Хегсет: Эрон барои расидан ба тавофуқ фурсат дорад
Ахбори байналмилал
Вазири ҷанги Омрико: “Эрон фурсате барои расидан ба тавофуқ дорад”
Ба гузориши Тобнок, Пит Хегсет, вазири ҷанги Омрико, ки аз ҷабҳаи ҳомиёни ҳамла ба Эрон дар Кохи Сафед аст, дар тозатарин суханонаш гуфт:
“Эрон бояд ба тавофуқ бирасад. Эрон фурсате барои расидан ба тавофуқ дорад. Ин натиҷае аст, ки Тромп тарҷеҳ медиҳад. Агар Эрон тасмим ба адами тавофуқ бигирад, мо гузинаҳое барои Тромп хоҳем дошт.”
Хегсет дар айни ҳол фош кард, ҳадаф аз ин лашкаркашӣ на ҷанг балки фишори ҳадди аксарӣ барои тавофуқ аст: “Мо ин ҷо ҳастем, то кӯмак кунем, итминон ҳосил шавад, ки тавофуқе ҳосил мешавад. Ва фикр мекунам, Эрон оқилона амал хоҳад кард агар як тавофуқи хуб анҷом диҳад.”
tajnek.com
Тоҷнек



















