Дунё – василаи озмоиши инсонҳо
Маориф ва андешаи исломӣ
Амиралмӯъминин Алӣ(а) фармуд:
“Инсонҳо ба василаи дунё озмоиш мешаванд…”
Чаро ки дунё пур аз неъматҳову мушкилоту масоиб аст; неъматҳо ба як гуна василаи озмоиш аст, ва мусибатҳо ба гунаи дигар: ин ки оё инсонҳо ба ҳангоми шумули неъмат туғён мекунанд ё ба ёди Худо ҳастанд ва шукри неъматро бо забону амал анҷом медиҳанд? Оё дар ҳангоми мусибатҳо маъюсу ноумед мешаванд ва ё сабру шикебоӣ пеша мекунанд? Муҳим ин ҷост, ки инсон дар тамоми умри худ, ҳар шабу рӯз бо навъе аз ин озмунҳо рӯ ба рӯст ва ин як қонуни ҷовидон аз оғози хилқати Одам то поёни ҷаҳон хоҳад буд. Қуръони Карим мефармояд:
أَحَسِبَ النَّاسُ أَنْ یُتْرَکُوا أَنْ یَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لاَیُفْتَنُونَ * وَلَقَدْ فَتَنَّا الَّذِینَ مِنْ قَبْلِهِمْ فَلَیَعْلَمَنَّ اللّهُ الَّذِینَ صَدَقُوا وَلَیَعْلَمَنَّ الْکَاذِبِینَ
“Оё мардум гумон карданд, ки ҳамин ки бигӯянд имон овардем, ба ҳоли худ раҳо мешаванд ва озмоиш нахоҳанд шуд?! Мо касонеро, ки пеш аз онон буданд озмудем. Худованд ононро, ки рост мегӯянд медонад ва ҳам ононро, ки дурӯғ мегӯянд медонад.” (Сураи Анкабут, ояти 2-3)
tajnek.com
Тоҷнек




















