• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Моҳи рамазон – моҳи тавба

February 24, 2026
in Мавзӯоти доғ
0
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҷумҳурии Исломӣ як ҳукумати ҷудо аз мардум нест

Оятуллоҳ Хоманаӣ

0
SHARES
11
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Моҳи рамазон – моҳи тавба

(Бахше аз дарсҳои хориҷи фиқҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ)

“Моҳи мубораки Рамазон яъне аҷин шудани руҳу ҷисм бо ҳақиқати тавҳиди олам. Дар ин айём ҳолу ҳавои ҳаёту зиндагӣ ранги дигаре дорад ва инсон ба ростӣ дарк мекунад, ки дар фазои хосс ва истисноӣ қарор гирифтааст.

Ба муносибати моҳи Рамазон таваҷҷӯҳ кунем ба

وَأَقِمِ الصَّلَاةَ لِذِكْرِي

(“Ва намозро фақат барои ёди ман (Худо) бапо дор!” (Сураи Тоҳо, ояти 14)) Ин яке аз дастуроти корбурдӣ аст. Намоз барои зикр аст, барои ёд аст, намозро барои зикри Худо маҳфуз бидоред. Имрӯз мо агар чунончи инро дар мавриди худамон амал кунем, ки инро ҳамаи мо метавонем амал кунем, намозро бо таваҷҷӯҳ бихонем ва дар намоз диламонро ба ҷойи дигаре наспорем ва намозро барои зикри Худои Мутаол бихонем, ин яқинан таъсироти фаровоне дар эътилои руҳии мо хоҳад дошт, ҳамчунин

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا تُوبُوا إِلَى اللَّهِ تَوْبَةً نَصُوحًا

(“Эй касоне, ки имон овардаед! Тавба кунед тавбаи холисе…” (Сураи Таҳрим, ояти 8)), ки ин рӯзҳо рӯзҳои тавба аст, рӯзҳои истиғфор аст, рӯзҳои руҷӯъ ба Парвардигор аст. Умедворем иншоаллоҳ Худои Мутаол ба ҳамаи оҳоди миллати мо ва ба ҳамаи оҳоди мусалмонон тавфиқ диҳад, ки битавонанд вазоифи моҳи Рамазонро, вазоифи исломиро анҷом диҳанд.”

 

Тавба аз гуноҳ дар моҳи Рамазон яъне чӣ?

“Яке аз баракоти ин дидори рамазонӣ, баҳрамандӣ аз фазои маънавии моҳи Рамазон аст. Дар фақароти дуои воридшуда барои рӯзҳои моҳи Рамазон мехонем:

وَهذا شَهرُ الصّیام، وَهذا شَهرُ القیام، وَهذا شَهرُ الاِنابَة

وَأَنیبوا اِلی‌ ربِّکُم

وهذا شَهرُ التَّوبَة، وَهذا شَهرُ المَغفِرَةِ وَالرَّحمَة

Ин моҳ ва ин фазо, ин хусусиётро дорад.

Тавбаи мо аз кадом гуноҳ аст? Хуб, сар то пои инсон ва амсоли банда, гуноҳ ҳастем, лекин гуноҳон ду ҷуранд: як гуноҳе аст, ки фақат ба худи инсон зарба ворид мекунад, як гуноҳе аст, ки судури он аз инсон ба дигарон зарба мезанад. Чизеро, ки ин дандон инсон мазқ мекунад ва меҷавад, гоҳе як чизи сахте аст, худи дандон мешиканд, ба ҷойи дигаре зарар намерасад, аммо гоҳе инсон бо ин дандон ғизоеро мехӯрад, ки кабиди (ҷигари) инсонро аз кор меандозад, кабид тақсире надошт, тақсири ин дандон буд, тақсири ин даҳон буд.

Гуноҳони мо гоҳе ин ҷурӣ аст. Мо як ҳаракатеро анҷом медиҳем, як суханеро мегӯем, як роҳеро меравем, ки ҷомеа зарар мекунад, кишвар зарар мекунад, ин ҷур гуноҳон, гуноҳони бузурге аст. Фармуд:

وَاتَّقُوا فِتْنَةً لَا تُصِيبَنَّ الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْكُمْ خَاصَّةً

(“Ва битарсед аз балое, ки чун ояд, танҳо махсуси ситамкорони шумо набошад (балки ҳамаро фаро гирад)…” (Сураи Анфол, ояти 25)) Гоҳе касе зулме мекунад, ҷазое, ки Худои Мутаол барои он зулм қарор медиҳад, фарогир аст ва ҷомеаро фаро мегирад. Аз чунин зулме, аз чунин фитнае бояд парҳез кард. Ин хитоб ба мо масъулин аст, оҳоди мардум мухотаб ба ин хитоб нестанд, мо масъулин ҳастем, ки ҳам метавонем коре кунем, ки зиёни он ба ҷомеа бирасад, ҳам метавонем аксаш амал кунем, коре кунем, ки нафъи он ба ҷомеа бирасад.”

