Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад
Ахбори байналмилал
Раҳбари ақаллияти демократҳо дар Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо зери суол бурдани иддаоҳои Доналд Тромп дар бораи нобуд шудани барномаи ҳастаии Эрон пас аз ҷанги 12-рӯза, ҳушдор дод, ки сиёсатҳои кунунии ӯ метавонад Амрикоро ба сӯи як ҷанги ноком бикашонад.
Ин мақоми демократ таъкид кард, ки арзёбиҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Кохи Сафед бо воқеиятҳои мавҷуда мутобиқат надоранд ва идомаи чунин равиш метавонад паёмадҳои ҷиддӣ барои амният ва манофеи миллии Амрико дар пай дошта бошад.
Ба гуфтаи ӯ, тасмимҳои шитобзада ва мавзеъгириҳои тунди сиёсӣ, бидуни баррасии дақиқи паёмадҳо, хатари даргирии густурдаро афзоиш медиҳад. Вай аз зарурати бознигарӣ дар сиёсатҳои хориҷӣ ва авлавият додан ба роҳи ҳалҳои дипломатӣ сухан гуфт.
tajnek.com
Тоҷнек




















