Ҷанги Украина идома хоҳад дошт
Ёддошти Абдуманнон Шералиев
Моҳи декабри соли гузашта талафоти (кушташудагон ва маҷрӯҳони барқарорнашаванда) артиши Русия 9000 адад бештар аз ҷалбшудагон (муздурон ва сарбозҳо) ба ҷанг будааст. Ин ба он маънист, ки соли ҷорӣ Русия бояд шумори ҷалбшавандагон ба артишашро дар моҳ ҳади ақал ба 10 000 нафари дигар афзоиш диҳад. Яъне агар то оғози соли ҷорӣ ин кишвар ҳар моҳ ба артишаш 30 000 нафари навро (бо шумули муздурон) ҷалб мекард, ҳоло бояд ин шуморро ба 40 000 нафар бирасонад.
Ҳоло Русия муздуронро ба истиснои кишварҳои осиёимиёнагиву қафқозии собиқ Шӯравӣ, аз Ҳинд, Покистон, Непол, Ниҷер, Сенегол, Куба ва ғайра ҷалб мекунад.
Тибқи додаҳои мақомоти укроинӣ, дар сафи артиши Русия 20 000 размандаи шартномавии хориҷӣ алайҳи Укроин ва дар заминҳои ин кишвар меҷангад. Ҳамон гунае, ки давоми ҷумларо нахонда дарк кардед, тоҷикон байни размандагони хориҷӣ бештар аз ҳамаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки қисмате бузурге аз тоҷикони ширкаткунанда дар ҷангро онҳое ташкил медиҳанд, ки шаҳрванди Русия ҳастанд ва онҳо дар ин шумори бистҳазора шомил нестанд.
Агар ҳукумати Тоҷикистон ва баъзе дигар кишварҳои собиқи Шӯравӣ ҳанӯз ё дар хобанд ё аз қурбон шудани шаҳрвандонашон парвое надоранд, аксари кишварҳое, ки Русия аз онҷо сарбоз сарбоз киро мекунад, шурӯъ ба вокуниш кардаанд ва мекӯшанд пеши роҳи ҷалби шаҳрвандонашонро ба ҷанги бегона бигиранд. Вокуниши ин кишварҳо ҳатман имконоти Русияро барои ҷалби шаҳрвандонашон заиф хоҳад кард.
Аз тарафи дигар, имконоти молии Русия барои ҷалби муздурон рӯз то рӯз заифтар мешавад. Бо вуҷуди кам шудани шумори хоҳишмандони ширкат дар ҷанг тариқи шартнома, ба истиснои 2-3 минтақаи сарватманди ин кишвар (мисли Санкт Петербург, Ханти Мансийск) бештари манотиқи Русия ҳаҷми пардохтҳо ба муздуронро на танҳо афзоиш надоданд, балки камтар карданд.
Натоиҷи охирин гуфтушунидҳо байни Русияву Укроин умед ба сулҳро тақрибан аз байн бурданд. Тибқи таҳлилҳои аксари коршиносон, ҷанг ҳади ақал то охири соли ҷорӣ ё нимаи соли 2027 идома хоҳад кард. Яъне дар ин муддат Русия бояд ҳади ақал ним миллион сарбози дигарро алайҳи Укроин сафарбар кунад (то куштаву маҷрӯҳ шаванд).
Ҳоло
а) талафоти артиши Русия 30% афзоиш ёфтааст;
б) кишварҳои хориҷӣ бо сароҳат ба сарбозгирии Русия аз байни шаҳрвандонашон ба вокуниш пардохтаанд;
в) имконоти молии Русия барои ҷалби муздурон камтар шудааст.
Ягона роҳе, ки барои мақомоти ин кишвар боқӣ мондааст – мобилизатсия ё ҷалби маҷбурии шаҳрвандони худаш ба ҷанг аст. Аммо мобилизатсия метавонад боиси эътироз дар дохил шавад. Пас бояд онҳое ҷалб шаванд, ки имкони камтари эътироз доранд, мисли майдамиллатҳо ва муҳоҷирони бепуштупаноҳ.
Бепуштупаноҳтарин муҳоҷир дар Русия кист, ба қавли маъруф “ба ҳама маълум” аст.
Тоҷнек
tajnek.com



















