Нашрияи амрикоӣ: дасти Эрон дар ҷанг бо Амрико холӣ нест
Ахбори байналмилал
Нашрияи амрикоии Foreign Policy дар мақолае таъкид кардааст, ки бо вуҷуди суханони мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи бартарии низомӣ, воқеияти саҳна нишон медиҳад, ки дар сурати даргирии мустақим, дасти Эрон низ холӣ нахоҳад буд.
Ба навиштаи ин расона, Эрон дорои абзорҳо ва имкониятҳои гуногуни низомӣ ва ғайринизомӣ аст, ки метавонад дар шароити ҷанг ба кор гирифта шаванд. Мақола бар он аст, ки ҳар гуна бароварде аз натиҷаи як даргирии эҳтимолӣ бояд бо дарназардошти печидагии вазъияти минтақа ва тавони ҳар ду тараф анҷом шавад.
Ин таҳлил дар шароите мунташир шудааст, ки баҳсҳо перомуни эҳтимоли ташдиди таниш миёни Теҳрон ва Вашингтон ҳамчунон дар сатҳи сиёсӣ ва расонаӣ идома дорад.
tajnek.com
Тоҷнек




















