Дамованд
Азиз САНГИН
Қаҳрамонҳо пушти дарҳои замон истодаанд!
Синаҳо омоҷи қаҳри беамон, истодаанд!
Рустаму Исфандиёру Орашу Сӯҳроби ял,
Дижи маҳкам, муштҳо гурзи гарон, истодаанд!
Аз Халиҷи Форс то Шерозу Язду Ардабил,
Машҳаду Теҳрону Тӯсу Исфаҳон, истодаанд!
Чун Дамованди замоне саркашу оташфишон,
Худ дамону саркашу оташфишон, истодаанд!
Душмани Эрону эронӣ ҳамон Аҳриман аст!
Рӯбарӯ бо лашкари деву дадон истодаанд!
Ҳарфи Қуръон бар лабу ройи аҳуроӣ ба дил,
Қалъаи номуси Эрону ҷаҳон истодаанд!
Азиз САНГИН
tajnek.com
Тоҷнек
Source:
Дамованд
Via:
Дамованд



















