва паёмҳои раҳбари Эрон ҳам рамзиянду ҳам размӣ ва ниҳоят амиқу ғолибан дар парда гуфта мешаванд.
Банда раҳбари Эронро бо ду шоҳи хонадони паҳлавӣ, ки 54 сол идораи Эронро дар даст доштанд, қиёс намекунам. Зеро Ризохони сарҳанг бо пуштибонии Британия ба қудрат расид (1925) ва ҳамонҳо ӯро рӯзе дигар (1941) бардоштанду монанди Наполеон дар ҷазирае маҳбус сохтанд, тавре ки писари шоҳаш низ тарсид дар маросими ташйиъи ҷанозаи падар (1944) ширкат кунад. Солҳо гузашт, то писар ҷуръат карду ҷанозаи падарро (соли 1950) ба Эрон овард. Муҳаммадризо низ ҳамеша як шоҳи ғарбгаро буду дар моҳи январи соли 1979 сарони чор кишваре ки шоҳи Эрон онҳоро мепарстид (ИМА, Британия, Фаронса ва Олмон) дар Гваделуп бо ҳам нишастанду қарор карданд, ки ин шоҳ бояд биравад ва дере напоид ки ӯ рафт. Зеро дигар ба дарди ғарбиҳо намехӯрду мардум ҳам ба хиёбонҳо рехта буданд. Ҳамин сарони кишварҳо ҳатто шоҳи барканоршударо иҷозат надоданд, ки ба мамлакати онҳо паноҳанда шавад ва Миср ҷойи дафни охирин шоҳи Эрон гардид. Аҷиб ин аст, ки фарзанди ҳамин шоҳ, айни ҳол зери навои ҳамин ғарбиҳо ба рақсу чархиш даромада, ҳар дам сӯёи ИМА ва Исроил нола мекунад ки “зудтар Эронро бизанед”. Ӯ ғофил аст, ки агар Амрико ҳамла кунад, дигар на Эроне бо он ҳудуду азамат боқӣ мемонад ва на ин муздурро касе ба риёсат бамегузинад. Дар тазоҳуроти ҳафтаи гузашта дар Аврупо аз паси шишаҳои тирнорас бо мардуми “тарафдору ҳавохоҳаш” суҳбат мекард. Ин ҳам намунаи “шуҷоати” ӯ.
Дар се ҳамлаи таърихие ки Эрон ба ишғоли бегонагон даромад, (Юнон, Араб ва Муғул) фармонравоёни вақти Эрон заифу нотавон буданд. Дориюши савум (336-330 қабл аз милод) бо дасисаи сарони лашкар, ки аз хонадони ӯ буданд (аз ҷумла Беси ҳахоманиш) ба қатл расид. Яздигурди савум (636-651) низ аз майдони ҷанг гурехт ва ҳамтабори ӯ – Моҳуя (Моҳуй) вайро ба қатл расонд. Муҳаммади Хоразмшоҳ (1200-1220) низ як шоҳи тарсуву беурза буд, ки ба ҷойи басич кардани лашкару мардум фирорро бар қарор тарҷеҳ доду ба ҷазирае дар Даёри Хазар хазид ва саранҷом дар хориву зиллат ҷон дод.
Имрӯз ҷаҳон назора дорад, ки кори Эрон ба куҷо мерасад. ИМА ва шариконаш дар душманӣ бо Эрон аз ҳеч чиз дареғ наварзидаанд: аз даҳсолаҳо таҳрими иқтисодӣ то ба ошӯбу инқилоб фаро хондани мардуми Эрон ва пуштибонӣ аз ошӯбгарону ваъда додан, ки “муқовимат кунед ки мо дар роҳем”. (Гӯё қадами амрикоӣ ба ҷое сулҳу сафову озодӣ оварда бошад!!!). Аммо то ин дам истод шудани Эрону раҳбари шуҷоъи он дар баробари бузургтарин мошини ҷангии ҷаҳон як ҳодисаи нодир дар гузашта ва ҳол аст. Эрон ба фармуди Ҳакими Низомии Ганҷавӣ “дили замин бошад”. Эрон охири диж аст дар муқобили тааддии янкиҳои бешарму ҳаё ва яҳудиҳои афсоргусехта. Албатта, амалкарди раҳбари Эрон, ки як шахси мазҳабӣ аст, ба рафтори охирин шоҳи Сафавиён Султон Ҳусайн низ монанд нест. Шоҳи сафавӣ дар вақти ҳамлаи афғонҳо (соли 1722) ба ҷойи сафороӣ кардану ба мубориза хестан, тавассул ба дуову зикр карду аз кохи салтанатӣ берун нарафт ва саранҷом тавассути Маҳмуди афғон дастгир ва кушта шуд. Эрони муосир дар чанд соли охир дар сохтани мушаку паҳбод то ҷое пешрафт карда, ки дар қатори даҳ кишвари ҷаҳон қарор дорад. Гуфта мешавад, ки Чину Русия низ дар канори Эрон қарор доранд, вале ин ҳамсуӣ танҳо дар вақти ҷангу набард фаҳмида мешавад. Ҷанг чизе нописанду нохӯш аст, вале аз мардиву ҳамийяту имон дур аст, ки душмане савгандхӯрда ба самти ту ояд ва ту мубориза накунӣ. Раҳбари Эронро Трамп ҳатто таҳдид ба терор карду гуфт, “ҷойи туро медонем”. Аммо раҳбари Эрон як рӯз бо низомиёни кишвар гуфтугӯ дорад, як рӯз бо мардуми Табрез дидор ва рӯзе баъд дар ҳалқаи аҳли Қуръон менишинаду кишварро идора мекунад. Сарони ҳукумати Эрон ҳамзамон бо нишастан дар майдони гуфтугӯву дипломатия, либоси разм низ ба тан доранду ин фармудаи Ҳаким Фирдавсиро дастури кори хеш кардаанд:
Тани мурдаву гиряи дӯстон,
Беҳ аз зиндаву таънаи душманон.
Маро ор ояд аз ин зиндагӣ,
Ки солор бошам кунам бандагӣ.
tajnek.com
Тоҷнек



