 

Нигоҳе ба “Алмизон”-и Аллома Таботабоӣ

Марҳуми Аллома Таботабоӣ (р) дар тафсири ин ояти шарифаи сураи Нисо, ки:

مَا أَصَابَكَ مِنْ حَسَنَةٍ فَمِنَ اللَّهِ وَمَا أَصَابَكَ مِنْ سَيِّئَةٍ فَمِنْ نَفْسِكَ

(“Ҳар чи аз анвоъи некӯӣ ба ту расад, аз ҷониби Худост ва ҳар бадӣ расад, аз худи туст…”  (Сураи Нисо, ояти 79)) — як баёне доранд. Мефармоянд, ки ҷомеаҳои башарӣ, ҷомеаи кишвар, як ҷомеаи хосси як маҳдуда як ҳувияти мустақилле дорад, як ҳувияти ваҳдонӣ дорад ғайр аз ҳувияти афрод, яъне ҷомеаи як кишвар бо як нигоҳ мисли як инсони воҳид аст. Ҳамчуноне ки дар инсон воҳиди як узв мумкин аст амале анҷом бидиҳад, ки бақияи аъзоро даргир кунад, дар ҷомеа ҳам ҳамин ҷур аст, як узв мумкин аст коре кунад, ки ҳамаро даргир кунад.

Ҳаводисе барои ҷомеа пеш меояд, иддае бегуноҳанд дар он ҳодиса, пас чӣ тавр мешавад гуфт, ки

وَمَا أَصَابَكَ مِنْ سَيِّئَةٍ فَمِنْ نَفْسِكَ

Эшон мефармоянд, на, ҳамин дуруст аст, ҳамин ҷо ҳам

فَمِنْ نَفْسِكَ

аст, мунтаҳо нафси як мавҷуди васеъе ба номи ҷомеа аст, ки як ҷузъе аз ӯ гуноҳе карда. Хуб, агар бино бошад, ки аз чунин гуноҳе мо парҳез кунем, хеле бояд муроқиб бошем, эҳтиёҷ дорад ба муроқибат, ба диққат. Ин фазои моҳи Рамазон инро боисте ба мо таълим бидиҳад, инро боисте ба худамон талқин кунем, воқеан эҳсоси масъулият кунем, ҳар ҷо ҳастем.”

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Моҳи рамазон – моҳи тавба
Via: Моҳи рамазон – моҳи тавба
Tags: Моҳи рамазон – моҳи тавба
Previous Post

Шоистасолорӣ дар ҳукумат ва сиёсат

Next Post

Оғоз кардани корҳо ба номи Худо

Related Posts

Хегсет: Эрон барои расидан ба тавофуқ фурсат дорад
Мавзӯоти доғ

Хегсет: Эрон барои расидан ба тавофуқ фурсат дорад

February 24, 2026
Гумшудаи инсон
Мавзӯоти доғ

Newsweek: Тромп заифтарин раиси ҷумҳури Омрико

February 24, 2026
Оғоз кардани корҳо ба номи Худо
Мавзӯоти доғ

Оғоз кардани корҳо ба номи Худо

February 24, 2026
Шоистасолорӣ дар ҳукумат ва сиёсат
Мавзӯоти доғ

Шоистасолорӣ дар ҳукумат ва сиёсат

February 24, 2026
Тромп: Музокирот бо Эрон сирфан ҳастаӣ аст
Мавзӯоти доғ

Тромп: Ҷулониро худам сари кор овардам

February 23, 2026
Майк Хакаби
Мавзӯоти доғ

Сафири Омрико дар Исроил: Исроил ҳаққи тасарруфи кулли Ховари Миёнаро дорад

February 23, 2026
Next Post
Оғоз кардани корҳо ба номи Худо

Оғоз кардани корҳо ба номи Худо

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Хегсет: Эрон барои расидан ба тавофуқ фурсат дорад

Хегсет: Эрон барои расидан ба тавофуқ фурсат дорад

February 24, 2026
Гумшудаи инсон

Newsweek: Тромп заифтарин раиси ҷумҳури Омрико

February 24, 2026
Сарлашкари хушахлоқ

Сарлашкари хушахлоқ

February 24, 2026
Фарҳанги фарзонагӣ

Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 

February 24, 2026

Recent News

Хегсет: Эрон барои расидан ба тавофуқ фурсат дорад

Хегсет: Эрон барои расидан ба тавофуқ фурсат дорад

February 24, 2026
Гумшудаи инсон

Newsweek: Тромп заифтарин раиси ҷумҳури Омрико

February 24, 2026
Сарлашкари хушахлоқ

Сарлашкари хушахлоқ

February 24, 2026
Фарҳанги фарзонагӣ

Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 

February 24, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Хегсет: Эрон барои расидан ба тавофуқ фурсат дорад

Хегсет: Эрон барои расидан ба тавофуқ фурсат дорад

February 24, 2026
Гумшудаи инсон

Newsweek: Тромп заифтарин раиси ҷумҳури Омрико

February 24, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved