Водии оромиш
Ҷумалоте аз доктор Луқмон Бойматов
Арзишмандтарин дарсе, ки аз таърих метавон гирифт, дарси мурувват аст.
***
Ҷаҳони ҳар фард ба водии оромиш нахоҳад расид, то замоне ки марзу бумаш аз хатарҳо эмин набошад.
***
Рӯзгори мо зиндонест. Шигифтӣ нахоҳад шуд, агар кӯдаки зодаи зиндон раҳбари бузургтарин инқилоби озодиву адолати ҷомеа шавад.
***
Сиёсат руспӣ нест
Аҷаб рӯзгори хуношоме сохтаем. Ангор ки хуни ҷории шаҳидoн арзише надорад. Рӯзи мотами меҳан ҷашни шодмонӣ шудааст.
– Кош медонистем, ки давлатмадор шудан бамаротиб осонтар аз инсон шудан аст. Бачаҳои мурдаи хешро хӯрдани дарандае табиъитар аз лабханди масъулини риёкорест, ки дар рӯзҳои шаҳодати фарзандони шаҳиди меҳан аз худ буруз мекунанд.
Ва аммо ба ғалат гӯянд, ки сиёсат фоҳишаест ва падару модар нашносад. Дидаҳои хирад бояд гушуд, ки сиёсат худ ба худ руспӣ нест, балки касе, ки онро фоҳиша мекунад, худ сиёсатмадор аст. Тавре бояд сиёсӣ шуд, ки сиёсат падар ва модар бишносад!
Инсони огоҳу озод ҳаргиз бетафовут ба сиёсат нест, зеро ки ӯ медонад сиёсат меъмори фазои иҷтимоии зиндагиаш аст. Аз сиёсат дурӣ маҷӯед, ки дурӣ ҷустан аз он боиси кӯрии чашмони саодатон мешавад!
***
Ғурури дурӯғинро нашояд.
Дарахти мағрури танмуманд аз ҳуҷуми ҳашарот табдил ба ҳезум мешавад.
Луқмон Бойматов
tajnek.com
Тоҷнек




















